Сармояи соҳибкорони Фаластиниро ба Тоҷикистон ҷалб мекунем

№102 - 103 (4208 - 4209) 22.08.2020

Суҳбат бо сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо

Луай Исо- То ба Тоҷикистон омадан кишвари моро чӣ гуна тасаввур мекардед ва онро чӣ гуна дарёфтед?

- Аввалан ба аҳли рӯзномаи «Садои мардум» барои ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос мекунам, ки ин нахустин мусоҳибаи ман аст. Ман дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай ба шаҳри Душанбе омадам. Пас аз чанд  вохӯрие, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон доштем, фаъолиятро ҳамчун сафир дар кишвари мардумаш меҳмоннавозу зебоманзара оғоз намудам.

Тоҷикистон замоне яке аз  ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Халқи Фаластин Иттиҳоди Шӯравиро ҳамчун давлати абарқудрат ва ҳимояткунандаи  ҳуқуқи фаластиниён мешинохт. Аз қадим мардуми мо, сарзамини кунунии Осиёи Марказиро ҳамчун Мовароуннаҳр мешинохтанд. Тоҷикон дар ин минтақа бо олимону шахсиятҳои машҳурашон, аз қабили Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ибни Сино, Замахшарӣ, Шайх Абуллайси Самарқандӣ, Баҳоуддин  Нақшбанд ва ғайра машҳуранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 истиқлолият ба даст овард, лекин ҷанги шаҳрвандӣ ба пешрафти он монеаи бузург гардид. Ҳатто хавфи парокандашавии давлат ба миён омад. Мо аз ин  мушкилиҳои мардуми  ҳамдину ҳамзабонамон огоҳ будем. Хушбахтона, бо иқдоми Сарвари давлати Тоҷикистон дар кишвар сулҳу оромӣ пойдор шуд.

Вақте ба Тоҷикистон омадам, аввалин чизе, ки ба назар расид, шабоҳати тоҷикон бо фаластиниён буд. Чеҳра, либоспӯшӣ, расму оин, одоби муоширати ҳар ду халқ ба ҳам монандии зиёд дорад. Эҳсос кардам, ки ман ба мулки худӣ омадам.

Ҳангоми сафир таъин шуданам, Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос ба ман дастур дод, ки зудтар бояд ба Тоҷикис­тон рафта, сафоратро  ифтитоҳ намоям. Ман он вақт сабаби ин таъкидоти Сарвари давлатамонро чандон сарфаҳм нарафтам. Баъди ба Тоҷикистон омадан дарк намудам, ки чаро маро барои зудтар ифтитоҳ намудани сафорат дар ин кишвари зебо ташвиқ кардааст. Фазилатҳое, ки тоҷикон доранд, аз қабили арҷгузорӣ ба неруи ақлонӣ, таҳаммулпазирӣ, боварӣ ба фардои нек, хоҳони сулҳу осоиштагӣ будан барои мо фаластиниён низ азиз аст.

- Алҳол миёни Тоҷикистону Фаластин чанд созишнома ба имзо расидааст?

- Давлати Фаластин 6 марти соли 1992 бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати дипломатиро барқарор намуд. Пеш аз ман сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Таршаҳонӣ бо иқоматгоҳ дар Тошканд фаъолият мекард.

Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаластин 29 марти соли 2017 ва 23 — 24 апрели соли 2018 машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.

Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз ал — Моликӣ ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2018 бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷики­с­­тон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд. Ҳар ду ҷониб вобаста ба муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, фарҳанг, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ибрози ақида карданд. То ҳол 6 созишнома омодаи имзо аст. Инчунин 7 — 8  созишнома  дар сатҳи омӯзиш қарор дошта, лоиҳаи 10 созишномаи дигар таҳия шудааст.

- Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ донишҷӯёни фаластинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Оё дар соҳаи маориф низ ҳамкориҳо пешбинӣ шудаанд?

- Дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, донишҷӯёни фаластинӣ таҳсил мекарданд. То ҳол дар соҳаҳои ҳуқуқ, саноат, дипломатия, тандурустӣ ва ғайра аксариятро  дастпарварони мактабҳои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил медиҳанд.

Яке аз нахустин нақшаҳоям ин аст, ки бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намоям, то ки таҳсили донишҷӯёни фаластиниро дубора дар Тоҷикистон ба роҳ монем. Зеро дар Тоҷикистон соҳаҳое ҳастанд, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа бештар рушд кардаанд. Аз ин рӯ, мақсад дорем, ки дар ин ҷода ба мувофиқа расида, барои таҳсили донишҷӯёни фаластинӣ дар макотиби олии Тоҷикистон шароит фароҳам орем.

- Барои хонандагони рӯзнома ҷолиб аст, ки дар Фаластин чӣ истеҳсол мешавад?

- Мушкилӣ дар он аст, ки инсон ҳангоми дар инҳисор қарор доштан рушд карда наметавонад. Дар ҳолати муҳосираи сиёсию иқтисодӣ кас  наметавонад, ки  маҳсулотеро табъи дил истеҳсол намуда, онро ба майли худ ба  фурӯш барорад.

Собуни мушкине, ки аз равғани зайтун дар шаҳри Наблус истеҳсол мешавад, дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Аврупо машҳур аст. Он дар шакли қадимааш, ки ҳазор сол пеш буд, истеҳсол мешавад.

Зайтун яке аз рамзҳои Фаластин аст. Ғайр аз равғани хушсифату давоӣ аз он собун низ истеҳсол мекунанд. Фаластин ҳам равған ва ҳам собуни хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба хориҷа содирот  менамояд.

Ғайр аз ин, дар Фаластин 10 ширкати маъруфи дорусозӣ мавҷуданд, ки талабот дар бозорӣ ҷаҳонӣ ба доруҳои истеҳсоли онҳо, аз ҷумла, давоҳои зиддисаратонӣ хеле зиёд аст.

- Дар боло оид ба таърихи робитаҳои дипломатӣ ёдовар шудед. Ҳамкориҳои парламентии Тоҷикистону Фаластин дар кадом сатҳ аст?

- Фаъолияти парлумони давлати мо демократӣ ба роҳ монда шудааст. Мақсад дорем, ки сафари гурӯҳи вакилони парлумони Фаластинро ба Тоҷикистон ташкил намоем, то онҳо аз таҷрибаи ҳамтоёни тоҷикашон истифода баранд. Шояд барои вакилони тоҷик низ ҷолиб бошад, ки чӣ тавр фаластиниён бо вуҷуди дар муҳосираи доимӣ будан фаъолияти парлумонро ба таври демократӣ ба роҳ мондаанд. Ташкили чунин сафарҳо низ дар нақша ҳаст.

- Бо мақсади рушди ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Фаластин чӣ тадбирҳоро амалӣ карданиед?

- Яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ соҳаи туризм аст. Фаластин ватани динҳои ҷаҳонӣ ва зодгоҳу қадамҷои паёмбарон буда, мавзеъҳои дидании зебо дорад.  Тоҷикистон низ бо ёдгориҳои таърихӣ ва манзараҳои назаррабояш кишвари барои сайёҳон ҷолиб аст. Аз ин рӯ, метавонем ҳамкориҳо дар соҳаи сайру саёҳатро зич ба роҳ монем.

Мақсад дорам, ки соҳибкорони фаластинии муқими Британияи Кабир, АМА, Арабистони Саудӣ, ИМА ва мамолики Аврупоро барои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ҷалб  намоям.

Ҳанӯз 5000 сол пеш дар замони Канъониён дар Фаластин аз гиёҳҳои шифобахш дору тайёр мекарданд. Аксари гиёҳҳои шифобахше, ки дар Фаластин мерӯянд, дар Тоҷикистон низ мавҷуданд. Аз ин рӯ, имкон ҳаст, ки дар соҳаи дорусозӣ низ ҳамкориҳоро ба роҳ монем.

- Дар хотима мехостем каме дар бораи худ маълумот диҳед.

- Дар пойтахти Сурия шаҳри Димишқ ба дунё омадам.  Мактабро дар ҳамин ҷо хатм намудам. Мо аз ҳукумату мардуми Сурия шукргузорем, ки ҳама он шароитеро, ки худашон доштанд, барои мо ҳам фароҳам оварданд. Баъдан дар шаҳри Қоҳира соҳиби дипломи  бакалавру магистр шудам, докторантураро дар Қазоқистон хатм намудам.

Фаъолиятро дар Маҷлиси миллии Фаластин оғоз намудам. То ҳол узви парлумон ҳастам. Дар Ташкилоти  озодибахши Фаластин (ФАТҲ) низ фаъолият намудам. Сипас ба кори дипломатӣ гузашта, дар Тунис, Мавритания, Салтанати Уммон ва Алҷазоир фаъолият дош­там.

Мусоҳиб С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»