Сатҳи дониши на танҳо хонандагон, балки омӯзгоронро низ назорат бояд кард

№47 (3997) 27.04.2019

Ё чаро сифати таълим дар вилояти калонтарини ҷумҳурӣ ба талабот ҷавобгӯ нест?

ТахсилотТайёр намудани кадрҳои соҳибкасб, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо синфхонаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ ва компютеркунонии онҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар ҳама намуди зинаи таҳсилот, рушди таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба гирифтани таҳсилоти босифат замина мегузорад.

Мутаассифона, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таъмини чанде аз ин бандҳо тибқи баҳои коршиносон ба талабот ҷавобгӯ нест. Сифати таълиму тарбия ва дараҷаи забондонии муҳассилини муассисаҳои таълимӣ хеле паст аст, кадрҳои баландихтисос намерасанд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буд: «Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад: якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар».

Коршиносон бар он назаранд, ки зиёд будани шумораи хонандагон дар як синф, нарасидани китобҳои дарсӣ, асбобу аёниятҳо, озмоишгоҳҳои мактабӣ, омӯзгорони баландихтисос, истифодаи ғайримақсаднок аз қувваи омӯзгорон, истифодаи усулҳои номуассир ва то ҷое куҳнашудаю бесамари идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ сабабҳои паст будани сифати таълим мебошанд.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр намуданд, ки сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, — мегӯяд Сафармуҳаммад Алимардонов, мушовири сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон. — Яке аз сабабҳои рушд накардани фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимии вилоят набудани кабинетҳои таълимӣ ва нарасидани омӯзгорони соҳибтаҷрибаи техникист.

Аслиддин Усмонов — сардори шуъбаи вилоятии Хадамоти назорат дар соҳаи маориф изҳор менамояд, ки сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ зина ба зина рушд карда истодааст, вале қонеъкунанда нест. Норасоии китобҳои дарсӣ вуҷуд дорад, гарчанд китобҳои дарсии иҷоравӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, масъала ҳалли пурра пайдо накардааст, зеро китобҳо давра ба давра гардиш намехӯранд.

- Дар соли таҳсили 2019-2020 аз тарафи муассисаҳои таълимии вилоят 2 миллион китоби дарсӣ дархост карда шуд, ки аз ин шумора дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 600 ҳазор иҷро гардид, — мегӯяд Давлатмурод Ишмуродов — сармутахассиси маркази таҳия, нашр ва мутолиаи китоб­ҳои дарсӣ, илмӣ ва методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Яъне, то ба ҳол муассисаҳои таълимии вилоят ба 1 млн. 400 ҳазор китоби дарсӣ эҳтиёҷ доранд.

Ҳарчанд тайи солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва беҳбуд бахшидани шароити муассисаҳои таълимии кишвар тадбирҳои зиёд амалӣ мегардад, сифати таълиму тарбия ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Тибқи таҳлилҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, сифати дониши хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хатлон 53,7 фоизро ташкил медиҳад. Баҳои миёнаи муҳассилини таълимгоҳҳо, тибқи маълумоти расмӣ, ба 3,6 хол баробар аст.

Барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим пайдоиши муносибатҳои салоҳиятнокӣ дар дарс метавонад мусоидат намояд. Бо ин усул ба боло бурдани сифати таълим метавон комёб гашт. А. Асоев — коршиноси соҳаи маориф мегӯяд, ки салоҳият ва муносибатҳои салоҳиятнокӣ дар дарс беҳтарин усули кор аст. Бо такя ба ин тарзи дарсдиҳӣ камбудиву норасоии таълимро бомуваффақият ислоҳ намуда, метавон дар таълим муваффақ гардид, барои ояндаи кишвар мутахассисони ихтироъкору бунёдкор тарбия намуд. Аммо ҳоло омӯзгорони босалоҳият ангуштшуморанд.

Тавре Носирҷон Маъмурзода — коршиноси дигари масоили соҳаи маориф изҳор дошт, дониш, илме, ки кӯдаку ҷавон аз худ мекунад, бояд дар амал татбиқ шавад, яъне дар зиндагии ҳаррӯза ба кор ояд. Лекин маълумоти қолабӣ, муҳтавои барномаи таълимӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Китобҳои дарсӣ ғалати бисёр доранд ва барои бо истифода аз усули салоҳиятнокӣ дарс гузаштан мутобиқ нестанд.

Тибқи иттилои Раёсати маориф, дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 79 нафар омӯзгор, аз ҷумла, аз фанни забони англисӣ 15 нафар, физика ва астрономия — 8, математика ва алгебра — 20, забони русӣ — 10, химия — 9 ва технологияи информатсионӣ 4 нафар намерасад.

- Омӯзгорон муассисаҳои таълимиро тарк карда истодаанд, — мегӯяд сардори шуъбаи вилоятии Хадамоти назорат дар соҳаи маориф А. Усмонов. — Шояд ба он хотир бошад, ки маоши омӯзгорон нокифоя аст ё мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳо аз имтиёз бархӯрдор намешаванд. Вақте ки омӯзгори ҷавонро ба кор даъват мекунӣ, бояд шароити ӯ таъмин карда шавад. Масалан, соли 2014 омӯзгоронро аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияҳои Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷайҳун ҷалб намудем, вале на ҳама соҳиби ҷойи зист шуданд. Дар натиҷа муассисаҳои таълимиро тарк карда рафтанд. Бинобар ин, ҳоло қариб дар ҳама шаҳру ноҳияи вилоят норасоии кадрӣ ба назар мерасад.

- Забондонии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурат қарор надорад, — иброз намуд А. Усмонов. — Сабаби асосӣ норасоии кадрӣ мебошад. Ихтисосмандони забонҳои русӣ ва англисӣ намерасанд. Онҳое, ки ба кор қабул шудаанд, дониши кофӣ надоранд.

Сафармуҳаммад Алимардонов таъкид менамояд, ки барои омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ дар як ҳафта 2 соат кофӣ нест. Бояд дар нақшаи таълимии фанҳои забони хориҷӣ соатҳои дарсӣ илова карда шаванд.

Боиси таассуф ва нигаронист, ки 5 соли охир ба хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо аттестати аълои универсиалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра дода намешавад.

- Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо теъдоди зиёди хонандагони синфҳои 10-11 бо пуррагӣ таҳсилоти равиявиро интихоб накардаанд. То ин кор амалӣ нагардад, албатта, ба натиҷаҳои назаррас ноил намешавем, — шарҳ медиҳад А. Усмонов.

Ҳар сол хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ба гирифтани стипендия мушарраф мегарданд. Тибқи иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон, 145 нафар хонанда Стипендияи президентӣ, 50 нафар гирандаи Стипендияи раиси вилоят, 345 нафар стипендияи раисони шаҳру ноҳияҳо ва 4 нафар гирандаи Стипендияи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро онҳо низ муассисаи таълимиро бо гирифтани медали тилло ё нуқра хатм намекунанд?

Паст будани сифати таълим аз нигоҳи коршиносон пайомади зиёд дошта метавонад. Носирҷон Маъмурзода бар он назар аст, ки ин ҳолат монеаи рушди илму маориф, иқтисоду саноати кишвар хоҳад шуд.

- Агар имрӯз ҷиҳати рушди илм, беҳсозии сифати таълим, бакорандозии усулҳои муосир ва муассири таълим, истифодаи фанноварӣ дар дарсҳо тасмими қатъӣ нагирем, фардо зарур меояд, ки бо ҷинояткорӣ мубориза бурда, пайи ислоҳи ахлоқи ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем, — мегӯяд ӯ.

- Ҳоло ягон мутахассиси соҳаи маориф аз вазъи ҷараёни таълим қаноатманд нест, — мегӯяд Асомиддин Асоев. — Зеро таҷриба ва мушоҳидаҳо аллакай маълум намуданд, ки сабабҳои паст будани сатҳи дониши хонандагон баъзан на аз танбалии онҳо, балки аз номукаммалии сатҳи саводи омӯзгорон ва хунукназарии роҳбарони муассисаҳои таълимист. Айни замон на танҳо сатҳи дониши хонандагон, балки омӯзгорони онҳоро низ мебояд муайяну назорат кард. Зеро вазъи кунунии мактабҳо далели он аст, ки сатҳ ва малакаву маҳорати омӯзгорон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор