Сангвор босубот рушд меёбад

№40 (4146) 02.04.2020

Сангвор, ки яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ба шумор меравад, дар партави ғамхориву дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз рушд карда истодааст. Симои шаҳраку деҳоти он сол то сол зебою дилрабо мегардад.

Сокинони ноҳия талош доранд, ки то  ҷашни  сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор  иншооти муҳими хоҷагии халқро ба истифода супоранд.

Аз суҳбат бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Маҳмадшоҳ Давлатзода маълум гардид, ки ба истиқболи ин ҷашн бунёди  77 иншоот ба нақша гирифта шуда, ки соли 2019 сохтмони қисме аз онҳо ба анҷом расидааст.

Ноҳияи Сангвор ҳамсоли Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Агар ба таърих назар афканем, равшан мешавад, ки баъди барқарории ҳукумати ҷавони шӯравӣ дар водии Вахё ду ноҳия — Сангвор ва Тавилдара ташкил гардидааст. Баъдтар, дар доираи барномаҳои давлатӣ, қисме аз сокинони ин навоҳӣ ба ноҳияҳои водии Вахш кӯчонда, қисме бо ҳудуди ҳар ду ноҳия ба ҳайати ноҳияи Комсомолобод (Нурободи имрӯза) ҳамроҳ шудаанд. Маҳз дар замони истиқлолият ноҳияи Сангвор дубора эҳё гардид ва дар муддати кӯтоҳ ба рушди босуботи он шароит фароҳам омад.

Соли гузашта дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор   Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани як қатор иншоот ширкат варзиданд, ки гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдончаи варзишӣ, се маркази савдо ва хизматрасонӣ аз ҷумлаи онҳо буданд.

Ҳамчунин, дар деҳоти «Сангвор» пули пиёдагузар, се синфхонаи иловагӣ  дар назди муассисаи таълимии №16, хобгоҳ барои духтарон, маркази савдо  ва ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №56, ҳаммом, дар муассисаи таълимии №18 синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки то соли 1991 дар ноҳия 14 муассисаи таълимӣ фаъолият дошт. Дар давраи соҳибистиқлолӣ 46 муассисаи таълимӣ сохта,  ба истифода дода шуд ва хонандагон аз хонаҳои шахсиву вагонҳо ба биноҳои хуштарҳу замонавӣ гузаштанд. Айни замон шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 60 адад расидааст.

Агар ба водии Вахё сафар карда бошед, бешубҳа, мафтуни манзараҳои дилфиреби он гардидаед. Бо итминон метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик водии Вахё яке аз мавзеъҳое хоҳад гардид, ки садҳо сайёҳи дохиливу хориҷӣ меҳмон мешаванд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маҳз ба ин хотир ва бо ҳадафи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъмири асосии меҳмонсаройро дар мавзеи Чашмаи Миркалон анҷом дод. Зиёда аз 30 муҷассама, амсила ва пайкараҳои сарироҳии ҳайвонот ва парандаҳои нодир шоҳроҳро ҳусни тоза бахшиданд. Илова бар ин, роҳи маркази ноҳия  таъмири ҷорӣ шуд.

Тибқи нақша, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ боз биноҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, шуъбаи маориф ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12, 13, 14, 16, 18, 20 ва 26, чор майдончаи замонавии варзишӣ дар марказҳои деҳот, пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони болои деҳоти «Сангвор» ва ғайра сохта мешаванд.

Пеш аз замони истиқлолият дар Сангвор як беморхонаи минтақавӣ мавҷуд буд. Ҳоло беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи  минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, чор маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар ноҳия, ки соҳаи асосиаш кишоварзист, боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва занбӯриасалпарварӣ рушд ёфта истодааст. Айни ҳол дар он 600 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст.

Мардуми заҳматдӯсти Сангвор дастуру супориш ва панду андарзҳои падаронаи Пешвои миллат­ро чун чароғи ҳидоят дар кору зиндагии ҳаррӯза истифода мебаранд. Маҳз дар ин роҳ устувор будани сокинони ноҳия боиси ободӣ ва суботу рушди он гардидааст.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»