Ваҳдати халқҳо дар масири сиёсати «Дарҳои боз»

№45 (3839) 12.04.2018

8Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои боз»-ро бо мақсади ҳалли на кам аз шаш масъалаи мушаххаси иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ пеша намудааст:

якум, муаррифии ҷумҳурии соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили фаъоли муносибатҳои нави байналмилалии дорои захираҳои бойи табиӣ ва мавқеи қуллайи стратегӣ;

дуюм, ҷалби сармоягузории хориҷӣ барои рушди соҳибкории хурду миёна, таъмини мардум бо маҳсулоти ниёзи аввал;

сеюм, ҳар чӣ зиёд истеҳсол намудани қувваи барқ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо, аз ҷумла ба кор даровардани соҳаҳои нави истеҳсолот;

чорум, об ҳамчун бойигарии асосии табиии Тоҷикистон, воситаи дипломатия ва ба ҳам пайвастани манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, ба мардуми эҳтиёҷманди минтақа ва ҷаҳон дастрас намудани оби тозаи ошомиданӣ;

панҷум, пайдо намудани шарики стратегии боэътимод барои мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавӣ ва бехатарии марзу буми ҷумҳурӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ;

шашум, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ ва мушкилоти сайёра, аз ҷумла наҷоти Арал, манфиатҳои экологии он барои Осиёи Миёна ва иқлими Тоҷикистон, истифодаи сарфакоронаи захираҳои обии Амударё ва Сирдарё.

Қобили зикр ва боиси ифтихор мебошад, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид бори чаҳорум аст, ки қатъномаро оид ба нақши об ҷиҳати татбиқи манфиатҳои миллӣ, минтақавӣ, хусусан масъалаи ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва тоза нигоҳ доштани манбаъҳои об — пиряхҳо, кӯлҳо ва обанборҳо, ки ба ҳалли онҳо бояд аҳамияти махсус дода шавад, қабул менамояд. Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» намунаи барҷастаи иқдомоти Тоҷикистон мебошад. Дар он, аз ҷумла омадааст: «Афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйири иқлим, инчунин набудани имконият барои таъмини истифодаи мақсадноки об, дар оянда ба авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба об оварда мерасонад». Яъне, дар маҷмӯъ, ҳаёти имрӯза ва ояндаи сайёраро муносибатҳои мутақобилаи табиат, инсон ва ҷомеа муайян мекунанд.

Пеша намудани сиёсати «дарҳои боз» дар солҳои 90-уми асри гузаш­та барои Тоҷикистон имконияти барқарор кардани муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро, ки бо пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ ва лагери сотсиалистӣ ба миён омад, фароҳам овард. Маълум аст, ки дар вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва бесарусомонии иҷтимоӣ ягон ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо, бе мададу ҳамкорӣ бо давлатҳои рушдёфта ва ҳамсоягони дуру наздик, ба по бархоста наметавонист, зеро дар замони шӯравӣ фаъолияти  корхона, муассиса ва дигар иншооти ҷумҳуриҳо бо ҳамдигар зич вобаста ва пайванд буданд.

Вазъи Тоҷикистони ҷангзада беш аз ҳама мураккаб буд. Баста шудани корхонаҳои саноатӣ дар солҳои 1991-1992 (зиёда аз 420 корхонаи саноатӣ аз кор монд), суст гардидани қобилияти боркашонии роҳи оҳан, ба яғмо рафтани қариб панҷ ҳазор автомобили боркашу сабукрави корхонаҳои давлатӣ ва дигар омилҳои манфӣ сатҳи истеҳсолоти саноатиро якбора паст намуданд. Соли 1992 истеҳсолоти саноатӣ нисбат ба соли 1991-ум 23 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ 24,5 фоиз паст рафт. Хоҷагии қишлоқ 29 млрд. сӯм зарар дид.

Вайрон шудани низоми ягонаи энергетикии Осиёи Миёна ва аз байн рафтани фазои ягонаи гумрукӣ, ки садсолаҳо иртиботу муносибати байни халқҳо ва давлатҳои Осиёи Миёнаро ба ҳам пайваста, воситаи ягонаи алоқа ба мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия ба ҳисоб мерафт, вазъи Тоҷикистонро  сангин гардонид. Дар натиҷа, марзу бум ва роҳҳои иртиботӣ баста шуданд. Хушбахтона, роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дили кушод ва мақсади нек сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш бурда, ҳамсояҳои дуру наздик ва аҳли ҷамоатчигии ҷаҳонро ба ҳамоишу ҳамкорӣ баҳри сулҳу осоиштагӣ ва ҳамсоягии неку пурфайз даъват намуданд.

