Рушди Бадахшон яке аз ҳадафҳои Давлат ва Ҳукумат аст

№24 (3974) 02.03.2019

DSC_0055Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамеша боиси созандагиву ободкорӣ мегарданд. Чунончӣ, зимни сафари кории Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (11- 15 сентябри соли 2018) иншооту корхона ва бинои зиёд ба истифода дода шуданд, ки Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷумлаи онҳост.

Дар мулоқоти ҷамъбастӣ, ки 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид, Пешвои миллат дар баробари зикри даст­овардҳо дар вилоят, барои дар сатҳи зарурӣ риоя нагардидани волоияти қонун дар шаҳри Хоруғ эродҳои ҷиддӣ гирифтанд. Аз ин хотир, таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант Абдураҳмон Аламшозода Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд, ки алҳол фаъолияти босамар дорад.

Мақсад аз таъсиси он амалӣ намудани чораҳои зарурӣ дар самти риояи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мусодира ва халъи силоҳ аз дасти гурӯҳҳои ҷиноятӣ мебошад. То кунун дар шаҳри Хоруғ ва минтақаҳои дигари вилоят дар ин самт кори зиёд амалӣ гардид, ки шоистаи таҳсинанд. Хусусан, дар самти ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки аз мушкилоти асосӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бахусус, шаҳри Хоруғ, маҳсуб меёфт, ситод ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша ҷонибдори сиёсати оқилона, дурбинона ва ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон буданд ва ҳастанд, зеро созандагиҳое, ки бо ҳидояти Президенти мамлакат сурат гирифтанд, мардуми Бадахшон амсолашро ёд надорад.

Магар давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ наметавонист минтақаҳои Тоҷикистонро ба воситаи роҳҳои нақлиётӣ дар ҳама фасли сол бо ҳам пайвандад? Метавонист, лекин дилсӯзӣ набуд. Саъю кӯшиш ва ғамхориҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ аз минтақаҳои ҷудогона ба як кишвари воҳид табдил ёфта, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. Аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, ки қисми ҷудонашаванда аст, аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ ёфт. Ҳамчунин, сокинони вилоят бо барқи истеъмолӣ пурра таъмин гардиданд. Ҷаноби Олӣ дар ноҳияи дурдасттарини Бадахшон — Мурғоб НБО «Тоҷикис­тон»-ро бо иқтидори 1500 кв/соат мавриди истифода қарор доданд, ки ба рушди истеҳсолот мусоидат менамояд. Бар илова, дар деҳаҳои Булункӯл 46 хоҷагӣ ва Чечекдеҳ 31 хоҷагӣ бо панели офтобӣ таъмин гардиданд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб ба сохтмони корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа — Чулбон, Кончоч ва Шахкон мебошад, оғоз бахшиданд. Дар он захираи панҷ унсури кимиёвӣ, аз ҷумла тилло, сурма (асосӣ), нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб карда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шуд. Онҳо дар кишвар истихроҷ, коркард ва тилло, нуқра, сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл, истеҳсол карда мешаванд. Дар натиҷа, барои зиёда аз 200 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кор муҳайё мегардад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2018 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 380 ҷои корӣ ба истифода дода шудааст. Вале, аз 43 корхонаи бақайдгирифта, бо сабабҳои объективӣ 7 корхона ва коргоҳи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Фабрикаи «Ҳаёти нав» ва корхонаи коркарди санг­ҳои ороишии «Фароғат» дар шаҳри Хоруғ, корхонаи коркарди ангишти «ВТИ-Помир» дар ноҳияи Дарвоз, ҶДММ «Мрамор Стоун» (сехи коркарди санги мармар) дар ноҳияи Ванҷ, коргоҳи истеҳсоли обҳои минералии ҶДММ «Помир асри 21» дар ноҳияи Рӯшон, ҶДММ «Мирзо» (сехи дуредгарӣ) дар ноҳияи Ишкошим ва коргоҳи бофандагии ҶДММ «Мунира» дар ноҳияи Мурғоб аз ҳамон ҷумла мебошанд.

Ба кор даромадани НБО-ҳои «Себзор» ва «Санобод» Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бо неруи барқи истеҳсолӣ низ пурра таъмин менамояд. Истифодаи захираҳои бойи табиӣ ва бунёди иншооти гуногуни саноатӣ ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии давлат — саноатикунонии бо­суръати мамлакат мусоидат хоҳанд намуд.

