Иҷрои қонун

Саховатпеша доим арҷманд аст

№89 (3883) 16.07.2018

Бо мақсади омӯзиши вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадтоир Назризода дар якчанд маъракаву чорабинӣ ширкат варзидем.

Аз суҳбат бо сокинон маълум шуд, ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии ноҳия барои пурра иҷро шудани талаботи қонун чора ва тадбирҳои зиёд андешидаанд.

Омӯзиши ҳуҷҷатҳо нишон медиҳад, ки вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ ташкил намуда, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро зери назорати доимӣ қарор додааст.

Маҳмадтоир Назризода гуфт, ки дар асоси муқаррароти низомнома комиссияи доимӣ вазифадор аст, ки иҷрои талаботи қонунро зери назорат гирифта, таҳияи тавсия ва дастурҳоро барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим ва фаҳмонидани талаботи қонунгузориро ба шахсони ҷашну маросимдошта хуб ба роҳ монанд. Дар ноҳия баробари фаъолияти бахш, инчунин комиссияи доимии мақомоти иҷроия оид ба танзим амал менамояд, ки сарварии онро раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо ба уҳда дорад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия ду ҳолати қонуншиканӣ оид ба риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст. Аз тарафи бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии ноҳия ҷиҳати назорати иҷрои муқаррароти қонун гурӯҳҳои корӣ таъсис шудааст, ки онҳо дар нимсолаи аввал дар панҷ ҷамоат бо аҳолӣ 22 вохӯрӣ ва суҳбат доир намуданд. Гурӯҳҳои корӣ зимни вохӯриҳо асосан атрофи иҷрои қонунҳои соҳавӣ, мавзӯъҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ­масъулияти шаҳрвандӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили суиқасд ба ҷони худ, пайвастан ба ҷараёнҳои террористӣ — экстремистӣ ва ғайра сухан ронданд.

Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи комиссияҳои доимӣ 390 тӯйи домодию арӯсӣ ба қайд гирифта, тӯйи домодию арӯсии хайриявии 15 ҷуфт ва хатнасури 50 нафар кӯдаки ятим аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.

- Баҳри иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷиҳати расонидани кумакҳои хайриявӣ ба шахсони ниёзманд Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод якҷо бо шахсони саховатпеша дар арафаи иди саиди Фитр ба ниёзмандон ба маблағи 166 945 сомонӣ кумаки моддӣ расониданд. Ин раванд сол то сол рӯ ба афзоиш аст, — гуфт Маҳмадтоир Назризода.

Бовар дорем, ки сокинони ноҳия, алалхусус онҳое, ки дасташон мерасад, на танҳо дар арафаи идҳо, балки дар давоми сол ба шахсони ниёзманд пайваста кумак мерасонанд. Мардуми мо аз азал дасткушоду сахопешаанд, зеро дар ҳама давру замон бузургон дар ин боб лаб ба насиҳат кушода, фоидаи эҳсонро таъкид кардаанд. Шоири бузург Бадриддин Ҳилолӣ фармудааст:

 Дирамдоре, ки ӯ соҳибкарам нест,

Агар сад ганҷ дорад, муҳтарам нест.

Саховат муҷиби қадри баланд аст,

Саховатпеша доим арҷманд аст.

Ва гар кофир ба эҳсон даст гирад,

Чу Ҳотам номи ӯ ҳаргиз намирад.

                          Диловари МИРЗО, «Садои мардум»