Таъсиси «Ваҳдати оила» бо мақсади пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо

№ 20.08.2019

Дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маркази «Ваҳдати оила» таъсис ёфт. Ба ин муносибат дар толори он бо иштироки аъзои Шӯрои занон ҷаласаи нахустин баргузор шуд. Фирӯза Раҳимӣ — мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, собиқадорони ҳизб Мукаррама Неъматова, Хайриниссо Темирова ва Сабоҳат Бобоҷонова оид ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо фикру мулоҳиза баён доштанд.

Маркази навтаъсис тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби занони фаъоли ҷомеа ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳо дар маҳаллаҳо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ барад.

М. МАҚСУДОВ