«Вахш» «Хатлон» ном гирифт

№20 (3814) 15.02.2018

Клуби футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа минбаъд «Хатлон» ном бурда мешавад.

Клуби футболи «Вахш», ки соли 1969 таъсис ёфта буд, солҳои тӯлонӣ дар Лигаи дуюми чемпионати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бозӣ кардааст. ­Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ клуб дар Лигаи олии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, чандин маротиб ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ соҳиб гардид. Ду-се соли охир даста ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шуд. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарпарастии дастаро бар уҳда гирифта, он ба Муассисаи давлатии «Клуби футболи Хатлон» табдил ёфт.

- Аз буҷаи шаҳр дар соли 2018 барои клуби футболи «Хатлон» як миллион сомонӣ ҷудо шудааст. — Мо умед дорем, ки тим дар сабқатҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳунарнамоӣ намуда, хотири мухлисонро болида мегардонад, — гуфт раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода.

 Сулаймон Султонов,

«Садои мардум»