Ҳусни маънӣ нагузорад, ки ту аз ёд равӣ

№41 (3991) 13.04.2019

М.ШерализодаЧордаҳуми апрел зодрӯзи падари бузургворам Муродулло Шерализода аст. Нафаре, ки аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад. Шахсе, ки бо куштани ӯ нотавонбинони наҳзатӣ аҳдофи муғризонаро рӯнамоӣ карданд. Марги падарам моҳиятан оғози рукуди кишвар буд. Падарам замоне ба қатл расиданд, ки бинобар фалаҷшавии аркони давлатдорӣ ва набудани иродаи сиёсии роҳбарони вақт рӯбаҳакони хурофотии наҳзатӣ худро шер пиндошта, «обро лой карда, моҳӣ медоштанд».

Ҳамон вақт дар хусуси чунин ашхос падарам навишта буданд: «Шунидаам, ҳастанд зумрае ҳамарӯза бо васвасаи шайтон аз китфи чап бо як ният аз хоб мехезанд. Ва он ният ин аст, ки имрӯз ҳам аз иғвохалтаю дасисатӯрбаи худ порае ба атроф партоб кунанду бозори ҳангоматалабонро гарм созанд. Агар шуду дасисаю иғвои навбатӣ ба ҳадаф расид, ин зумра ҳамон рӯзро бо табъи болида паси сар мекунанд ва агар не, рӯзашон сиёҳу шомашон торик, авқоташон талху шабашон ҳаром мегардад».

Аз падар хотироти ҷолиби зиёд дорам. Муҳимтар аз ҳама, шеваи басо латиф доштанд. Кам сухан мегуфтанду оқилона ҳарф мезаданд, одамонро ба накукорӣ ҳидоят мекарданд, аблаҳонеро, ки бо бадкирдорӣ дилхушӣ мекарданд, аз табори инсон намеҳисобиданд.

Қиблагоҳам 5 майи соли 1992 қурбонии нахустини роҳи истиқлолият ҳангоми адои вазифа ҳамчун вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Шӯрои Олӣ гардиданд. Тири ҳуққабозон, бехирадон, номардон риштаи умри ӯро канд.

Рафтору гуфтору амалҳои падарам барои ҳар як инсони дорои ақлу заковат мактаби бузурги ахлоқи ҳамида, одоби баланди инсонӣ буд. Ҳатто сухани одитаринашон, ки гирди лабони пур аз табассумашон нақш мебаст, бузургтарин ҳарифро мағлуб мекард. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯям, ки дар суханонашон сеҳре буд, ки аз дили пур аз меҳри инсонӣ фаввора мезад ва ҳамчун оби ҳаёт хашми алангазадаи рақибро хомӯш мекард.

Бо дарки масъулият мегӯям: Падарам нисбат ба халқу миллат ва давлат ­эътиқоди қавӣ дошт. Бештар аз дигарон аз даҳшати ҷанг воқиф буд. Солҳо дар Афғонистон хизмат карда буданд ва нисбат ба онҳое , ки ин мардум­ро ба даҳшат оварданд, бо нафрат сухан мегуфтанд.

Ҳодисаҳои ҳамондавраи Афғонистон ва воқеаҳои дохилии Тоҷикистонро, ки нав сӯи истиқлолият қадам ­мегузошт, таҳлил намуда, роҳбарони вақтро ҳушдор дода буданд, ки душманони дохилию хориҷӣ дар кӯшиши ноором кардани кишвар ҳастанд. Бояд ҳушёр бошанд. Сад афсӯс, ки нотавонбинону адӯпарас­тону манфиатҷӯён барои манфиати шахсӣ ҳазорон ҷавони барӯманд, мисоли падари маро, ба коми фано бурданду ҳанӯз ҳам баъзе аз онҳо аз таърих панди ибрат нагирифтаанд.

Падарам аввалин сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»-нашрияи Шӯрои Олӣ (ҳоло Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) буданд ва ин ном низ бо пешниҳоди он кас ба рӯзнома дода шуд, то ин ки мардуми шарафманди тоҷик аз минбари он фикру андеша, розу ниёз баён намоянд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар кӯтоҳтарин муддат тавонистанд лаёқатмандтарин рӯзноманигоронро ҷамъ оранд ва рӯзномаи барои мардуми ҷумҳурӣ дардошноро таъсис диҳанд.

Аз мушоҳидаҳоям мегӯям, ки падарам амалҳои зиштро ҳамеша маҳкум мекарданд. Бо дуруғгӯӣ, диле, ки қасди бадро мепарастад, пойҳое, ки сӯи бадӣ мешитобад, шоҳиди козибе, ки суханони дурӯғ мебофад ва шахсе, ки дар байни бародарон ситеза меангезад, муросо намекарданд. Падарам қуд­рати шунида тавонистани шахси дигарро дош­танд. Ҳеҷ гоҳ сухани ҳамсуҳбатро намебуриданд ё эрод намегирифтанд. Ба иззати нафси касе намерасиданд. Ҳамсуҳбатонаш борҳо эътироф кардаанд, ки каломи падарам монанди навои мусиқӣ дилнишин буд. Зиндагиву фаъолияти меҳнатии ӯ барои мо — фарзандон мактаби бузурги маънавӣ, ақлу заковат ва ахлоқи ҳамида буду ҳаст.

Барои мо – фарзандон мояи ифтихор аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон борҳо падари моро ёдоварӣ кардаанд. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониашон 16 июни соли 1993 зикр карда буданд: «Дар он рӯзҳои беҳокимиятӣ аз ҷониби хоинони миллати тоҷик депутати мардумӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», инсони поктинат Муродуллоҳи Шералӣ ба қатл расонида шуд. Ӯ марде буд, ки тамоми ҳаёти худро барои муттаҳидию якпорчагии ҷумҳурӣ, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон сарф мекард. Суханони пурмаънию ҷозибадори ӯ дар сессияҳои Шӯрои Олӣ ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳанд».

Хушбахтона, имрӯзҳо ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар кишвар сулҳу ваҳдати комил пойдор асту зиндагӣ рӯз то рӯз беҳбудӣ меёбад. Итминони комил дорам, ки рӯҳи падари бузургворам ин ҳама самараи истиқлолиятро мебинаду меболаду ­мефахрад…

Эраҷ ШЕРАЛИЕВ