Қубодиён. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рӯ ба афзоиш аст

№114 (3594) 03.09.2016

Изображение 296Мусоҳиба бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Абдураҳмонзода Саидумрон Назар

- Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи барномаҳои соҳавӣ, ки ба тавсеаи минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи бештар дода шудааст. Дар ноҳия чунин барномаҳо қабул шудаанд ва татбиқи онҳо чӣ гуна амалӣ мегардад?

- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 декабри соли 2015 таҳти №797 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид. Он 103 лоиҳаро бо маблағи умумии 108 млн. 045 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Аз шумораи умумии лоиҳаҳо 40-тои он бо маблағи 57 млн. 750 ҳазор сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 41 лоиҳа ба маблағи 34 млн. 975 ҳазор сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Сарчашмаҳои маблағгузории барномаи мазкур аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, маҳаллӣ, сармоягузории хориҷӣ, хоҷагиҳои деҳқонию соҳибкорон, дигар маблағгузориҳо таркиб ёфтааст.

Дар нимсолаи якуми соли равон чор лоиҳа дар бахшҳои маорифу тандурустӣ амалӣ гардид. Татбиқи ин лоиҳаҳо ба рушди бахшҳо ва баланд бардош­тани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

- Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва воридоти қисми даромади буҷети маҳаллӣ вобаста аст. Дар ин бахшҳо ба чӣ гуна даст­овардҳо ноил гардидед?

- Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 301 млн. 527,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин давра дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо пешравиҳо ба назар расиданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 33 млн. 450,7 ҳазор сомониро (102,8 фоиз) ташкил дод. Нақшаи истеҳсоли нахи пахта, маҳсулоти нимтайёри доруворӣ, маҳсулоти фарматсевтӣ, консерваи меваю сабзавот, маҳсулоти сохтмонӣ пурра иҷро гардид.

Дар ин давра ба тараққиёти бахши кишоварзӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 16922 гектар кишт гузаронда шуд. Аз зироатҳои киштшуда, ҳосили дилхоҳ ба даст омад. Аз ҷумла дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ки 3600 тонна пешбинӣ мешуд, 4275 тонна (137 фоиз) иҷро гардид.

Пешравиҳо имкон фароҳам оварданд, ки буҷети ноҳия ғанӣ гардад. Воридоти андозҳои маҳаллӣ 10.471.663 сомониро ташкил дод, ки баробари 101 фоизи нақша мебошад.

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони саховатпеша ба маъюбон, кӯдакони ятим, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои эҳтиёҷманд 149970 сомонӣ кумаки яквақтаина расонда шуд.

- Шароити муассисаҳои иҷтимоӣ, маорифу фарҳанг чӣ гуна аст ва барои фаъолияти беҳтари онҳо чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоиёт ва маънавиёт, шуъбаву бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, баҳри иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», дигар барномаҳои давлатӣ, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин давра корҳои назаррас амалӣ гардиданд.

Ҳоло дар ноҳия 52 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 мактаби таҳсилоти асосӣ, 2 гимназияи давлатӣ, гимназияи хусусӣ, мактаб-парваришгоҳ, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, маркази технологияҳои компютеркунонӣ, маркази рушди дарёфт ва истеъдодҳо ва 4 боғчаи бачагона фаъолият менамояд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия соли таҳсили 2015-2016-ум 36368 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд, ки аз он 17539 нафараш духтарон мебошанд. Ба онҳо 1948 нафар омӯзгор дарс доданд, ки аз он 1214 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд.

Аз 69 муассисаи таълимии ноҳия роҳбарии 18 муассисаи таълимӣ ба зиммаи занҳо вогузор шудааст.

Бояд қайд намуд, ки марказҳои инкишофи кӯдак дар назди 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия амал мекунад, ки дар онҳо 605 нафар, аз он ҷумла 215 нафараш духтарон таълиму тарбия гирифта истодаанд. Иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия 100,3 фоизро ташкил менамояд.

Ба муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Қубодиён» барои соли хониши 2015-2016 тибқи нақша 278 нафар хонанда қабул шудааст. Онҳо баъди хатм соҳиби ихтисосҳои кафшергари барқӣ, дӯзандагӣ, барқчӣ, мутахассиси компютер, тракторчӣ ва ронандаи дараҷаи «С» мегарданд.

Ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар ноҳия 3 беморхонаи рақамӣ, маркази саломатии марказӣ, 16 маркази саломатии деҳот, 33 бунгоҳи тиббӣ ва ғайра ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

Дар муассисаи кумаки аввалияи тиббии ноҳия 58 нафар духтури маълумоти олидор ва 230 нафар корманди миёнаи тиббӣ фаъолият менамоянд.

Баҳри эҳё сохтани анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маданияту фарҳанг, тарбияи фарҳангии мардум кормандони бахши фарҳанг як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Бахши фарҳанги ноҳия аз 4 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, мактаби бачагонаи санъат ва 18 китобхонаи оммавӣ иборат буда, 83 нафар корманд доранд, ки аз онҳо 41 нафараш зан мебошанд.

Баҳри иҷрои «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» дар ҷамоатҳои деҳот аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯриву суҳбатҳо ва чорабиниҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронида шуд.

Дар ноҳия 86898 нафар зан зиндагонӣ намуда, аз онҳо 50026 нафараш қувваи қобили меҳнат мебошанд. Айни ҳол 126 нафар зан дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.

Бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия як мактаби варзишии кӯдакону наврасон фаъолият дошта, дар он 14 мураббӣ бо фарогирии 393 нафар наврасу ҷавон, аз он ҷумла 67 нафар духтар дар гурӯҳҳои таълимӣ аз рӯи 11 намуди варзиш машғулият мегузаронанд.

Дар ноҳия 8 варзишгоҳ, 7 толори варзишӣ, 51 майдончаи варзишӣ барои футбол ва ғайра фаъолият доранд.

Соли ҷорӣ варзишгарони ноҳия дар 4 мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 87 медал, аз ҷумла 1 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гаштанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён аз тамоми имконият истифода мебарад, то ки ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор истиқбол гирифта шавад.

 Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»