Суғд. Нақшаи семоҳаи қисми даромади Буҷети давлатӣ иҷро гардид

№42 (3992) 16.04.2019

Ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2019 ҷаласа доир гардид.

Рустам Каримзода — муовини раиси вилоят зикр кард, ки дар семоҳаи аввали соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104,9 фоиз таъмин ва ба буҷет 565,4 млн. сомонӣ ворид карда шуд. — Ин рақам нисбат ба нақша 26,3 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 89,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт ӯ.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд ва то 1 апрели соли ҷорӣ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маблағи 522,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 112,0 фоизро ташкил медиҳад.

Номбурда афзуд, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, дар се моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 млрд. сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,4 фоиз таъмин гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар як ваҷаб замин бояд самараноку оқилона истифода бурда шавад ва кишти картошка, пахта, шолӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи нақша сурат гирад.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоятро дар се моҳ хуб арзёбӣ кард ва аз камбудиҳо низ ёдовар гашта, ислоҳи онҳоро талаб намуд.

Дар фарҷом фестивал — озмуни таомҳои миллии наврӯзӣ, ороиши дастурхони наврӯзии беҳтарин, намоиши фолклории беҳтарин ва хаймаи беҳтарин ҷамъбаст ва ғолибон бо диплому маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»