Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Шаҳритуз ё Шаҳритӯс», «Тӯс ё Шаҳритуз»

№5 (4267) 14.01.2021

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумо изҳори сипос менамояд.

Кумита мақолаҳои Азизи Фаттоҳ- «Шаҳритуз ё Шаҳритӯс» («Садои мардум», аз 16 апрели соли 2020, №48 (4154)) ва ­Аъзам Бобоев — «Тӯс ё Шаҳритуз» («Садои мардум», аз 3 ­ноябри соли 2020, №136 (4242))-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Нигаронии муаллифон дар бораи ғайримеъёр будани ҷойноми «Шаҳритуз» бамаврид буда, номҳои ҷуғрофии ғайримеъёрӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2015 таҳти №16, 324 гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиш ва баррасии номҳои ҷуғрофии кишвар дар асоси фармоиши раиси кумита аз 21 декабри соли 2015 таҳти №1-3 /598 фаъолият менамояд.

Кумита ивази номи Шаҳритузро ба Шаҳритус дар қатори 13 деҳа, як маҳаллаи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳритуз аз 12 сентябри соли 2017, таҳти №1-3/395 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ирсол намуда буд.

Ҳамчунин, кумита бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2019, №25685/26, банди 123-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4 октябри соли 2019 ҷиҳати эҳтироми суннату арзишҳои неки фарҳангӣ ва ивази номҳои ҷуғрофии ғайримеъёрӣ, инчунин, оид ба риояи муқаррароти моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хулосаи ивази номҳои ғайримеъёрии мавзеъҳои ҷуғрофиро аз 28 ноябри соли 2019 таҳти №1-6/1430 ба шаҳру ноҳияҳо ирсол намуда, мунтазам онро пайгирӣ менамояд.

Муаллиф дар мақола ҷиҳати баррасии номи «Шаҳритуз» фарқ миёни «шаҳр»-у ­«ноҳия»-ро гузоштааст, ки ин ҳеҷ ба номгузории «Шаҳритус» иртибот надорад. Зеро дар суннати номгузории миллӣ аз даврони куҳан ин анъана роиҷ асту чунин номҳо, аз қабили «Шаҳринав (ноҳия). Шаҳрисабз (шаҳр). Шаҳрак (деҳа) Хуррамшаҳр (деҳ ва шаҳр) ва ғайра фаровон корбурд шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки номи Шаҳритус аз қадим миёни мардум дар ҳамин шакли мураккаби «Шаҳритус» ном бурда мешуд ва ҳоҷате ба номгузории он дар шакли «шаҳри Тӯс» нест. Зеро ин маҳали ҷуғрофӣ, айни замон, мақоми шаҳракро дошта, номи ноҳия асту дар шакли ноҳияи «Шаҳритуз» чунин корбурд мешуд ва дар гунаи «Шаҳритус» қобили дастгирист.

Кумита тибқи хулосаи гурӯҳи корӣ оид ба номҳои ҷуғрофӣ дар «Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» («Фарҳанги номҳои ҷуғрофӣ» — Душанбе 2019, — саҳ. 280) номи маҳали аҳолинишин ва ноҳияи мазкурро дар шакли «Шаҳритус» пешниҳод намудааст, ки он мансуб ба шаҳри Тӯс аст, яъне шаҳри воқеъ дар ҳамворӣ, дорои қалъа ва паҳлавонони номдор.

Бояд зикр кард, ки кумита лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба иваз намудани номи ноҳияи «Шаҳритуз» ба «Шаҳритус»-ро бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, аз 17 ­сентябри соли 2020 таҳти №1-5/236 барои ҷонибдорӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.

О. МУҲАММАДҶОНЗОДА,

раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон