15 феврал ба хориҷ шудани неруҳои низомии ИҶШС аз Афғонистон 30 сол пур мешавад

Талотум дар Тезинхаш

№18 (3968) 14.02.2019

(Идома аз шумораи гузашта)

Афган2Егоровичи замини сахти кӯҳис­тоннадида аз куҷо донад, ки устухони ин ғариб аз 5-6-солагӣ бо гӯсфанду бузчарониву ҳезумкашӣ дар бағали кӯҳу санги гӯшае аз кӯҳистони танги тоҷик шах шуда, дар синни даҳу дувоздаҳ дар дашти ҷигарсӯзи Дилварзӣ бори камаршикани парваришу ҷамъоварии пахтаро то замони донишҷӯ шудан ба дӯш доштааст. Оё мушкилоти кӯҳи Тезинхашу ташнагии яклаҳзаинаи роҳи он бо ҷафоҳои дерёзи даврони кӯдакии ман қобили қиёс аст?! На хайр, ҳаргиз қобили қиёс нест.

Ба нақл аз як ҳикмати русӣ: «не бывает худа без добра», шояд бар асари ҳамон сахтиҳост, ки акнун дар фарози 35-и умр аз осмон санг ҳам биборад, сари сахти моро шикаста наметавонад; зӯраш намерасад!

Дар ин ҳин Зобит болотар аз ман сари по нишаста, бо ҳамон як чашми аз осеб амонмондаи хеш замину замонро меполад. Аммо ҳушу ёди маро машғалаи даврони бачагӣ рабуд. Егоровичи сахткӯш, чолок ва пуртаҳаррукро, ки ҳар субҳ на кам аз як соат машғули варзиш буд, азоби кутал ҳаллук андохт, афтонд. Ҳою ҳуйе мешунидам аз ӯ, аммо полковник Еремеевро билкул дам дарун афтода. Ва аз даҳони дулча бо чашмони бози сафедияш беш аз сиёҳӣ менигаристу чакра-чакра об ба ҳалқи хушк мерехт. Маҷоли як пуф ҳарф заданро надошт. Ё амдан хапудам каҷпаҳлу зада, аз шиддати қаҳру ғазаб намехост, азоби роҳро ба «каскадёр»-и ҷиддӣ ва вазифашиносе мисли майор Шербаков ва капитани ошуфтарӯҳе чун ман буруз диҳад, яъне сар кафад, таги тоқӣ.

Аз Зобити зоҳиран бепарво ба ҳоли мо пурсидам:

– Коко Зобит, дар ҳамин вазъе, ки мо дар дили кутал қарор дорем, нафароне аз дастаҳои муҷоҳидини Исмоилхон, Гулбуддин ё Сайёф биёянду ба мо дарафтанд, ҳоламон чӣ мешавад?

– Дар қиссааш набош, тарҷумон-себ, – бо лоқайдӣ ва андаке манманӣ иброз дошт роҳнамои мо, – фақат як мошиндор1  кофист, ки падари сад ашрора дарбиёрам… Гулбиддин кию Сайёфаш чияй?

Шербаковро ҳамин як каме тафреҳ ва ҷасорати Зобиту чакраҳои оби дулча неруи тоза дар бадан давонд. Арақҳои рӯю сергӯштии гарданашро пок кард.

– Дальше пошли, ребята, – ӯ аз ҷо ҷаст ва кӯлборро дар тахтапушт андохт. Еремеев низ ба ҳаракат даромад. Ману Зобити ошно бо азоби кӯҳу пушта пешсафи қофилаем. Фосилаи ду-се километрии пуштаро таъзимкунон тай карда, билохира ба бораи баландие расидем, ки аз он ҷо намоди деҳае ғарқи дорударахт ба чашм мехӯрд, деҳа мисли майдони сабзи варзишгоҳ зери поямон қарор дошт.

– Ана, инро мегӯянд Тезин, – бо чашми солимаш ба кунҷу канори рустои паҳн назар андохт роҳнамо ва ҳанӯз нафасе рост накардаем, ки аз болои сарҳо ҳазору анд «катюша» ба парвоз омад. Тир аз куҷо меомад ва андохт аз кадом самт сурат мегирифт – оллоҳ аълам. Шамоли ваҳшатбарангезаш сару рӯи моро лесида мегузашту барқосо бар сари Тезину хонаву дараш мерехт. Суръати паришу партоби мушак лаҳза ба лаҳза меафзуд. Мо чаҳор тан аз бими ҷон рӯи бора тунук хобида, ба шикам афтодем: дар ин вазъ, агар рост биистӣ ва ё сари ду по нишинӣ, ҳатман сари сабз ба боди «катюша»-ҳои худӣ хоҳӣ дод!

– Ну даёшь, Гена! – ҷангсолор Генадий Бочаровро мухотаб қарор дода гуфт Юрий Егорович.

Амвоҷи балохези «катюша» басанда гардиду дарҳол дар болои сар чархболҳои қиркунанда ба парвоз омаданд. Парвозашон зудҳангом ва нишонрас. Худе, ки уқобони лошахор аз кабудии фалак тиросо сарозер гардида, кабку саъбаву тазарвро шикор мекунанд.

Оваҳ! Чӣ қадар мушак, «катюша» ва бомбаҳои қотил ба сару тани деҳаи бедифоъ ва давр то даври дараи сабзу хилваташ фурӯ рехт! Ба ақидаи банда одаму ҳайвон он тараф, аз дасти ин зағанҳои муҳоҷим мӯрчае ҳам зери сангу кулӯх ҷон ба саломат набурд.

Ғурруфиши чархболҳо оқибат ҷим-ҷит шуд. Мо, чорнафарон қаду қомати ҳамвор ба замини қоқро рост карда, аввал ба якдигар, сонӣ ба деҳаву дуди ғализи осмони он назар андохтем. Хуши лому мим гуфтан нест. Боз ҳам Зобит тилисми хомӯширо шикаст:

– Мушовир-себ, – ба Егорович гилаомез муроҷиат кард ӯ, – магар ин «қувои дӯст» девонаанд? Қариб буд шасти тирашон кулоҳро аз сарам бардорад.

– Осуда бош, коко Зобит, – шонаҳои лоғари ҳамсафарашро тап-тап зад командири каму беш форсидон ва дар идома афзуд: – Мо, русҳо дар ҳамин мавридҳост, ки мегӯем: «Бей своих, чтобы боялись чужие».

Бо ҷони хаста, кузболҳо дар тахтапушт аз сари бора поён шудем ва дар пайраҳаи борике қадамзанон рӯ ба қалби деҳа ниҳодем. Ҳамин қадар роҳи кутали камаршикан, ки бо ҳалқи сӯхта тай шуд, мебояд, он тавр ки Зобит гуфт, ҳамин миқдор роҳро ба самти поён – ба домани Тезин паймуд. Дар ҳар сурат, ба нишеб хазидан, он ҳам аз миёни дарахтони хушқаду баст, ба маротиб осонтар аз болорӯ рафтан аст.

Ғуриши садои Шербаков аз ақиб ба гӯш омад:

– Не отставай, Михайлович, что бы тебя не потеряли!

Афган1Мушаххас аст, ки полковник дар тани кӯҳ бори танро бо мушкилот мекашонад. Саҳеҳтараш, чӣ боло, чӣ поён, ба ҳар самте, ки дилҷӯ нест, бечораро по пеш намеравад.

Раҳораҳ аз Зобит ҷӯёи ҳоли Тезини абгор ва сокинонаш гардидам, то алангаи дилам қадре таҳ шинад. Дар тамоми тӯли роҳи пурхаму печ андешаи маргу мири мардуми бечора хала мезад ба дил.

– Коко, имрӯз ба фикри худат, қувои дӯст ин русторо якҷо бо ҷамъияташ бомборт карданд ё пас аз тахлия ҳамла сурат гирифт? Нигаронам, коко…

– Дар қиссааш набош, рапиқ тарҷумон, тахлия чияй? – ҳамин тавр, бепарво ва бо дили васеъ иброз намуд роҳбалад, – ҳанӯз дар замони Кормалсеб як мурғ намонда буд дар Тезин: ҳама рафтанд ба Ҷалолобод ва аз он ҷо ба Покистон… Деҳа муддатҳост, ки лонаи дастаҳои қумандонҳо Бисмиллоҳхону Башир аст.

– Фикр мекунӣ, ин ҷо касе ҳаст?

– На, хайр, тарҷумон-себ, Тезин тани танҳост. Чанд муҷоҳиду роҳзан, агар буд, фарор карданд.

Тук-туки дили банда қадре паст шуд. Он рӯз мабод, ки ошиқеву шоире дар саҳнаи разм биафтад ва шоҳиди қатлу куштори бекасу бечора гардад. Марг ба маротиб авлост аз тамошои манзарае ҳамчунонӣ ё шарики қотилу қутоаттариқ будан… Ман ба такопӯ афтодам бо дили хеш, он гоҳ ки ҳамроҳ бо рафиқон наздик мешудам ба қалби Тезин; ва худ ба худ фарёди дил ба гӯши ҷон мерасонд банда: оё кам аст он ҳама талхиҳо, ки дар умри андак дидам ва ё шунидам ман: аз оғӯши шаҳрҳои азим ба домани кӯҳистони қаҳту сахт ниёкони моро сур карданд аҷнабиёни муҳоҷим. Мурда-мурда зистанд он ҷо ва зиндагӣ сохтанд дар дили санг, дар қабати кӯҳ асрҳои аср. Баъд балшивек омад. Озодиву ободияшро бо табъиду қатлу куштор ва дасисаву найранги душманони хонагӣ ба халқ, ба истилоҳи худаш, эҳдо кард. Ин ҳама чакомаи талхтар аз заҳру заққумро аз қиссаҳои бобо ё модару модаркалон шунидаам ман. Аммо ба боди буруту зӯри аслиҳаи милисаву саллот2  иҷборӣ аз кӯҳистон ба дашти ҷазири Дилварзӣ, ба хотири пахта рӯёндан аз заминҳои бикр «весилка» (табъид) шудани мардумро дар пӯсту ҷони худ санҷидам. Муриши фавҷ-фавҷи хоҳарону додаронам пеш омад. Нони заҳмати пахтакориро, ки халқ дар ҳаёташ надида буд, ба хуни дил тар карда хӯрд. Бригадир хӯҷаин, раису райкомаш ҳам. Нафасе, ки мекашидем, ба фармони касе буд.

Магар кам буд ин фаҷоёи сарнавишти наҳс? Ёдаш солҳо диламро мехарошаду хоби шабамро махдуш сохта ва ҳоло дар Афғонистон, дар ҳамин як лахт замини Тезин шарику шоҳиди аз он ҳама дидаҳо ва шунидаҳо бадтараш ҳастам: бо бомбу амвоҷи «катюша»-и замоне ларзаафканда дар ҷони фашистон, акнун чок-чок мекунанд дилу ҷигари модарзаминро дар Тезин, дар Бомиёну Ҳилмонду Куҳандижу Ҳироту Балх. Мекушанд фарзандони бегуноҳро, мисле ки дарав мекунӣ гандумро, тар мебурӣ дарахтро. Дар бадани Хуросони куҳан як тика ҷои солим намонд. Чодари хаёламро ҷамъ карда дидам: чархболҳои калоғсимо пас аз даҳ-бист-сӣ маротиба бомбаборон намудани дараву деҳаи Тезин ҳоло мағрурона давр мезананд дар осмонаш; аз фазо муроқиби давру бари дараанд. Ашрор он тараф, мӯро аз хамир ҷудо месозад аслиҳаву туфангҳои дурбину пурбиндорашон… Ин дам хаёли кушандатар аз заҳри мор маро ба сар зад: ба таъбири тарҷумон-себ Равшани Ёрмуҳаммад, аз ману Зобити кӯр ва ҳамин тезиниёну кобулиёну балхиён ва ғазнавию бомиёнии хонабадӯш ҳатман ҷурму хатову хиёнате сар зада, ки гирифтори ин бало шудаем? Ба хотири чӣ шоҳиди ин ҳама талхиҳои рӯзгорем? Оё гузаштагони дуру наздики мо муртакиби хиёнат ё гуноҳони сангинеянд, ки довари сахтгири дергир мукофоташро имрӯз ба сару дӯши мо, фарзандонашон бор кардааст? Яъне, оши пухтаатро дер ё зуд мехӯрӣ ҳатман.

– Товарищ капитан! Находу спишь, что ли? – овози фармонравоёнаи майор Шербаков маро ба худ овард. Фақат чанд қадам аз ӯ ақиб ҳастам. Дӯст медорад, тарҷумон дум ба думаш бигардад. Зобит низ ҳамқадами ман асту Еремееви бегона ба дунёву захму ахмаш аз паси мо вазнин-вазнин қадам мешуморад. Қиссаҳои дили ҳазини ман аёну ошкоро аст танҳо барои ман; Командир ҳатман натиҷаи матлуби амалиёти Тезинро дар сар мепарварад. Аммо Худо медонад, он лаҳза Зобити раҳнамо ва полковники ба ситам ба ин шикоргоҳи холӣ аз шикор омадаро чӣ андешаҳои чигил ё ҳамвор ба сар омад?

Гом ба гом ба маркази деҳа наздик мешавем. Чашм медавонам ба чаҳор самти Тезин. Хонаву дари валангор, танаву шоху шаппаи шикастаи дарахтон мехалад дар нигоҳи хастаам. Аслан, гумонам бар ин буд, ки пас аз ҳамлаи яксоатаи артилерия, хӯша-хӯша бомбаҳо афкандани чархболҳо ба дараи ғарқи дору дарахт дигар як барги сабзе ин ҷо боқӣ намонд. Шукр, мебинам ҳанӯз китфу бозуи солиме дорад Тезин: шохаҳо, ҳарчанд захмианд, аммо аз вазиши бод сабук-сабук мерақсанд дар болои сари дарахтон. Абрҳои ҷое анбуҳу ҷое пора-пора шиноваранд дар осмони нилӣ. Зери абрпораҳои парешон, болои кӯҳ қатор-қатор сарбозони мусаллаҳро дидам: ниме афғонӣ, ниме шӯравӣ. Фосилае мушоҳида мешавад миёни онҳо. Қатор давр то даври самти шарқии кӯҳро фаро гирифтааст. Инак, теппа не, кӯҳи баланд мебинему ҳузури саф-саф сарбозон ба мушоҳида мерасад он ҷо. Инро дар забони ҳарбиён занҷири мудофиа меноманд. Чархболҳои болои сар онҳоро ва онҳо мову сарбозони пиёдаи дасту остин барзада дар амалиёти Тезинро муҳофизат мекунанд.

Вагон-бошишгоҳе ба чашм хурд дар ҳамворӣ. Дарҳояш боз. Шербаков пеш-пеш, мо ба дунболи ӯ ба дами дари вагон расидем. Чанд хаймаи дигар ҳам ба по шудааст. Маълум шуд, ки лашкар ин ҷо урдугоҳ задааст, қабл аз он ки мо ба он ҷо бирасем.

Э-ҳе, чеҳраҳои ошноро мебинем андаруни қароргоҳ-вагон: командири дивизия, полковник (генерали оянда) Павел Сергеевич Грачев, муовини ӯ полковник Геннадий Бочаров, тарҷумонашон Сашаи коромӯзи Донишгоҳи Ломоносови Маскав ва чанд низомии дигар гирумону такопӯе ба сар доранд. Тарафайн адои салом карданд. Мо бо дастури Шербаков кулборҳо зуд аз дӯш бар замин афкандем. Бо мазмуни зер командир амр кард: ҳамроҳ бо як даста аз сарбозони дивизия полковник Еремеев, капитан Шукуров ва роҳнамо (наводчик) Зобит дар самти рости дара вориди амал мешаванд. Шербаков худ ҷудо аз мо бо гурӯҳи дигар пайваста, ба қаноти чапи Тезин мешитобад. Командири омил ва шавқманд ба кори худ на тарҷумон дорад, на роҳбалад. Дастаҳои дигаре аз дивизия, тибқи дастури сарфармондеҳи амалиёт ба дигар самтҳо ва давру бари дара часпиданд.

Мову Еремееву Зобит ҳамроҳ бо ҳудудан сӣ сарбози ниҳоят ҷавон ва намоянда аз ақвоми гуногун, ки маълум нест, имрӯзу фардо чӣ меояд ба сари сабзашон, рӯ ба рӯи кӯҳи тиҳӣ аз обу алаф, аммо бовиқору устувор роҳпаймоем. Чун кулворҳо назди вагони Грачев фикандаем (ба ҷуз туфангчаи ҷайбӣ), вазниние дар пою зонувон эҳсос намешавад; аз ин рӯ набояд аз ҳамсафони ҷавонамон ақиб бимонем. Зобити чобук бе як калом чунин масъулиятро эҳсос мекунад, вале Еремееви зуъмро ҳамоно ишкели коҳилӣ дар пост. Оё дар фикри ҳифзу ҳимояи ҷони ширин аст ё андешаи дигаре ба сар дорад, ба ҳар ҳол, чун меши ланг даҳ-понздаҳ қадам аз гала қафо аст. Ҳайратовар аст коршикании полковник. Чӣ ҷои тарсу бим? Охир дар пеши чашми мову ӯ Тезини бе як муттакоро соати дароз катушаборон карданд. Пасон тавассути чархболҳо даҳҳо бор бомбаборон шуд. Ба асари таркиши ҳамон бомбаҳо ҷо-ҷо гудолҳои жарфе мебинем. Рахши Рустам агар он ҷо биафтад, гумон аст, ки сиҳату саломат бурун ояд. Аз сӯи дигар давродаври кӯҳро «цепь» – занҷири мудофиавии сарбозон иҳота кардааст, ба хотири он ки мо андаруни дара осудаву оромкак «биҷангем».

Вазъи ҳолро полковник беҳтар аз мо донад ҳам, эҳтиёт ними ҳаёт гуфтагӣ барин, тану ҷонашро аз ҳамроҳон ақиб мекашад; ақибкашиаш ғаши касро меорад. Банда ноилоҷ ба қафо баргаштам ва гуфтам:

– Михайлович, зуд биё, мисли ману Зобит ба мобайни саф бизан худатро. Вагарна аввалин тире, ки душман андозад, пеш аз мо ба тани танҳои ту хоҳад хӯрд. Ба қавли авомуннос: «ҳар ҷо, ки санг аст, ба пои бузи ланг аст».

– Иди сам, иди. Нечего меня учить, товарищ капитан!, -  бо лабони ларзон дӯғ зад ӯ.

Ман омадам зуд ва ба қатор пайвастам. Еремеев ҳам қадре суръати қадаммониашро тезонд. Дар ҳамин лаҳза аз гӯшае хеле дур ва пинҳон аз чашми гурӯҳ ду садои паиҳами ин-фиҷор баромад. Кӯҳ гӯё ду каф шуд. Ин дам Еремееви фаҳул ҳадаҳа тани коҳилашро ба гала часпонд. Бачаҳо бо гӯши чӯр калашниковҳо аз китф барканда, фавран омодаи набард шуданд. Фармондеҳашон овоз баланд кард:

– Аҷала накунед! Ин садои инфиҷори мина аст. Дар кимкуҷое.

Ҳанӯз риштаи ҳарфи фармондеҳ канда нашуда, таркиши ваҳмангези дигаре ба вуқӯъ пайваст. Савумин таркиш.

– Инфиҷори майн. Мешунавӣ, тарҷумон-себ? – ба самти садо гӯшҳо хобонд Зобит

– Мешунавам, коко… Чаро нашунавам, — мухтасар буд посухи банда. Аммо дар дил тасдиқ кардам, ки ҳатман паёмади фаҷее барои сарбозони Шӯравию Афғон ба бор овард инфиҷори пай дар пайи се майн: умри чанд навҷавон дар як миҷҷа задан барбод рафт, чанд тан бепо монд ё даст шикаста шуд; мағзу устухони иддаеро чунон ҷумбонд, ки ҳушу ёдашон аз сар рафт. Инро дар забони разм «кантуз» гӯянд. Қисса кӯтоҳ, раҳму шафқат надорад деви ҷанг. Мебинам, ки бачаҳо одат кардаанд ба нағмаҳои ноҷӯраш. Саф-саф равонанд бо сари хам дар пайраҳаҳои танги ноошно. Бо амри Ватан-Модар пайи иҷрои қарзи интернатсионалистӣ мешитобанд.

Чун ба оғӯши Тезин, ба канори хонаҳои пасту баланд расидем, фармондеҳ ба сарбозонаш амр кард, машғули амал бишаванд; сар зананд ба хонаҳову тавилаҳову чағораҳову оғилҳо; ҷустуҷӯ кунанду ёбанд ғанимати боқӣ монда аз «дух»-ҳоро. Атрофу акноф бехӣ хомӯш, он чӣ қаблан дар камари кутал аз Зобит шунида будам, сад дарсад дуруст будааст: як ҷони зинда намебинӣ дар саросари Тезин. Дар само шахҳои овезон ва хуршеди бадансӯз шоҳиди даробарои бачаҳо андаруни хонаҳои холист. Дар замин дарахтони захмиву шохшикаста бо сукути раҳмовар «хайра мақдам» мегӯянд меҳмонони нохондаро. Рӯдаке кабудоб дар оғӯши дара бепарво ба гирумони одаму олам аз қуллаҳои барфпӯш сарозер гашта, роҳи дерини худ мепаймояд. Дар саргаҳи рӯд рамаи на чандон зиёди бузу гӯсфанд ва пушти рама чанд сар аспу хар машғули чароянд. Алҳол ҳамин манзараву ҷонваронаш ба чашм хӯрд.

– Коко Зобит, – чашм аз манзара барканда рӯ ба раҳнамо овардам, – оё дар сари ин саракҳо3,  дар вурудии манзилу маъво, ки мебинӣ, майн накош­таанд, ҷанобон муҷоҳидон?

Зобит чашми кӯри нимабозашро молида-молида, чашми солимашро, ки аз хастагӣ сурх гашта буд, калонтар кушод ва бо итминон гуфт:

– На, тарҷумон-себ, ин ҷо, иншооллоҳ, бӯйи майнро намешунавӣ. Ана ин саргини тозаи аспҳо шоҳиди ҳамин ҳоло убур кардани ашрор аз Тезинанд. Онҳо садои тайёраҳои қувои дӯстро шунида, бо аҷала тохта рафтанд. Мутмаин бош, тарҷумон-себ, ҷода софу душман ғофил аст аз мо.

Хостам ба полковник ин навидро шарҳ диҳам, аммо ӯ ҳеҷ таваҷҷуҳе ба ману Зобиту софии ҷодаро надошт.

Худо шоҳид, дар имтидоди роҳи дарозу кӯтоҳе, ки паймудем ва садои се инфиҷори майн, ки навакак шунида шуд ва гуфтугӯе, ки дар канори манзилҳо миёни фармондеҳу сарбозонаш пеш омад, даме аз дамдони Еремеев набаромад. Мисраъҳои зерини Нодири Нодирпурро дар лабони хушку хомӯши полковник хондам: «Ман ин ҷо меҳмоне ношиносам, ки бо ноошноям сухан нест». Тамом, вассалом. Шояд ҳақ ба ҷониби Еремеев асту соҳиби сухан. Чӣ ҳам мегӯйӣ ба муҳити ноошно ва одами бегона ба андешаву афкорат? Ҳаросе, рамзе, андуҳе, варақ-варақ маънии нокушидае мехонам дар чашмони мешии полковник ва дар сар то пои аз яъсу биму навмедӣ ғундакзадааш дар як рӯз. Раҳмовар аст зоҳиру ботини ӯ. Шукр, ки ба бахти Михайлович, Шербаков ин ҷо ҳузур надорад; вагарна ба ганду гунд меолонд ӯро. Ҳарфи нешдори майор, ки дар Кобул зада буд, умрҳо аз ёдам нахоҳад рафт: – «Одним полковником больше или меньше, от этого Советская Армия ничего не потеряет. Вперёд, Михайлович!»

Сарбозони ҳамроҳ бо мо ва фармондеҳашон даруни кулбаҳои сангини матрук ба ҳар сӯрохе сар мехалонанд, бӯ мезананд, ба чаҳор чашм меполанд болохонаву таҳхонаву мушхонаҳоро, то дар ин «амалиёт» ба ситоди дивизия дасти тиҳӣ барнагарданд. Зобит аввал захми куҳнаи чашми кӯрашро бо пушти даст молид, сипас чашми бинояшро. Одат кардааст ба моломол.

– Тарҷумон-себ, – рӯ овард ба ман роҳнамо ва ба самти чап ишора кард, – ана ҳаму калон манзилро, ки бомбукӣ4  дорад, мебинӣ? Фикр мекунам, хонаи молики деҳ аст.

– Мебинам, коко (дар дилам гуфтам: ту, ки бинӣ, чаро ман набинам).

– Мо афғонҳо ҳикмате дорем: «хонаи гург бе устухон нест».

– Ин ҳикматро мо ҳам дорем; гап бизан, коко. Мегӯйӣ, бирем манзили бумбакидор, он ҷо устухон биковем?

– Оре, – пеш аз ман роҳ кушод коко, – аҷала бикун, тарҷумон-себ, вагарна сарбозон бо чангу дандон дармеафтанд ба манзил.

Тохтем ба самти манзил. Еремеев низ юрға кард. Омадем ва дидем дару дарвозаи хона қулфу калиде надорад. Аз асбобу анҷоми рӯзғор ба ҷуз як амбори чӯбӣ (онро тавл гӯянд дар баъзе маҳалҳои кӯҳистон) ва ду хуми ишкамкалони лабшикаста ҳеҷ ашёе нест. Аз утоқе ба утоқе давр зада, ҳар қадамро санҷида, «лоҳавл» гӯён пеш мегузоштем, то мабодо майн ё ягон маводи тарканда ба пешвозамон нахезад. Ба фармуди ҷаноби полковник Еремеев, ки дар саҳни ҳавлӣ сигоркашон чун сутун истодааст: биниро ба ҳар сӯрох набояд халонд!

Аз хумҳои холӣ якеро ба андозаи қад ошиқона бардошта, боэҳтиёт сарнагун кардам; хуми оҳаррехтаи холӣ аз майи хайёмӣ ба кӣ даркор? Зобитро хуш омад шӯхии ошиқонаи ман. Сарбозҳо аз тоқи баланди утоқи барҳавои манзил (шояд меҳмонхона) як бағал китоб, бо андозаву ҷилдҳои гуногун ва пушту рӯи наву куҳна дарёфт намуда, наздамон оварданд; чашм аз кӯзаҳои холиву хомӯш барканда, китобҳои чангзадаро варақ задам: адабиёти илмӣ, бадеӣ, таълимӣ дар ду забон – форсӣ ва пашту. Як «Қуръон»-и ҷилдаш зарҳалини ниҳоят дилнишин, чопи Лоҳури Покис­тон, бо шарҳу тафсири муфассали Ҳусейн Воизи Кошифӣ низ пайдо шуд. Дарёфти китобҳо ғунчаи гирифтаи дили китобпарасти маро шукуфонд, вале чун соҳибони номуроду фирориашонро ба ёд овардам, шишаи дил дарҳол шикаст. «Эҳ инсон, инсон!, -дарунакӣ оҳ кашид банда, – ту агар аз маънии сураҳои «Қуръон» ва «Забур»-у «Инҷил» оқилона баҳра мебурдӣ, замин билкул аз қатлу куштор эмин мемонд!».

Пас аз муоинаи мухтасар ва анҷоми ҳамон оҳи вазнин ба яғмогарони китоб фармон додам:

– Ин асарҳо ҳама қиссаву афсонаанд. Зуд ба ҷояшон, ба ҳамон тоқи баланд гузоред.

Фармон дарҳол ба иҷро расид ва шодии дил барқарор шуд. Ин ҳам ба хотири ҳақ ба ҳақдор расидан: шояд замоне соҳибони хонаву дар баргарданд ба Тезин ва хурсанд шаванд, ки шӯравиҳо ба гаронбаҳотарин молу мероси онҳо – ба китобҳои ёдгор аз ниёконашон хиёнат накардаанд ва ба хумҳои вожгун ҳам нуқсе нарасидааст.

Аз манзили ба гуфти Зобит «катаи бомбумакидор» ба ҷуз ҳамон тавли холӣ, як тахт китоб ва хумҳои тиҳиву дару тирезаҳои чангзада сӯзане пайдо нашуд. Ҳини берун омадан ба саҳни ҳавлӣ (он ҷо, ки Еремеев дуди сигор мезад), Зобит ба хонаи зеризаминии дару паландаш бозу шикаста ишора кард:

– Тарҷумон-себ, биё саре ба ҳамин таҳковӣ бизанем.

Аз шунидани вожаи «таҳковӣ» (дар форсӣ таҳхона, дар русӣ подвал) шод шудам: бикр ва зебост, вале пешниҳоди роҳбаладро рад кардам:

– Коко, бубин дари бозу қуфли шикас­таи таҳковиятро. Агар чизи арзишманде медошт, қуфли фӯлодин мезаданд ба дараш. Дар мо мегӯянд, сар задан ба дари шикаста шуғли мурғи хонагӣ аст5.

Зобит магар чизе бӯ бурд, ки аз якравӣ даст набардошт ва худ беибо по пеш гузошт:

– Таваккул ба Худо, рапиқ тарҷумон.

Даромад ва шодона зуд берун омад ва хоҳиш намуд:

– Бигӯ, як-ду сарбоз ин ҷо оянд. Ту ҳам биё, тарҷумон-себ, бубин чӣ ғаниматҳост ин ҷо.

Сар задем ба хонаи зеризаминӣ. Воқеан, дуруст гуфтааст Зобити доно: «хонаи гург бе устухон нест»: пур-пур силоҳу мармиву норинҷак ва дигар муҳимоти ҷанг мебинем. Турбаҳо лаб ба лаб баста аз орду қанду шакар, меваи хушк ва дигар анвои хӯрданӣ. Ба нафаре аз сарбозон амр кардам, ки аз манзили ҳамшафат фармондеҳи дастаашонро бихонад назди мо. Омад. Вориди анбор шуд лейтенант ва нидои шодонае дардод:

(Давом дорад)

Мирзо ШУКУРЗОДА,

Корманди шоистаи ҷумҳурӣ, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Айнӣ, дорандаи ордени «Ситораи Сурх»

1. Мошиндор – пулемёт.

2. Саллот – шакли вайроншудаи солдат.

3. Афғонҳо роҳро «сарак» гӯянд.

4. Дар тоҷикӣ айвонак ё болохона гӯянд.

5. Мисраъҳо аз устод Лоиқ дарҳол аз дилам гузашт:

Ҳар кӣ бикшояд дари бикшодаро,

Кори ӯ парвози мурғи хонагист.