Ҳушёриву зиракии мардум ғаразҳои нопоки бадхоҳонро ба хок яксон кард

№108 (3588) 18.08.2016

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва бунёду эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона, шароиту заминаи воқеӣ ба миён овард. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар тамоми манотиқи кишвар ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ, ҳифзи ҳуқуқ барқарор гашт, артиши пурқуввати миллӣ таъсис дода шуд.

Тавре Сарвари давлат дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ изҳор карда буд: «Мо вазифадорем нахуст амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, фаъолияти милитсия, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро таҳким бахшем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад».

Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ  баръало маълум буд, ки гурӯҳҳои бадхоҳу манфиатҷӯ барои ноил шудан ба ҳадафҳои олуда бо ғаразҳои нопоки худ дар пайи мувоҷеҳ сохтани Истиқлолияти кишвар бо мушкилот буданд. Аммо ҳушёриву зиракии мардум ва ваҳдату якпорчагӣ ҳама гуна ғаразҳои нопоки бадхоҳонро ба хок яксон кард ва тоҷикон тавонистанд истиқлолияти худро аз ҳар гуна хатар эмин нигоҳ доранд.

Аз он рӯзи таърихӣ 25 сол сипарӣ гардид. Тӯли ин муддат мардуми Тоҷикистон тавонистанд якпорчагии миллатро ҳифз кунанд ва ба дастовардҳои Истиқлолият арҷ гузоранд. Метавон гуфт, ки тӯли ин муддат ҳама соҳаҳои кишвар ба худ як раванди тозаеро касб карданд.

Мактабу маориф, мақомоти судиву прокуратура ва дигар ниҳодҳои қудратӣ комил гаштанд ва дар маҷмӯъ як сохтори бузурги миллӣ рӯи кор омад. Аҳзоби мухталиф низ дар доираи қонунгузории кишвар вориди майдони сиёсат шуданд.

Истиқлолият чун шиносномаи миллат Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард ва давлатҳои ҷаҳон моро чун кишвари мустақил эътироф ва намояндагиҳои худро дар маркази пойтахтамон шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд.

Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр тавонист соҳиби Парчам, Нишону Суруди миллӣ, пули миллӣ гардад ва арзишҳои волои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоиро соҳиб гардад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид дошт: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

Воқеан ҳам, дар тӯли 25 соли соҳибистиқлолӣ ҳар тоҷику тоҷикистонӣ тавонист дар зери парчами Истиқлолият ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо умед ба ояндаи нек гомҳои устувор гузорад ва ҷиҳати ҳифзи арзишу муқаддасоти миллӣ аз тамоми имконоти дар ихтиёрдошта васеъ истифода барад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт чунин гуфт: «Ман борҳо таъкид карда будам, ки мардуми огоҳ ва дорои сатҳи баланди маърифати сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ неруи ғаразнок ба доми худ кашида наметавонад, зеро огоҳиву ҳушёрии мардум худ пояи асосии суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ мебошад».

Ин ҳақиқат аст, имрӯз, ки суботи сиёсӣ комилан пойдор аст, ҳеҷ неруи бадхоҳе наметавонад дигарбора миллатро ба доми худ кашад. Соҳибистиқлол будан равзанаи умед барои ҳар тоҷику тоҷикистонист.

Лайлӣ Мӯсоева,  нотариуси давлатии Саридораи  нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон