Ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳринав. Бунёди 350 иншооти ҷашнӣ идома дорад

№140 (4090) 21.11.2019

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав 350 иншооти таъиноти гуногун, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, фарҳангӣ, марказҳои савдою хизматасонӣ, толору майдончаҳои варзишӣ марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

 DSC08676Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, аллакай аз ҷумлаи иншооти пешбинишуда 180 адад мавриди истифода қарор гирифтааст. Чунончи, дар шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Исматулло Олимов маркази хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз мағоза, меҳмонхона ва дорухона иборат мебошад. Дар он, дар баробари ба роҳ мондани хизматрасонии сатҳи баланд ба аҳолии деҳот, якчанд нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳоло сохтмони бинои мактаби дуошёна дар маҳаллаи «Иттифоқ»-и ҳамин шаҳрак идома дорад, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода хоҳад шуд.

Сохтмони кӯдакистони замонавӣ дар деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов барои қабули беш аз сад нафар кӯдак низ дар арафаи анҷомёбист. Дар паҳлуи кӯдакистон сохтмони Маркази ташхисӣ — табобатӣ бомаром идома дорад. Баъди ифтитоҳи он 30 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳад шуд. Сокинони деҳаҳои атроф низ метавонанд аз хизматрасонии сатҳи баланди марказ бархӯрдор гарданд, зеро дар баробари дигар хизматрасонӣ дар он ҷо сохтмони таваллудхона низ пешбинӣ шудааст, ки яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти асосии аҳолии деҳот мебошад.

Дар даромадгоҳи деҳаи Сангмелаи деҳоти «Истиқлол» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дарвозаи ҳозиразамон бо санъати баланди меъморию сохтмонӣ сохта шуд.

Дар деҳоти «Боғистон» бо дастгириву саҳмгузории шахсони хайрхоҳ ва сокинон се километр роҳи се кӯча мумфарш карда, деворҳои атроф таъмир ва рангубор гардиданд. Аз ҷониби соҳибкорзан Ҳалима Очилова дар маркази ин деҳот сохтмони толори варзишӣ ва се варзишгоҳи хурд идома дорад.

Соҳибкор Тоҷиддин Ашӯров дар деҳаи Селбури деҳоти «Истиқлол», дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода, сохтмони Маркази саломатии замонавиро оғоз кардааст. Сохтмончиён нақша доранд, ки то Ҷашни байналмилалии Наврӯз иншоотро сохта, ба истифода диҳанд. Ҳамчунин, дар маркази деҳоти номбурда сохтмони варзишгоҳ дар арафаи анҷомёбист.

Дар деҳаи Хоҷагулпӯши деҳоти «Чуст» соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони калонтарин маҷмааи истеҳсолиро оғоз намуданд, ки аз сардхона, терминали байналмилалӣ, гармхона, боғи интенсивӣ, фабрикаи мурғпарварӣ, ошхона ва меҳмонхонаи замонавӣ иборат хоҳад буд. Баъди ифтитоҳи иншоот 120 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мегардад. Барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани шароити корӣ дар маҷмаа трансформатори баландшиддати барқӣ насб карда, аз ҷуқурии 130 метр оби артезиании сард бароварда шудааст, ки дар оянда на танҳо талаботи корхонаҳои маҷмаа, балки сокинони деҳаҳои гирду атрофро низ бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳад кард.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»