Мардуми Бадахшон боз шукргузор аз он ҳастанд, ки Пешвои миллат орзуи чандинасраи онҳоро амалӣ намуданд. Бори аввал дар таърих (соли 1995) ба дидори мубораки пешвои мазҳабӣ — волоҳазрат Шоҳзода Шоҳкарим ал-Ҳусайнӣ мушарраф гардиданд. Чунин хизматҳои беназири Пешвои миллатро мардум баъди садсолаҳо ҳам фаромӯш нахоҳанд кард.

Ҳарчанд пайравони Оғохони IV дар мамлакат зиёд набошанд ҳам, фаъолият намудани марказҳои Исмоилия дар шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ, чандин созмони Оғохон, беморхонаҳо, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва литсейҳо гувоҳи он ҳастанд, ки барои фаъолияти озодонаи ҳама дину мазҳаб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ин арҷгузории Пешвои миллат ­Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба дини мубини ислом ҷаҳониён ­эътироф мекунанд. Масалан, моҳи феврали соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат», ки дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк оид ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти дини мубини ислом изҳори назар карда, таъкид намуд, ки «Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар дини мубини ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмони бонуфузтарини ҷаҳон шомил шудаанд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафия — Имоми Аъзам баргузор гардид, ки Сарвари давлат дар он ширкат ва суханронӣ карданд. Нашри китоби муқаддаси мусулмонон «Қуръон» бо хатти кириллӣ, бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳама мусулмонони Тоҷикис­тон аз донишмандӣ ва хоксории Президенти мамлакат шаҳодат медиҳанд».

Оид ба таъмини волоияти қонун дар ВМКБ таъкид кардан мехоҳам, ки сокинони шаҳри Хоруғ, дар маҷмӯъ, мардуми Бадахшон, ҳеҷ гоҳ дар пушти ҷинояткорон паноҳ набурдаанд. Баръакс, дастаҳои ҷинояткорон дар пушти мардум камин гирифта, ба ин васила мехоҳанд ҷурму гуноҳи худро пинҳон кунанд. Сокинони шаҳри Хоруғ ва мардуми дигар минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша таҳаммулпазир ва ҳақпараст буданд ва дар мушкилоти рӯзгор, зуҳури даргириҳои бемаънӣ аз ақлу идрок кор гирифтаанд, на аз эҳсосу ҳаяҷон. Бо эҳсосу ҳаяҷони мардум бозӣ кардан ва дар ҳолатҳои муносиб аз он кор гирифтан стратегия ва тактикаи созмонҳои фурсатталаб ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноист. Бо ин роҳ онҳо мардуми сода ва гумроҳро ба бозӣ кашиданӣ мешаванд, вале мардум зирактар ва фаъолтар аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаанд.

Тавре аз таҳлили ҳаводиси Хоруғ бармеояд, гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки дар тӯли 27 сол дар минтақа бедодгарӣ кардаанд, намехоҳанд ба осонӣ таслим шаванд. Ин аст, ки бо роҳҳои гуногун мехоҳанд минтақаро ноором созанд ва аз ин ҳисоб бесуботию ноҷӯрии сунъиро дар кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва интизомии минтақа ба вуҷуд оваранд. Бояд дар назар дошт, ки оромиш ва рушди Бадахшон ҳадафи Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буду ҳаст ва он чӣ дар робита ба боздошти ҷинояткорон дар минтақа сурат мегирад, аслан ба халқ ва мардуми Бадахшон иртибот надорад. Аз ин ҷост, ки сокинони шаҳри Хоруғ ва мардуми сарбаланди Бадахшон масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар поксозии ҷомеа аз ҷинояткорӣ ва гирудорҳои сунъию сохта дар минтақа бо мақомоти марбутаи давлатӣ, бо Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша ҳамкорӣ намуда, дар ободии диёр саҳм мегузоранд. Бесабаб нест, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов соли 2018-ро соли таҳкими волоияти қонун дар вилоят унвон намуда, таъкид дошт, ки мардум зиракии сиёсиро аз даст надода, соли 2019 муборизаро бо ҷинояткорӣ боз ҳам пурзӯр намоянд, зеро таъмини волоияти қонун танҳо вазифаи сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Ба хотири ба ояндагон мерос гузоштани як минтақаи ободу орӣ аз ҳар гуна ҷинояткорӣ ҳар як шаҳрванди солимфикр бояд масъулияти баланд эҳсос намояд. Ва сокинони вилоятро даъват намуд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ободкориву созандагиро ­вусъат бахшида, ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гиранд.

Ба фарҳанги воло, дурандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва хиради мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон такя намуда, умед дорем, ки ҳадафҳои Давлат ва Ҳукумат бо дастурҳои Пешвои миллат дар ин минтақаи дурдасти кишвар амалӣ хоҳанд шуд.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ,

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №41