Ваҳдати миллӣ — омили асосии муттаҳидӣ ва рушди давлат

№74-76 (3711-3713) 24.06.2017

Ҳар рӯз тавассути шабакаҳои телевизион наворҳои ҷангу бетартибӣ, вазъи таассуфбори гурезаҳоро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дида, шукр мегӯем, ки  имрӯз дар  мамлакати тинҷу осуда зиндагӣ дорем.

Солҳои  навадуми асри гузашта  душманони дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол оташи ҷанги шаҳрвандиро  барафрӯхтанд. Дар натиҷаи бесарусомонӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, 55 ҳазор кӯдак ятиму 25 ҳазор  зан бесаробон монд. Илова бар ин, ҳазорҳо хона вайрону валангор гашта, мактабҳо сӯхтанд, кӯпрукҳо тарконда шуданд. Дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёт беш аз 7 миллиард доллар зарар расид. Дар минтақаҳои ҷангзада фаъолияти сохторҳои давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фалаҷ гардид. Хавфи парокандашавии ҷумҳурӣ ба миён омад.

Дар чунин  вазъияти душвор дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Иштирокчиёни он Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Сарварии кишвари дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ дармондаро ба зимма гирифтан ҷасоратро талаб мекард. Нахустин суханронии Сардори давлат дар дили сокинони мамлакат шуълаи умед афрӯхт: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз  карда, ба мардуми азиятдидаи кишварам сулҳу оромӣ меорам. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Бо мақсади ҳар чӣ зудтар барқарор кардани низому тартибот 12 декабри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи  шарифи Тоҷикистон» вазифаҳои зеринро дар мадди аввал  гузоштанд:

«Ҳар чӣ зудтар дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори  пурмасъулияти онҳоро таъмин кунем. Дар маҳалҳо сохтори мақомоти  амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқро  барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ  шароит фароҳам оварем».

Баъди баргузории 21 музокироту гуфтушуниди расмӣ бо намояндагони мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 7 музокирот ширкат варзида, дар 15 ҳуҷҷат имзо гузоштанд. Дар бораи аҳамияти имзои ин санади муҳим Сардори давлат чунин гуфтаанд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар минтақа барқарор гардонида, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».

Расидан ба ваҳдати миллӣ вазифаҳои муҳими давлатиро ба миён гузошт, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол ҳалли онҳо дар мадди аввал меистод. Масъалаи аввал барқарор намудани ҳаёти осоишта ва ба ҳам овардани миллат буд. Сониян, баргардонидани гурезаҳо ба ҷойи зисти доимиашон бомуваффақият амалӣ шуд.

Барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт низ ба  шарофати ваҳдат  муяссар гашт. Аз ҷумла, фаъолияти мақомоти судӣ маҳз дар ин давра таҳким ёфт. Мувофиқи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳоро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  22 декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки  дар таъмини адолати судӣ иҷрои қарорҳои судӣ нақши муҳим дорад.

«Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан қарорҳои судӣ муҳлатҳои зиёд ба иҷро расонида намешаванд. Аз ин лиҳоз, Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералиро зарур аст, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадам механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намоянд», — омадааст дар Паём.

Дар маҷмӯъ, ваҳдат омили муттаҳидсози миллат буда, боиси пойдории ҳокимияти давлатӣ ва таъмини адолати судӣ дар мамлакат  гардид.

Зокирҷон АМИНЗОДА, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон