Рашт. Таваҷҷуҳи хос ба картошкапарварӣ

№58 (4164) 14.05.2020

Картофель-в-поле-Семейкин-Тэрра-03- Дар ноҳияи Рашт ба рушди соҳаи картошкапарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад, — гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи кишоварзии ноҳия Абдураззоқ Саломов.

- Соли равон ба нақша гирифтем, ки кишти картошкаро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида нисбат ба соли гузашта 500 гектар зиёд намоем. Бо мақсади таъмини картошкапарварон бо тухмии хушсифат мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз вилояти Суғд ба ноҳия тухмӣ ворид намуд. Захираи тухмии хоҷагиҳо барои кишт басанда аст, вале барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ овардани тухмии картошка аз вилояти Суғд манфиатовар арзёбӣ гардид.

Дар ноҳия 2935 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамоянд. Соли 2020 бунёди 69 га боғҳои нав ва барқарорсозии 74 га боғҳои куҳна ба нақша гирифта шуда, дар семоҳаи якуми соли равон 46 га боғи нав бунёд ва 24 га боғи куҳна барқарор шуд. Дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар 353 га кишти зироат гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 353 гектар зиёд мебошад.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 18 миллиону 346,7 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 584,6 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 103,3 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии замин ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда як қатор корҳо ба анҷом расид. Аз ҷумла, дар мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти «Ҳоит» дар масофаи 1,2 км қубур хобонда шуд, ки маблағи корҳои баанҷомрасонидашуда 1 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо дастгирии обистифодабарандагон таъмиру барқарорсозӣ дар 8 километри канали «Намуна»-и деҳоти «Ҳоит» оғоз гардид.

Бо ҷалби маблағи соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали «Мардумӣ» дар деҳоти «Қалъаи сурх» идома дошта, бо анҷоми он зиёда аз 100 га замин обёрӣ мешавад.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 77706 сар, моли майда — 172429, асп — 1498, мурғ 117967 сар ва занбӯри асал 21762 оиларо ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 3448 сар, моли майда — 9223, асп — 28, мурғ 2957 сар ва занбӯри асал 191 оила зиёд шудааст.

Кишоварзони ноҳияи Рашт ният доранд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятро барои гирифтани ҳосили зиёд ва маҳсулоти босифат беш аз пеш тавсеа бахшанд, — гуфт дар хатми суҳбат Абдураззоқ Саломов.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»