Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии Сарвазири мамлакат ба рафти бунёдкориҳо

№42 (3992) 16.04.2019

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳафт иншооти таъиноташон гуногун бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар деҳаи Сайроби деҳоти «Панҷоб» маркази саломатӣ, майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ ва савдо ба истифода супорида шуд. Дар маркази саломатӣ, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Зоир Мирзоалиев ва Шералӣ Қурбонов ба маблағи зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, 21 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҳамчунин, дар деҳаи Пахтакори деҳоти «Қаҳрамон» аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдуҷаббор Хушвахтов ба маблағи 180000 сомонӣ майдончаи варзишӣ бунёд ёфт.

Дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти «Меҳнат­обод» низ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маркази хизматрасонӣ, ки аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва нуқтаи шустушӯйи мошинҳо ва қолинҳо иборат аст, мавриди истифода қарор гирифт. Он ба маблағи 110000 сомонӣ аз тарафи соҳибкор Ёқуб Достиев сохта шудааст.

Қоҳир Расулзода, ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмонии роҳҳои деҳаҳои Гулобод ва Меҳнатободи деҳоти «Меҳнатобод» шинос гардид. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар деҳаи Гулобод 1,8 км роҳ мумфаршу чароғон ва дар деҳаи Меҳнатобод 3,4 км роҳ мумфарш гардидааст.

Фаромӯз БОБОЕВ, рӯзноманигор