Ваҳдат ба таҷлили 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ омода аст

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

mqdefaultТибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол тантанаҳои асосии ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.

Ваҳдат яке аз шаҳрҳои саноатию кишоварзии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, сол то сол ободтар гардида, симои худро тағйир додааст.

Баъд аз қабул гардидани қарори зикршуда сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар як муддати кӯтоҳ бинои баландошёнаи истиқоматии 20-ошёна бунёд шуд. Ёдовар мешавем, ки санги асоси он моҳи августи соли 2015 гузошта шуда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Комил-2010» ба иҷро расонид. Дар ду ошёнаи таҳхонаи бино барои 42 нақлиёти сабукрав таваққуфгоҳ сохта шуда, дар ошёнаи якум маркази савдо, дар ошёнаи дуюм маркази саломатӣ ва дар ошёнаи сеюм маркази омӯзиши касбу ҳунар ҷойгир шудааст. Бинои мазкур аз ду даромадгоҳ ва 364 хонаи якҳуҷрагию дуҳуҷрагӣ иборат мебошад.

Иншооти дигари ҷашнӣ — бинои ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мебошад, ки санги асоси онро 6 сентябри соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд. Сохтмони иншоотро Корхонаи давлатии сохтмонию васлгарии №2 -и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Авлиёхӯҷа» ба анҷом расониданд. Масоҳати умумии иншоот 4500 метри квадратиро дар бар гирифта, аз 48 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷои нишаст, ошхона барои 50 нафар, толори варзиш, таваққуфгоҳ барои 18 автомашина иборат аст.

Бузургтарин иншооти ҷашнӣ варзишгоҳи шаҳр мебошад, ки барои 25 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шуда, санги асоси онро 28 августи соли 2014  Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки дар ҷараёни сафари кориашон ба шаҳри Ваҳдат 28 августи соли 2014 баён доштанд, сохтмони варзишгоҳ бояд то ҷашни 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба анҷом расад. Варзишгоҳ аз шаш қисмат: меҳмонхона, толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, бинои маъмурӣ иборат буда, сохтмони он ба зиммаи ҶДММ «Авлиёхуҷа» ва ҶСП «Алянс Сомон» вогузор аст. Дар атрофи варзишгоҳ бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ, рамзи Ваҳдати миллӣ, Кохи ақди никоҳ ва бинои Амфитеатр низ пешбинӣ шудааст.

Дар назди варзишгоҳи навбунёд Парчами давлатии Тоҷикистон бо баландии 50 метр қомат афрохт. Андозаи Парчам 7м х 17м буда, онро ҶДММ «Бекзод» эъмор намудааст.

Дар арафаи таҷлили ҷашн дар шаҳри Ваҳдат мактаби замонавӣ барои 640 нафар дар як баст ба истифода дода мешавад. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ аз иншооти ҷашнӣ буда, онро ҶДММ «Хушрӯз» бунёд намуд. Он иқтидори коркарди 2,5 то 3 тонна маҳсулоти кишоварзиро дар як рӯз дорад.

Умуман, омодагиҳо ба таҷлили 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷиддӣ буда, барои дар сатҳи баланд баргузор шудани чорабиниҳо шароит ва имконият фароҳам аст.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»