Шапалаки мушхор дар паҳн намудани касалиҳои инсону ҳайвонот нақш намебозад

№58 (4008) 23.05.2019

ячсчСубҳи 19 майи соли равон парвози селаи шапалакҳои мушхори муҳоҷир аз тарафи вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тарафи ҷанубу ғарбии мамлакат ба қайд гирифта шуда, дар шаҳру ноҳия­ҳои Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод ва пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе низ мушоҳида гардид ва боиси пайдоиши андешаҳои гуногун дар байни аҳолӣ шуд. Баъзеҳо аз зарарнокӣ ва баъзеи дигар аз безарар будани онҳо то кунун ҳарф мезананд.

Дар робита ба ин, хабарнигори рӯзнома бо директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ Файзалӣ Ҳакимов ҳамсуҳбат шуд.

- Аз назари таснифотӣ шапалаки мушхор аз шапалакҳои рӯзона маҳсуб ёфта, оилаи намфалидҳо (Nymphalidae) мебошад ва номи он аз калимаи лотинии кардус (Carduus) – мушхор (чертополох), ки як навъи кирмаки растаниҳои табиӣ мебошад, гирифта шудааст. Он дар дунё, ба ғайр аз Амрикои Ҷанубӣ, паҳн гаштааст. Аз ҷумла, соли 1996 дар Федератсияи Россия ва соли 2009 дар Ҷумҳурии Украина мушоҳида шудааст.

Шапалакҳои модинаи мушхор ба таври инфиродӣ дар барги растаниҳои ёбоӣ тухм мегузоранд. Онҳо дар баргҳои печида паноҳгоҳ сохта, бо рангҳои абрешиммонанд пайваст мекунанд. Дар паноҳгоҳ кирмакҳо байни рагҳои баргҳоро мехоянд. Дар давоми зист як кирмак 7 — 9 адад паноҳгоҳ месозад. Он дар панҷрӯзагӣ паноҳгоҳро тарк намуда, озодона зиндагӣ мекунад. Ранги кирмакҳо тағйирёбанда буда, аз растаниҳои табиӣ вобаста аст. Сари зочаи ин шапалак фурӯхамида аст ва озодона ба танаи пояи растанӣ пайваст мешавад. Ин марҳила 2-3 ҳафтаро дар бар мегирад.

Ғизои кирмакҳо асосан растаниҳои табиии ҳазор­испанд, гиёҳи ёбоии хордор (чернополох), газнаи сӯзон (крапива жгучая), газнаи дупала (крапива двудомная) ва шаҳди гули растаниҳо ба шумор меравад.

Парвози шапалаки мушхор аз моҳи апрел оғоз гардида, то моҳи октябр идома меёбад ва дар як сол ду маротиба насл медиҳад. Шапалак зимистонро дар ҳолати зочагӣ мегузаронад.

Қайд намудан зарур аст, ки шапалаки мушхор ба гурӯҳи ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ дохил намешавад ва дар паҳн намудани касалиҳои инсону ҳайвонот низ нақш намебозад. Чунонки болотар зикр гардид, он танҳо аз шаҳди гули растаниҳо ғизо мегирад ва кирминаи он низ ба растаниҳои худрӯй ва зироатҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ намерасонад.

Шапалаки мушхор қобилияти муҳоҷиршавӣ дорад ва насли тобистонаи он зимистонро дар минтақаҳои гарм гузаронида, афзоиш меёбад ва насли навро ба вуҷуд меорад. Шапалаки мушхор ҳангоми муҳоҷират бо гурӯҳҳо бо суръати 25-30 км/соат парвоз карда, метавонад то 500 километрро тай намояд. Дар маҷмӯъ, масофаи парвози тайнамудаи онҳо то 5000 километрро дар бар мегирад.

Ин шапалак дар чарогоҳҳои тобистонаи шарқ ва ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ то баландии 2500 — 3000 метр парвозро идома дода, насли тобистонаро дар мавзеъ мегузорад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки барои давраи ҳаётии бисёр намуди ҳашарот, аз ҷумла шапалакҳо, авҷи оммавии онҳо хос аст ва ин ҳолат ба омилҳои экологӣ вобастагӣ дорад. Масалан боришоти зиёди солона дар мавсими баҳори соли ҷорӣ ба афзоиши зиёди кирминаи шапалаки мушхор мусоидат намудааст.

Авҷи оммавии шапалаки мушхор  муваққатӣ буда, 6-7 рӯз идома меёбад. Дар давоми як ҳафтаи баъди ҷуфт шудан ва тухмгузорӣ шапалакҳо мефавтанд.

Мусоҳиб Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»