Сиёсати «дарҳои боз» барои халқи тоҷик падидаи таърихии беғаразона аст. Ҳанӯз дар садсолаи V1 пеш аз мелод подшоҳи Ҳахоманишиён Куруши Кабири ориёитабор нахустин хуҷҷати байналмилалӣ — «Устувонаи Куруш» (Эъломияи ҳуқуқи инсон)-ро қабул карда, ба ҷаҳониён собит намуд, ки инсоният ҳуқуқ ба зиндагӣ (даҳҳо ҳазор асири ҳарбиро озод намуд) ва озодӣ дорад. Тавре аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари машҳури «Тоҷикон» овардаанд: «Форсҳо ӯро Ҷадиди кабир, бобулиҳо расули Худои мардум, юнониҳо расули бузурги давлатӣ ва яҳудиён  наҷотбахши Худо — Яҳво номиданд. Шоҳи дигари Ҳахоманишиён Доро бо мақсади ривоҷу равнақи савдо ва ба ҳам пайвастани  қавму тоифаҳои империя (мисриён), форсҳо, юнониён, хоразмиҳо, бобулиён, оромиҳо, яҳудиён, финикиҳо ва ғайра пули ягона баровард ва ҳазорон чақрим роҳҳои савдоро дар саросари империя таъмир намуда, барои ҳифзи бехатарӣ ва маишии тоҷирон дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои дамгирӣ сохт. Аҷдоди тоҷикон — суғдиён дар асрҳои IV — V мелодӣ дар савдои байни Шарқу Ғарб миёнаравӣ намуда, маҳсулоти баландсифати ҳунармандии худро дастраси мардуми дунё гардониданд. Суғдиён дар ҷаҳон аввалин шуда, хӯлаи пӯлодро кашф ва ба сафири Чин дар Суғд тақдим намуданд. Санъати шишакориро низ онҳо кашф карда буданд. Боиси ифтихор аст, ки барои кушодани дарвозаи Мовароуннаҳру Хуросон ба аврупоиён «Ҷанги афюнӣ» лозим нашуд. Тоҷирони Бухорову Самарқанд ва Хуҷанди бостонӣ «Роҳи абрешим»-ро кашф намуда, халқҳои Шарқу Ғарбро ба ҳам пайвастанд. Оини зардуштӣ фарҳанги ҷаҳониёнро тасхир намуд. Ғосибоне, ки ба сарзамини биҳиштосои мо бо тиру камон омада буданд, бо дину мазҳаб, қаламу давот ва фарҳангу маърифати созандагиву инсонпарварона ба ватан баргаштанд».

Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна таърихану воқеан сатҳу равиши тараққиёти нобаробари иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ вуҷуд дошт ва он то ҳол боқӣ мондааст. Инро бештар омилҳои воқеӣ — ҷойгиршавии ҷуғрофӣ (наздик будан ба роҳҳои оҳан ва роҳҳои баҳрӣ), манбаъҳои бузурги канданиҳои фоиданок, табиату иқлими муътадил ва мавқеи стратегии ҷумҳуриҳо муайян мекунад. Омилҳои дигар бештар ба муносибати митрополия ба мустамлика (баъди ба Россия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна), натиҷаи ғалабаи Инқилоби Октябр, ташаккул ёфтан ва аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, натиҷаву дурнамои соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста буд. Омили таърихӣ ва хеле муҳим он буд, ки ду миллати бузург-тоҷикон ва ӯзбекон дар як сарзамин, дар як муҳити фарҳангию маданӣ ташаккул ёфта, бо мурури замон ба ҳамдигар шабоҳат пайдо карданд. Ҳақ ба ҷониби аллома Бобоҷон Ғафуров аст, ки тағйироти зоҳирии (антропологии) дар симои тоҷикону ӯзбекон асрҳо бамиёномадаро ба инобат гирифта, мансуб будани онҳоро ба нажоди ягонаи мустақим маъқул донистанд.

