Тоҷикобод. Даври аввали «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид

№83 (4033) 11.07.2019

Ҳафтаи сипаришуда дар ноҳияи Тоҷикобод даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии он раиси ноҳия Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Қурбон, намояндагони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон иштирок намуданд.

Озмун бо мақсади сазовор ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷрои саривақтии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16 ноябри соли 2018, № АП 1127) ва қарори раиси ноҳияи Тоҷикобод (аз 14 декабри соли 2018, №871 ) сурат мегирад.

Тибқи иттилои масъулин, ҳадафи асосӣ аз он оммавигардонии равияҳои гуногуни мусиқии касбӣ, муаррифии истеъдодҳои нав, фароҳам овардани шароит баҳри дарёфти истеъдодҳо ва гурӯҳҳои ҳунарӣ дар байни нав­расону ҷавонон дар самти равияҳои гуногуни жанрҳои сарояндагӣ, мусоидат дар ташаккули завқи зебоипарастӣ ва баланд бардоштани малакаи иҷрокунандагӣ, дарёфти роҳҳои нави ғанӣ ва мукаммал гардонидани репертуари сарояндагон бо асарҳои нав, омода намудани ҳунармандон ба озмуну фестивалҳои сатҳи байналмилалӣ, баланд бардоштани нуфузи мусиқии касбӣ ва анъанавии тоҷик, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунари миллӣ, тарғиби ашъори шоирони классику муосир, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина тарбияи худшиносии миллӣ ва маънавии ҷомеа дар даврони бархӯрди тамаддун ва ҷаҳонишавии фарҳанг мебошад.

Ҳайати ҳакамон бо сардории муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Назризода Маҳмадтоир ва аъзои он — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Ҳикматулло, мудири бахши фарҳанг Саломуддин Кобулиев, сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» Баҳодур Абдусатторов, мудири маорифи ноҳия Маҳмадрасул Гулов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Суҳроб Ваҳҳобов ва мудири бахши кор бо занон ва оила Меҳринисо Гадозода ба маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён баҳои баланд дода, аз 53 нафар иштирокчӣ 18 нафар беҳтаринро муайян ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.

Дар ҷамъбасти даври аввали озмун, ки аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ баргузор гардид, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ғолибон ифтихорнома тақдим карда шуд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»