Сафар ба диёри сарсабз ва биҳиштосо

№110 (3590) 23.08.2016

DSC_6994Тавре иттилоъ дода будем, аз 16 то 20 августи соли равон дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурўҳ журналистон аз шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар манотиқи кишвар ба шаҳри Роғун ва минтақаи Рашт сафар карданд. Онҳо ба чанд зергурўҳ тақсим шуда, бо сокинони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш суҳбат доир намуда, бо дастоварду ком­ёбӣ ва мушкилоти онҳо ошноӣ пайдо намуданд.

19 августи соли равон кормандони воситаҳои ахбори омма баъди пазироии кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатию зиёиёну фаъолони ноҳияи Рашт дар маркази шаҳраки Ғарм ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд. Аз шаҳри Роғун ва панҷ ноҳияи водии Рашт низ намояндагон ба маркази водӣ омаданд, ки дар қисмати ҷамъбастӣ ширкат варзанд.

Қаблан, намоишгоҳе, ки аз ҷониби кормандони воситаҳои ахбори омма ташкил гардид, хеле диданӣ сурат гирифт. Дар он намунаи рўзномаю маҷалла, китобҳои ба табъ расонидаи рўзноманигорон, расми манзараҳои дилфиреби кишвар ва ғайра ба маъраз гузошта шуданд. Мардуми зиёд ҳангоми ворид шудан бо дастовард ва заҳмату хизмати содиқонаи рўзноманигорон шинос шуданд.

Баъдан, дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт суҳбати хотирмон дар гирди мизи мудаввар доир гашт. Онро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ва муовини раиси ноҳияи Рашт Зумрат Лоиқова ифтитоҳ намуданд.

Яке аз мавзўъҳои асосии нишаст «Рушди матбуоти маҳаллӣ ва нақши он дар фазои иттилоотӣ» ба ҳисоб мерафт. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода оид ба ин масъала андешаҳояшро ба таври зайл баён намуд:

- Амнияти иттилоотӣ мавзўест, ки вақтҳои охир дар атрофи он суҳбати зиёд доир мешаванд. Воситаҳои ахбори омма барои таъмини амнияти иттилоотӣ нақши муассир доранд. Ин нақш бо роҳи саҳмгирӣ бобати бо иттилоъ таъмин намудани мухотабон (хонанда, шунаванда ва бинанда) амалӣ мешавад.

_DSC0360Беҳбудӣ бахшидан ба вазъи воситаҳои ахбори омма дар музофот яке аз масъалаҳои муҳими рўз аст. Табиист, ки айни ҳол вазъи воситаҳои ахбори омма дар минтақаҳо касеро қонеъ карда наметавонад. Имрўз дар манотиқи дурдасти ҷумҳурӣ нашрияҳо мураттаб фаъо­лият надоранд. Дар ин замина ҳамкории зичи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бо нашрияҳои музофотӣ ногузир аст, зеро воситаҳои ахбори омма бояд фақат дар зоҳир минбари ҳокимияти маҳаллӣ набошанд, балки дар амал ҳамчун минбари таҳлилу баррасии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии музофоти кишвар фаъо­лият намоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мардум бештар ба манбаи маҳаллии ахбор бовар мекунанд ва авлавиятро ба хабарҳои маҳалливу минтақавӣ медиҳанд.

Бахтиёри Қутбиддин, мудири кафедраи жур-налистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, оид ба бурду бохти нашрияҳои маҳаллӣ дар мисоли рўзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» маърўза кард. Ў, аз ҷумла иброз дошт, ки нашрияи ноҳиявӣ имконияти бузурги таблиғиест, ки барои пешрафти давлату кишварҳо истифода мегардад. Имкони таблиғу ташвиқ дар ин нашрияҳо зиёд аст. Ин фаҳмиш аз замони Иттиҳоди Шўравӣ боқӣ монда бошад ҳам, вале ин рисолат то ҳанўз боқист, зеро нашрияи ноҳиявӣ ба забону анъанаҳои минтақа ошност ва ҳар як мавзўъ вобаста ба табъу завқи хонанда ба табъ мерасанд.

Сармуҳаррирони рўзномаҳои ноҳиявии «Оинаи Рашт» Камол Бекзода, «Ҳақиқати Ховалинг» Мавлуда Назарова, «Нури Нуробод» Мавҷуд Саттор,   «Мавҷи Хингоб» Наҳтутӣ Алиева, «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ Маҳадносир Насруллоев ва раиси бахши вилоятии ИЖТ дар ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар бораи саҳми рўзномаҳои ноҳиявӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдат, худшиносиву ҳушёрии сиёсии мардуми маҳал сухан карда, оид ба мушкилоти ҷойдошта ва нарасидани рўзноманигорони касбӣ дар минтақа ибрози назар намуданд.

- Сафари мо омўзанда буд,-гуфт муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Абдумудасир Аҳмадзода. — Кори зиёди идора аксарияти моро ба рўзноманигори кабинетӣ табдил додааст. Ташаккур ба онҳое, ки ин сафари бороварро ташкил карданд. Ба водии Рашт омада, аз ҳаёти мардум бисёр чизҳоро омўхтем. Ёдовар мешавам, ки падари камина 70 сол пеш дар ин минтақа ба омўзгорӣ машғул буд. Панҷ сол дар ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияи Сангвор ба насли наврас сабақ гуфтанд ва ҳамеша аз ин диёр ва мардуми меҳрубону меҳмоннавоз боэҳтиром ёд мекарданд. Аз рўзгорашон қиссаҳои аҷиб мегуфтанд. Шукр, ки туфайли сафари корӣ ба ин ҷо омадам ва бо чашми хеш дидам.

DSC_7083- Ман бори аввал ба минтақаи Рашт омадам, — гуфт хабарнигори телевизиони «Сафина» дар ВМКБ Хосиятбону Худоёрбекова. — Ҳеҷ бовар надоштам, ки дар ин водӣ ин қадар ободист. Мардум меҳрубону самимӣ ҳастанд. Зимнан дар деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт бо фаъолияти як марди фарҳехта, ки шуғли асосиаш кишоварзист, ошно шудем. Ман Мирзошоҳи Акобирро дар назар дорам. Боғи бунёднамудаи ў хеле ҷолиб аст. Дар он дарахтҳои қадимаи себу мурутро дидан мумкин аст, ки дар дигар манотиқи кишвар кайҳо нест шудаанд. Осорхонаи Мирзошоҳ бою рангин аст. Он ҷо нигораҳоеро дидан мумкин аст, ки намунаашро дар дигар ҷой пайдо карда наметавонед. Мирзошоҳи Акобир чанд сол аст, ки ба бунёди як осорхонаи ҷавобгў ба талаботи замон машғул аст. Сохтмони он дар арафаи анҷомёбист. Бинои осорхона аз лиҳози меъморӣ дилкашу зебост. Ин осорхонаи сеошёнаро Мирзошоҳ бо пасандози шахсии худ сохта истодааст. Рашт дар хотираи мо бо ҷилои зебо, бо мардуми меҳрубон ва бо ободиҳо якумр нақш мебандад ва бовар дорам, ки аз ин баъд мо зуд-зуд меҳмони раштиён мешавем.

- Ман дар ин водӣ кор кардаам, — гуфт корманди АМИТ «Ховар» Акрами Санг. — Дўстони зиёд дорам. Маҳз ҳамин сафар бароям имконият дод, ки бо онҳо дидорбинӣ кунам. Ободии водии Раштро дида хурсанд шудам. Тайи солҳои охир дигаргуниҳои зиёд ба амал омадаанд. Шаҳраки Ғарм ба макони замонавӣ табдил ёфтааст.

Аммо маро як чиз бештар ба ҳайрат овард: дар панҷ ноҳия ягон дўкони маҷаллаву рўзномафурўшӣ ба чашм нахўрд. Хуб мебуд, ки масъулини соҳа ин масъаларо ба инобат гиранд. Барои мардум имконияти дарёфти рўзномаву маҷаллаҳои писандидаашонро фароҳам оранд.

- То омадан намедонистам, ки Рашт ин қадар обод аст,  — гуфт муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Умаралии Сафаралӣ. — Бо ҷавонони ноҳия суҳбат доштам. Онҳо кишвари худро дўст медоранд ва барои ободии он саҳм мегузоранд. Осорхонаи Мирзошоҳи Акобир ба ман низ писанд омад. Он ҷо тангаҳои замони Куруши Кабирро дидам.

- Ман дар ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Рашт будам, — гуфт хабарнигори рўзномаи «Ҷумҳурият» Лашкар Шарифов. — Чашми рўз накафида, мардум ба сари замин баромада, ба ҷамъоварии ҳосили заҳмати хеш машғул мешуданд. Дар ин ҷо мардуми маърифатпарвар низ хеле зиёданд.

_DSC03631Муовини раиси ноҳияи Рашт Зумрат Лоиқова доир ба дигаргуниҳои чашмгир, ки дар минтақаи Рашт дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба амал омаданд, ибрози назар намуд. Ў, аз ҷумла, изҳори миннатдорӣ кард, ки кормандони воситаҳои ахбори омма солҳои охир барои инъикос намудани дастовардҳои сокинони навоҳии дурдаст заҳмат мекашанд ва аз ҳаёти мардуми Рашт низ барномаю нигоштаҳои воқеиро барои сокинони кишвар пешкаш мекунанд. Имрўз маҳз бо талошу заҳмати журналистон сокинони ҷумҳурӣ дар бораи дастовард, вазъи зиндагӣ, саҳми мардуми заҳматкаши Раштонзамин дар рушду нумуи кишвари соҳибистиқлоламон ва ваҳдату оромӣ огоҳӣ доранд.

Зинатулло Исмоилзода дар анҷом оид ба андешаҳои иштирокчиён хулосаҳои худро баён намуд ва бори дигар саҳми кормандони воситаҳои ахбори оммаро дар таъмину таҳкими ваҳдати миллӣ, оромии кишвар ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ ёдрас шуд.

 Самариддин АСОЕВ, Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. РИЗВОНОВ