Ванҷ. Фаҳмондадиҳӣ ҷараён дорад

№22 (4128) 18.02.2020

Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ, №40, ки 155 участкаи интихоботӣ дорад, 60 ҳазору 562 овоздиҳанда ба қайд гирифта, утоқҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои сайёр барои маъюбон омода аст. Дар ин бора раиси ҳавзаи мазкур Ёдгоршо Шеров маълумот дод.

Номбурда гуфт, ки дар участкаҳои интихоботӣ бори аввал ҳуҷраҳои модару кӯдак ва ёрии тиббӣ ташкил гардид.

- Ҳоло тарғиб, фаҳмондадиҳӣ идома дошта, масъулини ҳавза бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуда истодаанд. Тамоми участкаҳои ҳавза бо дастурамалҳои зарурӣ таъмин гардидаанд, — иброз дошт Ё. Шеров.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, «Садои мардум»