Соли ҷавонон масъулияти афсаронро низ бобати тарбияи сарбозон дучанд гардонд, — мегӯяд подполковник Исломи Наврӯзмамад

№28 май - Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ 27.05.2017

кушЯке аз қисмҳои ҳарбии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Истаравшан ҷойгир аст. Ҳангоме ки бо мақсади ошно шудан ба шароити хизмат ба ин ҷо омадам, маълум гардид, ки дар арафаи Рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳайати роҳбарии  он барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр «Рӯзи дарҳои кушод» эълон кардаанд.

- Мақсад аз чорабинӣ шинос намудани ҷавонон бо шароити зисту хизмати сарбозон аст. Он кори комиссариатҳои ҳарбиро дар мавриди ҷалби навас­карон осон менамояд. Дар натиҷа, шумораи ихтиёриён сол ба сол зиёд шудааст, — мегӯяд муовини командири қисми ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, подполковник Юсуфалӣ Исроилов.

Аз суҳбат бо сардори қисми ҳарбӣ, подполковник Исломи Наврӯзмамад маълум гардид, ки қисми мазкур солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар шакли комендантӣ ташкил гардида, моҳи июни соли 2001 ба қисми алоҳидаи низомӣ табдил дода шудааст.

- Ҳар сол аз хизмат дар қисми ҳарбии мо зиёда аз 200 нафар сарбоз ба эҳтиёт рухсат дода, ҳамин миқдор сарбоз аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват мешаванд. Вазифаи асосӣ ҳифзи сарҳади давлатӣ аст. Истаравшан бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Ба таълиму тарбияи сарбозон дар қисми ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои он 80 нафар афсару прапоршик машғул мебошанд. Шароити хизмат ва истироҳати хизматчиёни дидбонгоҳҳои сарҳадӣ хеле хуб аст. Робитаи мо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, Комиссариати ҳарбии шаҳр ва волидайни сарбозон хеле наздик аст. Падару модарони сарбозон бемалол ба меҳмонӣ омада, аз шароити хизмату зиндагии фарзандон хабардор мешаванд, — мегӯяд сардори қисми ҳарбӣ.

- Чун соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардидааст, ин иқдом масъулияти мо – афсаронро низ бобати тарбияи ҷавонон дучанд месозад, — афзуд Исломи Наврӯзмамад. — Ҳамон тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 фармудаанд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибис­тиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Ҳ. НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»