Номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд

№9-10(3646-3647) 31.01.2017

Замима ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди

электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

1. Австралия

2. Ҷумҳурии Австрия

3. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир

4. Ҷумҳурии Мисри Араб (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)

5. Ҷумҳурии Аргентина

6. Ҷумҳурии Булғористон

7. Гертсогии Бузурги Люксембург

8. Ҷумҳурии Маҷористон

9. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

10.  Бруней-Доруссалом

11.  Давлати Исроил

12.  Ҷумҳурии Юнон

13.  Ҷумҳурии Халқии Хитой

14.  Ҷумҳурии Ирландия

15.  Ҷумҳурии Исломии Эрон

16.  Ҷумҳурии Исландия

17.  Ҷумҳурии Италия

18.  Канада

19.  Давлати Қатар

20.  Ҷумҳурии Кипр

21.  Ҷумҳурии Эстония

22.  Япония

23.  Шоҳигарии Баҳрайн

24.  Шоҳигарии Белгия

25.  Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

26.  Шоҳигарии Дания

27.  Шоҳигарии Испания

28.  Шоҳигарии Марокаш

29.  Шоҳигарии Нидерландия

30.  Шоҳигарии Норвегия

31.  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

32.  Шоҳигарии Шветсия

33.  Давлати Кувайт

34.  Ҷумҳурии Латвия

35.  Ҷумҳурии Литва

36.  Ҷумҳурии Лубнон

37.  Малайзия

38.  Ҷумҳурии Малта

39.  Иёлоти Муттаҳидаи Мексика

40. 3еландияи Нав

41.  Аморати Муттаҳидаи Араб

42.  Султонати Уммон

43.  Ҷумҳурии Лаҳистон

44.  Ҷумҳурии Португалия

45.  Ҷумҳурии Корея

46.  Ҷумҳурии Индонезия

47.  Ҷумҳурии Хорватия

48.  Руминия

49.  Ҷумҳурии Сингапур

50.  Ҷумҳурии Словакия

51.  Ҷумҳурии Словения

52.  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

53.  Иёлоти Муттаҳидаи Америка

54.  Шоҳигарии Таиланд

55.  Ҷумҳурии Туркия

56.  Ҷумҳурии Тунис

57.  Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

58. Ҷумҳурии Федеративии Германия

59.  Ҷумҳурии Филиппин

60.  Ҷумҳурии Финляндия

61.  Ҷумҳурии Франсия

62.  Ҷумҳурии Чехия

63.  Конфедератсияи Швейтсария

64.  Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ

65. Ҷумҳурии Исломии Покистон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Т», «Н»)

66.  Ҷумҳурии Ҳиндустон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Н»)

67.  Ҷумҳурии Яман (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)

68.  Туркманистон

69.  Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла

70.  Ҷумҳурии Ӯзбекистон (нисбати раводидҳои «Д», «Х», «С», «МОИ», «Н»)

71.  Шоҳзодагии Андорра

72.  Вотикон

73.  Шоҳзодагии Лихтенштейн

74.  Шоҳзодагии Монако

75. Ҷумҳурии Куба

76. Ҷумҳурии Чили

77. Муғулистон

78. Ҷумҳурии Сенегал (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)

Эзоҳ:

Шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.Давлатҳое, ки ба номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд дар асоси  шартномаҳои дуҷониба ё дар асоси рафтуомади бераводиди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар тартиби содаи гирифтани раводидро ба роҳ монанд. Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби содакардашударо муваққатан боздошт намояд.