Умре бо халқ

№151 (3788) 21.12.2017

DSC_0140Дер боз ӯро мешиносам. Дар комсомол ҳамсаф  будем, ба қавле дар як дег меҷӯшидему мепухтем. Мактабдидаи комсомол корро дидаву гапро санҷида мегӯяд. Ӯ пас аз хатми Донишкадаи аграрии Тоҷикистон корро аз ҳамин ниҳод оғоз намуд.

14 апрели соли 1977 водии Вахш ба вилояти Қӯрғонтеппа табдил ёфт. Аввалин котиби якуми ҳизби коммунист дар  вилояти навбунёд Ғоибназар Паллаев таъин гардид. Ӯ қарор дод, ки кадрҳои роҳбарикунандаро асосан аз мардуми ҳамин водӣ интихоб ва таъин намояд. Ман, ки дар Кумитаи комсомоли ноҳияи Қумсангир (Ҷайҳуни ҳозира) фаъолият доштам, ба ҳайси котиби кумитаи комсомоли вилоят ба кор даъват шудам.

Амиршо Миралиев  он замон вазифаи мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва ҷавонони деҳоти Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Он солҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ  сохтмони иншооти азим Шоҳроҳи Байкалу Амур (БАМ), Атоммаш, Заводи автомобилсозии КАМСК (КАМАЗ), дар Тоҷикис­тон «Алюминстрой», «Тоҷикхимпром», азхудкунии водиҳои Бешкенту Қарадум ва ғайра ҷараён доштанд. Бунёд­корӣ асосан бар дӯши комсомолон вогузор буд.

Амиршо Миралиев бо тақозои вазифа ба вилоят меомад. Котиби якуми кумитаи комсомоли вилоят Асадулло Одинаев дар сафари корӣ бо ӯ баъзан маро ҳамроҳ мекард. Дар ҳамон  сафарҳо ман аз ӯ бисёр чизҳо омӯхтам: масъулиятшиносӣ, одаму одамгарӣ, фурӯтаниву хоксорӣ.

Дар он айём ҷоеро обод намудан саҳлу осон набуд. Вале ман, ки ӯро хуб мешинох­там, як чизро медонистам: Вай ба қавли худ устувор аст.

Номбурда одамонро ҳеҷ гоҳ ба синну сол, мартабаю вазифа, худию бегона, қавму миллат ҷудо намекунад. Ба ҳама баробар ва ёру бародар аст. Ӯ соҳиби ақлу идроки воло, фаҳму фаросати олӣ ва инсоншиносу равоншиноси модарзод аст. Бо деҳқон деҳқон, бо бинокор  бинокор, бо чорводор  чорводор, бо санъаткор санъаткор аст.

Бо тақозои вазифа қариб дар ҳама ҷамъомаду маҷлисҳои ҳукумати вилоят ширкат мекардам. Баъзе раисони шаҳру навоҳӣ ё роҳбарони  идораю корхонаҳои вилоятӣ он замон ҳангоми гуфтугӯву пурсуҷӯ гоҳо собиқ раисони вилоятро фиреб медоданд. Раис боварашон мекарду бо ҳамин ҷонашон раҳо меёфт. Аммо бо Амиршо Миралиев ҳеҷ вақт чунин муомила ва муносибат ба кор намерафт. Камбудиашонро меёфт, дурӯғашонро ошкор месохт ва пайдост, ки бе ҷазо намемонданд. Худ, ки ростгӯву ростқавл  аст, каззобу дурӯғгӯёнро чашми дид надошт.

«Доим рост бигӯед, рост зиндагӣ кунед ва рост бимиред», — таъкид менамуд вай. Шоир гуфтааст:

Якеро к-одат бувад ростӣ,

Хатое равад, даргузоранд аз ӯ.

Ва гар номвар шуд ба қавли дурӯғ,

Дигар рост бовар надоранд аз ӯ.

Одамонеро дӯст намедорад, ки номи ӯро ба манфиати худ истифода баранд. Ин тоифаро ҳамон замон аз вазифа сабукдӯш месохт.

Табиатан меъмор аст Амиршо Миралиев. Камбудии иморати сохташудаистодаро зуд мебинаду меёбад ва меъмори онро таъкид месозад, ки агар тарҳи онро ба ин тарзу он тарз эъмор мекардед, бино боз ҳам зеботару мус­таҳкамтар мебаромад. Аз ин рӯ, иншооте, ки дар даврони роҳбарии Амиршо Миралиев дар шаҳру навоҳии вилоят бунёд шудаанд, хуштарҳу зебо ва ба талаби замон мувофиқу муносибанд.

Вақте ки ӯ ба ҳайси раиси вилояти Хатлон омад, корро аз таъмиру азнав­созии  бинои ҳукумат сар кард, зеро он солҳо ҳамчун бинои ҳизби коммунист хидмат кардаву фарсуда шуда буд.

- Бинои ҳукумат бояд аз дигар иморатҳо фарқ намояд, — ақида дошт ӯ. Бинобар ин, онро ба таври шинох­танашаванда дигаргун сохт. Аз ҳисоби маблағи давлат не, соҳибкорон, ёру рафиқонашро истифода бур­д.                                                                                                                                           Бо ташаббуси Амиршо Миралиев шаш фабрикаи ресандагӣ дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппаю Кӯлоб, Бохтар, Фархору Восеъ, се корхонаи муштараки коркарди пилла дар Кӯлобу Сарбанд ва Данғара, бисту нуҳ корхонаи коркарди пахта, ду корхонаи коркарди пӯсту пашм, ҳафт корхона ва сехҳои коркарди меваю сабзавот сохта шудааст. Ҳамаи ин аз такопӯву ҷаҳду талоши ӯ дарак медиҳад, ки ба хотири пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят ва беҳдошти зисту зиндагонии мардуми он ба субут расонидааст.

