Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо

Уфуқҳои нави ҳамкорӣ

№42 (3992) 16.04.2019

вапЯк сол муқаддам дар сарнавишти халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯйдоди тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст. Бо кӯшишу эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадии таи 20 сол баста аз нав кушода шуд ва муносибатҳои ду кишвар на танҳо барқарор шуд, балки самтҳои тозаву нав пайдо кард.

Заминаи эҳёи ҳамкориву дӯс­тиро роҳбарони ҳар ду давлат охири соли 2016 гузошта буданд. Тибқи дастури роҳбарони ду давлат комиссияи байниҳукуматӣ оид ба эътидол овардани муносибатҳо фаъолиятро ба роҳ монд. Дар натиҷа, 31 январи соли 2017 мулоқоти намояндагони Палатаи савдо ва саноати ду кишвар баргузор гардид ва дере нагузашта дар асоси мувофиқаи бадастомада дар шаҳри Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон доир шуд. Дар он 160 ширкати истеҳсолии Ӯзбекис­тон 1500 намуд молу маҳсулот, аз ҷумла, трактору комбайнҳои пахтачин, воситаҳои нақлиёти сабукраву боркаш, мусофиркаш ва маҳсулоти озуқавориро ба намоиш гузоштанд. Дар ҳамоиш ба маблағи 50 млн. доллари амрикоӣ оид ба хариди маҳсулоти кишвари ҳамсоя шартнома ба имзо расид. Моҳи апрел бошад, хатсайри ҳавоии «Душанбе — Тошканд» аз нав ба фаъолият оғоз кард. Моҳи октябри ҳамон сол намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар он ҷо низ барои харидории маҳсулоти Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон шартномаи зиёд ба имзо расид.

Соли 2018-умро соли таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ барои ҳар ду мамлакат номидан мумкин аст, зеро зиёда аз 50 вохӯриву мулоқот, бизнес-форум ва намоиши маҳсулоти саноатӣ барпо гардид. Тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар нуҳ моҳи соли 2018 зиёда аз 2,5 млн. сокини ду кишвар ба дидори якдигар расидаанд. Дар ин сол ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 март) басо хотирмон ва пурсамар буд.  Дар раванди гуфтушунидҳо сарони ду давлат 27 ҳуҷҷати сарнавиштсозро ба имзо расониданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳорот таъкид доштанд, ки «мулоқоту гуфтушунидҳоямон воқеан ҳам аз бисёр ҷиҳат таърихиву сарнавиштсоз буданд. Онҳо дар таҳкими муносибатҳои ду давлат ва баромадан ба сатҳу сифати нав заминаи эътимоднок хоҳанд гузошт».

Зимни гуфтушунид, дар самтҳои савдою иқтисод, фарҳангу мудофиа як зумра ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ба имзо расиданд, ки самараи нек дода истодаанд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон 56 ширкати истеҳсолии Ӯзбекистон масолеҳи бинокорӣ, электротехника, автобусу автомобил ва маҳсулоти бофандагиро ба фурӯш гузоштаанд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки бо дарназардошти он ки НБО «Роғун» на танҳо аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ дорад, ширкати ҷумҳурии ҳамсоя дар бунёди ин маскани нур ба манфиати кор аст.

Ташрифи ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон (17-18 август) сафари давлатии таърихиву сарнавиштсози халқҳои тоҷику ӯзбек номидан мумкин аст. Зеро ба имзо расонидани 30 ҳуҷҷати муҳим эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони ҳамкориҳои мутақобилан судманд боло бурд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни баромад дар маҳфили «Шоми дӯстӣ» изҳор дошт: «Ману бародарам тамоми масъалаҳое, ки ба муносибатҳоямон дахл доранд, баррасӣ ва ҳаллу фасл кардем».

- Гуфтушуниду мулоқот ва ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои ҳамҷавору бо ҳам дӯст сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба дараҷаи сифатан нав мебарорад, — таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Шоми дӯстӣ».

Дар ин сафари Роҳбари давлат ҷиҳати самаранок истифода бурдани оби дарёи Зарафшону дар ҳамдастӣ бунёди ду неругоҳ бо иқтидори 320 мегаватт ва оби зулолу ошомидании кӯли Сарезро барои эҳтиёҷоти ҳар ду халқ истифода бурдан мувофиқа ҳосил шуд. Инчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ, муҳаққиқону мутахассисон дар изҳорот зикр ёфт. Лаҳзаи басо ҳассосу фаромӯшношуданӣ, албатта, қадршиносии Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон бо мукофоти олии давлатӣ – ордени «Эл юрт ҳурмати» буд. Ҳамин гуна қадршиносии ҷавобӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба аҳли зиёву илму ҳунари ҷумҳурии ҳамсоя 30-31 август дар арафаи 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ба ҷо оварда шуд.

Ҳамчунин, дар  шаҳри Душанбе Боғи ба номи Мир Алишер Навоӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон «ТАЛКО-Карантас» таъсис ёфт. Дар асоси шартнома ҳар сол «ТАЛКО» барои эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10 ҳазор тонна алюминий ирсол мекунад.

Ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ миёни МИҲД-и вилоятҳои Суғду Самарқанд ва Хатлону Сурхондарё ба рушди робитаҳо мусоидат менамояд. Ин аст, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Хуҷанд, дар заминаи  заводи «Торгмаш», корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба истеҳсоли трансформатор ба истифода дода хоҳад шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамкориҳо дар дигар самтҳо, аз ҷумла, маориф ва илм низ, вусъат ёфтааст. Макотиби олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекис­тон шартномаи ҳамкориро барои тайёр кардани мутахасисон ба имзо расониданд. Дар ин асос теъдоди донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҷавонон-шаҳрвандони Ӯзбекистон сол аз сол зиёд шуда истодааст. Танҳо дар ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров 300 шаҳрванди ҷумҳурии ҳамсоя дар факултаҳои гуногун таҳсил доранд. Дар ин радиф ширкати олимони Ӯзбекистон дар анҷуманҳои илмии Тоҷикистон зиёд хоҳад шуд. Дар ин замина 18-20 октябри соли гузашта дар шаҳри Панҷакент таҳти унвони «Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон мустаҳкамтар хоҳад шуд» конфронси илмӣ — назариявӣ баргузор гардид. Олимони тоҷик низ дар анҷуману ҳамоишҳои илмии Ӯзбекистон иштироки фаъолона доранд. Зумрае аз онҳо моҳе муқаддам ба шаҳри Тошканд барои ширкат дар маҳфили «Навоихонӣ» сафар карданд.

Муносибат дар самти фарҳанг низ рушду такомул дорад. Далели ин гуфтаҳо гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, сафари Театри мусиқӣ — драмаи ба номи Муқимӣ ба Душанбеву Суғду Хатлон аст. Телевизиони марказии Ӯзбекис­тон бошад, барномаи мусиқиеро таҳти унвони «Ду тараф» пахш карда истодааст, ки дар он ҳунармандони маъруфи ду кишвар бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ суруд мехонанд. Ба илова, ҳофизони машҳури ӯзбекистонӣ Ортиқ Отаҷонов ба шаҳри Конибодом,  Шералӣ Ҷӯраев ба Хуҷанд, Ғуломҷон Ёқубову Озодбек Назарбеков, Юлдуз Усмонова ва дигарон сафарҳои эҷодӣ намуданд.

Ҷамъбасти мантиқии беҳтар гардидани муносибатҳои неки ҳамсоягиро Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бозгӯйӣ намуданд: «Бо иродаи қавии роҳбарони ҳар ду давлат дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи мушкилоту масъалаҳои солҳои тӯлонӣ дар байни ду кишвари ҳамсоя бавуҷуд­омада ҳаллу фасл гардида, барои амалӣ шудани нияту орзуҳои деринаи ҳалқҳои бародари мо заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд. Ва муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ бардош­та шуданд…».

Умуман, дӯстиву рафоқати қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ — тоҷику ӯзбек дар паноҳи сиёсати хирадмандонаву бунёдгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев беш аз пеш таҳким меёбад.

Рустамҷон Юлдошев, номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров,

Мирзоаъзам Мақсудов«Садои мардум»