Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо. Робитаҳои байнипарлумонӣ тақвият меёбанд

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

DSC_9160Чанде пеш дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи 8-уми Кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо оид ба вазъи сиёсии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, рушд дар сиёсати минтақавии Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикис­тону Иттиҳоди Аврупо бо таваҷҷуҳ ба навсозии стратегия барои Осиёи Марказӣ, вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, ҳуқуқҳои инсон ва волоияти қонун дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Ҷаласаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва роҳбари ҳайати парлумонии Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Фулвио Мартушелло ифтитоҳ намуданд. Шариф Раҳимзода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, зеро ин масъала аз авлавияти сиёсати хориҷии кишвари мо ба шумор меравад. Мутобиқи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ, абзори гуногуни муколамавӣ байни ҷонибҳо фаъоланд. Аз ҷумла, баргузории вохӯриҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар сатҳи баланд, аз қабили ҷаласаи Шӯро, Кумитаи ҳамкории парлумонӣ, муколама оид ба ҳуқуқи инсон, муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният ҳамкориро густурдатар мегардонанд.

Зикр гардид, ки чанде пеш мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон баргузор ва дар он масоили рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ, пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкороне, ки ба фаъолияти саноатӣ машғуланд, кам кардани номгӯйи андоз ва ғайра баррасӣ шуданд.

Дар охир аз рӯи масъалаҳои мавриди баррасӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»