Тоҷикобод. Чаро соҳибкорон дар корҳои хайр фаъол нестанд?

№63 (4169) 28.05.2020

ТочикободДар Тоҷикобод баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамияти хоса зоҳир мешавад.

Айни ҳол дар ноҳия беморхонаи марказӣ, се беморхонаи минтақавӣ, панҷ маркази саломатӣ, 21 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази махсусгардонидашуда фаъолият дошта, дар онҳо 58 духтури маълумоти олидор ва 160  корманди миёнаи тиб  фаъолият менамоянд.

Соли 2019 сохтмони бинои дуош­ёнаи муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ (маблағгузор Ҷамъияти хайриявии Тоҷикистон) оғоз гардида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Соли равон, тибқи нақшаи чорабиниҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  ба ноҳияҳои водии Рашт, сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия  бояд оғоз гардад.

Бо вуҷуди пешравӣ камбудиҳо низ мавҷуданд, ки ислоҳи онҳо барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кор дар самти ҳифзи сиҳатии мардум  мадад менамояд.

Дар бемористонҳо нарасидани мутахассисон мушкили асосӣ аст. Барои рафъи ин камбудӣ хуб мебуд дар муассисаҳои таҳсилоти тиббии кишвар аз тариқи квота иловатан ба таҳсил фаро гирифта мешуданд.

Бинои беморхонаи марказӣ солҳои панҷоҳуми асри гузашта сохта шуда, хеле фарсуда гардидааст. Маркази санитарӣ — эпидемиологӣ то ҳол соҳиби бинои маъмурӣ нест. Барои бунёди беморхонаи замонавӣ ва бинои маъмурӣ барои маркази санитарӣ — эпидемиологӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия имконият надорад.

Ҳамчунин, қисме аз бунгоҳҳои тиббӣ дар вагонҳо ҷойгиранд ва шароити кор ба талабот ҷавобгӯ нест.

Аз тариқи воситаҳои ахбори умум хуб огоҳӣ дорем, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллат соҳибкорон дар ободонӣ саҳм мегузоранд. Онҳо иншооти гуногун, майдонҳои варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ, корхона ва роҳ бунёд намудаанд.

Хуб мебуд, соҳибкорони ноҳияи Тоҷикобод низ дар бунёди бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии деҳаҳо ҳиссагузорӣ кунанд. Ин кори хайр буда, туҳфаи арзандаи онҳо ба сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мегардад.

Ба дунё омадану рафтан ҳунар нест. Ба дунё омадан ва барои ҷомеа кори нек анҷом додан, бо саховату ҷавонмардӣ байни мардум машҳур шудан, волотарин давлат аст. Бузурге фармудааст: «Чӣ хуштар дар ҷаҳон аз номи некӯст?» Ҳақ ба ҷониби ӯст ва ҳар фарде, ки дар пайравӣ ба Пешвои миллат барои ободии мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳм гузорад, бешак дар қатори некмардон ҷой хоҳад гирифт.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»