Маҳз ҳамон солҳо фаъолияти корхонаҳои муштараки «Дарвоз»-и ноҳияи Ховалинг, «Тоҷик-Азот»-и шаҳри Сарбанд, «Кимиё»-и ноҳияи Ёвон бамаротиб беҳ гашт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии «Тоҷик Азот»-и шаҳри Сарбанд, «Ветнам-Силк»-и шаҳрҳои Кӯлобу Сарбанд, ноҳияи Данғара на танҳо ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ баробар шуд, балки аз он ҳам пеш гузашт.

Амиршо Миралиев овони роҳбарӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари расмӣ дошт. Дар вилоятҳои Қундузу Балх меҳмонони хатлониро хуш пазируфтанд. Онҳо  корхонаҳои саноатии ҳар ду вилоятро тамошо карданд. Амиршо Миралиев ҳамчун роҳбари гурӯҳ дар ҳар ду вилоят назди роҳбарону мутахассисон ва мардуми одии афғон суханронӣ кард. Мекӯшид, ки баробари мустаҳкамсозии дӯс­тии байни мардуми тоҷику афғон онҳоро ба Хатлон ҷалб созад.

- Ман ҳамроҳ тоҷиронро овардаам, — мегуфт ӯ. – Марҳамат, биёед, ҳамкорӣ мекунем. Ин ба манфиати вилоятҳо хоҳад шуд.

Интизомро мепарастад. Онро аввал худ риоя мекард, сипас аз дигарон талаб менамуд.

- Интизом он нест, ки аз саҳар то бегоҳ дар идора бошию лекин коре накунӣ, — ҳамеша таъкид месохт вай. – Интизом он аст, ки манфиатат ба халқу ҷамъият расад, кори имрӯзаат аз дирӯза нафъовар ва бобаракат бошад. Навоварӣ ва пешравие дошта бошӣ.

Пас аз соати шаши бегоҳ утоқ ба утоқ гашта, ба касоне, ки дар ҷои кор нишастаанд, мегуфт:

- Чаро беҳуда менишинӣ? Ҳамин қадар кор кардӣ, бас! Акнун бирав. Дам гир, барои пагоҳ неруи тоза ҷамъ овар.

Боре, баъди нимарӯз, марде ба ҳукумати вилоят омада, ба милисаҳои дарбон мегӯяд, ки ман ҳамхизмати Амиршо Миралиев ҳастам, мехоҳам бо ӯ дидор бинам. Мувофиқи қоида дарбон ба қабулгоҳи раиси вилоят занг мезанад ва ӯро аз омадани меҳмон огоҳ месозад.

- Ман хона дорам, бародар! — мегӯяд ба дарбон, — ин ҷо бо кори давлат бандам. Вақту фурсати меҳмонро қабул кардан надорам. Ба меҳмон бигӯед, ки бегоҳ ба хонаам равад.

Аз ин хусус менависаму як лаҳзаи даврони ҷавонӣ, замони дар Кумитаи комсомоли ноҳияи Ҷайҳун кор карданам ба хотир меояд. Солҳои 1975-1977 буд. То нисфи шаб кор карда, хастагиро намедонистем. Боре, тақрибан соат даҳи шаб буд, ҳамроҳи котиби комсомол Инъомҷон Султонов машғули кор будем. Банохост Амиршо Миралиев (ҳамчун намояндаи Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон) ва котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳия­ Қобилҷон Зулматов даромаданд. Амиршо Миралиев  баъди саломуалейк аввал моро таъриф кард. Пас рӯ ба Қобилҷон Зулматов оварду гуфт:

- Чаро инҳо то бевақтии шаб кор мекунанд? Хонаву дар надоранд магар? О, инҳо ҳам инсонанд, ҳаққи истироҳат кардан доранд, — баъд ба мо рӯ овард, — Равед, дам гиред!

Одате дошт, ки шабонгоҳ пиёда, танҳо ба сайругашти шаҳр мебаромад. Агар ягон камбудиро медид, таҳти назар мегирифт. Пагоҳ барвақт раиси шаҳрро ба утоқи корӣ даъват намуда, дастуру супориш медод.

Раиси шаҳр медонист, ки Амиршо Миралиев шаб боз ба тамошои шаҳр мебарояд. Аз ин рӯ, зуд аз паи ислоҳи камбудиҳо мешуд.

Соли 2006 буд. Он вақт роҳбарии яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Ҷайҳунро ба зимма доштам. Раиси вилоят Амиршо Миралиев маро наздаш даъват карду гуфт:

- Ҷои ту хоҷагӣ нест. Ҳарчанд, хуб медонам, ки аз уҳдаи роҳбарӣ мебароӣ. Ту аз аввал корманди соҳаи идеологӣ будӣ ва бояд то ба охир дар ҳамон ҷода бимонӣ. Вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи «Дӯстлик»-ро ба зимма мегирӣ. Теъдоди нашрашро зиёд мекунию мазмуну мундариҷаашро ҳам дигаргун. Дар ин масъала ёрӣ мерасонам.

Ёрӣ ҳам расонд. Адади нашри рӯзнома аз дусад нусха имрӯз ба 3800 адад расидааст. Кадрҳои хуб ҳам ёфтему тарбия кардем…

Бале, Амиршо Миралиев умре бо халқ буду ҳаст ва халқ низ ҳамеша бо ӯст.

Тошмат ТЕМИРОВ,

сармуҳаррири рӯзномаи

«Дӯстлик»-и вилояти Хатлон