Суғд. Нақшаи истеҳсоли пахта иҷро шуд

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

пахтаКишоварзони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд. Дар ин бора сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода иттилоъ дода гуфт, ки 130 ҳазор тонна ашёи пурқимати саноатӣ ҷамъоварӣ шуда, дар маҷмӯъ, аз ҳар як гектар пахтазор 22 сентнерӣ ҳосил ба даст омад.

Майдони кишт низ назар ба соли пешин 1260 гектар зиёд буд. Дар маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Мастчоҳ ва Спитамен аҳлона меҳнат карданд.

Ба қавли сарагрономи Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудов, соли равон барои пахтакорон душвор омад. Бо сабаби инҷиқиҳои табиат-боришоти аввали баҳорӣ маҷбур шуданд, ки дар майдони 8000 гектар кишти дубораи пунбадона ба роҳ монанд. Хушбахтона, моҳҳои сентябр ва октябр ҳавои басо мусоид барои ҷамъоварии ҳосил фароҳам гардид.

Соли равон ба деҳқонон ҳашарчиён — сокинону кормандони сохторҳои гуногуни шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва Истиқлол дасти мадад дароз карданд.

Айни замон ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ дар саҳро ҳанӯз 5000 тонна пахта боқӣ мондааст, ки деҳқонону ҳашарчиён ният доранд онро то пағаи охирин ҷамъоварӣ намоянд.

М. Мақсудов, «Садои мардум»