Се шохи як чанор

№52 (4002) 09.05.2019

Ҳар гоҳ сухан аз зиёиёни дар задухӯрдҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкатварзида равад, пеши назарам симои нуронию бузургвори се тан аз фарзандони шоистаи Тоҷикистон, ки зодаи шаҳри қадимаи Истаравшананд, ҳувайдо мешавад. Онҳо олимони шинохта Аҳрор Мухторов, Раҷаб Амонов ва журналис­ту нависандаи маъруф Ҳазратқул Файзиев мебошанд, ки то охирин нафас дар пойтахти кишвар-шаҳри зебои Душанбе кору зиндагӣ дош­танд ва бо ҳам яктану якҷону якнафас буданд.

Аҳрор Мухторов охири соли 1942 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, октябри соли 1943, баъди хатми Омӯзишгоҳи артиллерӣ- зенитии Севастопол (шаҳри Уфа), бо рутбаи лейтенанти хурд вориди майдони ҷанг шудааст. Ба ҳайси командири взводи оташфишонӣ дар ҳайати Фронти 2-юми Украина, дар набардҳои марзҳои Украина, Полша, Чехословакия ва Германия иштирок карда, бо ордену медалҳои ҷангӣ ба Ватан баргаштааст.

Раҷаб Амонов низ солҳои 1941-1945 дар қисмҳои иктишофӣ бар зидди адӯ ҷангида, корномаи зиёд нишон додааст.

Ҳазратқул Файзиев, аз ибтидои ҷанг ба сифати афсар дар ҳайати дивизияҳои 151 ва 87-уми тирандози гвардиягӣ дар амалиёти аз фашистон озод кардани Қафқози Шимолӣ, Кубан, вилоятҳои Ростов, Донетск, Запорожею Қрим, марзҳои Беларусу Латвия, Пруссияи Шарқӣ корномаҳо нишон дода, соҳиби ду ордени «Шараф» (дараҷаҳои се ва ду), орденҳои «Ситораи Сурх», «Ҷанги Ватанӣ» ва медалҳои ҷангии зиёд гаштааст.

Баъди ҷанг ду нафари аввал то ба дараҷаи  докторони илму профессор ва академикҳои Академияи илмҳои Ҷумҳуии Тоҷикистон расидаанд. Аввалӣ бо донишу истеъдоди фитрӣ ба шумули 500 шахсияти машҳури ҷаҳон ворид гардида, таърихшиноси номӣ шуд. Дувумӣ дар Тоҷикистон мактаби бузурги фолклоршиносиро таъсис дод. Аз онҳо даҳҳо асари илмию тадқиқотӣ, адабию оммавӣ боқӣ мондаанд.

Ҳазратқул Файзиев бошад, ҳамчун муҳаррир ва мудири шуъбаи нашриёти давлатии «Ирфон» дар таҳриру такмили садҳо асари илмию бадеӣ ва оммавӣ саҳм гирифта, даҳҳо асару ҷангнома, ба монанди «Ту куҷоӣ, дӯстам», «Пайроҳаҳои пурхатар», «Аспи ҷанговари ман», «Дар ҷанг ва баъди ҷанг», «Мардони майдон» ва ғайраро навишта, ба хонандаи тоҷик тақдим кард.

Ёдашон ба хайр.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»