Аз тарафи дигар, мо дину мазҳаби пайвандкунанда дорем, ки онро ягон қувваи иртиҷоӣ зери шубҳа гузошта наметавонад. Заминаҳои фарҳангиву маънавиро аҷдодони бузург — Ҷомӣ ва Навоӣ ба ҳам пайвастаанд.

Чунонки дар соли бузургдошти мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: Бино ба гуфти Бобоҷон Ғафуров, ки дар шоҳасари ӯ – «Тоҷикон» омадааст, соли 1492, вақте ки мавлоно Ҷомӣ вафот кард, Навоӣ ва дӯстони ӯ як соли тамом азодорӣ намуданд ва Навоӣ ба хотири дӯсту устоди бузургвори худ бо номи «Хамсат-ул-мутаҳайирин» асаре навишт ва яке аз таълифоти Ҷомиро ба забони қадими ӯзбекӣ (чиғатоӣ) тарҷума кард ва бо маблағи шахсии худ мақбарае ба хотири дӯсти гиромии худ бунёд намуд».

Ҳар як давлати абарқудрат ва қувваҳои сиёсии ҳукмрон бо хосту дарназардошт, манфиатҳои сиёсӣ ва миллии худ ба давлатҳои хурду дар ҳоли рушд муносибат мекунад. Масалан, дар давраи шӯравӣ иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги халқҳои Осиёи Миёнаро бе дарназардошти хусусиятҳои хоси миллӣ — этникӣ, ба таври сунъии барои марказ қулай идора мекарданд. Ба мероси илмиву адабӣ ва фарҳангии халқи куҳанбунёди муқими Осиёи Миёна — тоҷикон аз паси панҷа нигоҳ карда, онро дастоварди мардуми Шарқ эълон намуда, зиёиёни ӯзбеку тоҷикро ба ҳам метезониданд. Пӯшида нест, ки ҳамон тақсимоти ноодилонаи миллӣ — ҳудудии соли 1924 дар ҳаққи тоҷикон на кори ӯзбекон буду на кори туркони усмонӣ, балки амали давлатҳои абарқудрат буд, ки қатъиян намехос­танд дар натиҷаи муттаҳид шудани тоҷикон дар Осиёи Миёна як давлати сарҷамъу сернуфуз ва соҳибис­тиқлол, муттамарказу пурқувват ба вуҷуд омада, бо онҳо дар сатҳи баробар муносибат ва манфиати миллии худро ҳимоя кунад. Манбаи ашёи хом, қувваи кории арзон, бозори васеи молфурӯшӣ, мавқеи қуллайи стратегӣ доштани Осиёи Марказӣ барои давлатҳои абарқуд­рат яке аз рукнҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии онҳо буд. Ин ҳолати номутаносибу пуртазод баъд аз таназзули давлати Сомониён ба миён омада, пас аз забти Осиёи Миёна вобаста ба сохти иҷтимоӣ — сиёсӣ шаклу муҳтавои нав гирифт, вале мазмунан ҳамон моҳияти тобеият ва парокандагии мустамликавии он боқӣ монд.

Тааҷҷубовар аст, ки давлатҳои Осиёи Миёна дар масири таърих ҳамчун умумияти ягонаи сиёсию маъмурӣ мустақилона барои ҳифзу дифои минтақа ва рушду нумӯи он кӯшиш ба харҷ надоданд. Дар ин маврид сухан дар бораи давлати ягона ё иттиҳоди давлатҳо, ба монанди конфедератсия ё федератсия намеравад, чунки ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, чӣ аз ҷиҳати сатҳи тараққиёти иқтисодӣ -сиёсӣ ва чӣ фарҳангию маданӣ ба ин гуна муттаҳидшавӣ ҳоло омода нашудаанд. Масалан, мамлакатҳои Аврупо ва ИМА-ро «ҷанги сард» муттаҳид кард. Осиёи ҷанубӣ- шарқиро дину мазҳаб, урфу одат ва фарҳанги антиқии ниёгонашон сарҷамъ намудааст, ки ягон қувваи сиёсӣ ва иғвоангез онро вайрон карда наметавонад. Онҳо таълимоти Конфутсийи бузургро сармашқи кор ва асоси маърифату ҷаҳонбинӣ интихоб намуда, ба дунё бо чашми хирад нигоҳ мекунанд. Сиёсат санъати идоракунии давлат, ҳамчунин воситаест, роҳест барои ба даст овардани ҳаёти осудаву осоиштаи ба қадру қимат ва унвони баланди одамият сазовор. «Сиёсат ба инсон бояд хушбахтӣ оварад», — гуфта буд Арастуи бузург.

Дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ чашмам ба мақолае афтод, ки ба назарам, орзуву омол ва хоҳиши мардуми меҳнатӣ, қисми зиёди зиёиёни рӯшанфикру инсонпарвари минтақаи Осиёи Марказиро инъикос мекард. Зимни ташрифи расмии собиқ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов ба Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Ислом Каримов пешниҳод намуд, ки дар Осиёи Марказӣ ҳоло бояд ду масъалаи хеле муҳим — барқарор намудани низоми ягонаи энергетикӣ ва фазои ягонаи гумрукӣ ҳал карда шавад. Дар ҷавоб Ислом Каримов ҳамчун иқтисодчӣ ҳалли имконнопазири ин масъалаҳоро дар тараққиёти нобаробари хоҷагиҳои халқи ҷумҳуриҳо маънидод намуда, таваққуф карданро зарур дониста буд. Ин далел воқеан дуруст аст, зеро маҳз омилҳои иқтисодӣ сатҳи рушди дигар ҷабҳаҳои ҳаётро муайян мекунад, вале вобаста ба вақту замон ва сатҳи маърифату фарҳанги ҷомеа, низом ва режими сиёсӣ. Тазаккур бояд дод, ки дар ягон минтақаи сайёра сатҳи рушди субъектҳои он баробар намешавад ва шуда ҳам наметавонад, зеро маҳз мақсаду маром ва кӯшиши расида гирифтан ба мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон рукни асосии рушди иқтисодӣ ва сиёсии муносибатҳои байналмилалии муосир мебошад. Барои мисол, дар Иттиҳоди Аврупо сатҳи тараққиёти Руминия, Венгрия ва ҳатто Полша, ба Германия, Англия, Франсия баробар шуда наметавонад. Сатҳи тараққиёти Албания, Булғория, Юнон ва собиқ ҷумҳуриҳои Югославия аз он ҳам пасттар аст. Аз ин рӯ, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо на бо дарназардошти омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, балки дар асоси омилҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, дар мадди аввал ба ҳам наздик будани маданият, фарҳанг ва тамаддуни антиқии ниёгон, хатари аз нав кӯчонидани сотсиализм ба Аврупо, ки онҳо аз ибтидо ин низомро қабул накарда буданд, барқарор намудани афзалияти интеллектуалӣ, ҳифзи маданияту фарҳанг ва дар маҷмӯъ, манфиати давлатҳои минтақа ва Амрико муттаҳид гардиданд.

Миллатҳои Осиёи Марказиро аз қадимулайём муносибати ҳамсоягиву ҳамҷаворӣ, урфу одат, арзишҳои миллию давлатӣ, динӣ ва фарҳангу тамаддуни ниёгон пайванд месохт. Зиёда аз ин, ҳифзи табиати биҳиштосои ин минтақаи худодод, ки дар фалсафаи муносибати мутақобилаи табиат, инсон ва ҷомеа ниҳон аст, бояд ба асолати ахлоқи нав, уҳдадориҳои давлату халқҳои Осиёи Марказӣ табдил гардад. Яъне, муносибати давлатҳои Осиёи Марказӣ ба тамомият бояд аз рӯйи инсоф, ақлу идроки солим ва бо дарназардошти дурнамои манфиатҳои минтақа ва олам нигаронида шавад.

Хонандаи закӣ пайхас намуд, ки нигоҳи муаллифи мақола бештар ба муносибатҳои ҳаматарафаи ҷумҳуриҳо ва халқҳои ба ҳам наздики Тоҷикистону Ӯзбекистон нигаронида шудааст, зеро ҳамсояро интихоб намекунанд, балки онро тақдиру сарнавишт муайян менамояд. Ҳоло баъд аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ин ду ҷумҳурии ҳамсоя марҳилаи нав оғоз шуд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ишора кардаанд, мо аз таърих набояд хокистар, балки шарора бардорем. Осиёи Марказӣ хонаи умумии мост ва онро бояд аз ҳар гуна хатари фаромиллӣ, экологӣ, экстремистӣ ва хурофоту таассуб эмин дошта, неъматҳои моддӣ ва маънавиашро ба манфиати умум истифода барем.

Неъматулло Авазматов,

устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон