Дар партави Паёми Президент

Вазифаҳои мушаххас барои ояндаи кишвар

№54 (3039) 06.05.2013

Паёми навбатиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳлили пурраи  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳамчунин вазифаҳои мушаххаси ҳар як аҳли ҷомеаро барои рушди минбаъдаи кишвар муайян кард. Иҷрои содиқонаи ин вазифаҳо ба пешрафти мамлакат ва некуаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора шахсони касбу корашон гуногун чунин ибрози андеша карданд:

Анварҷон Нарзуллоев — муовини Прокурори ноҳияи Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи 2: -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар сароғози Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифаи муҳимтарини марҳалаи ҳозира таъкид кард: «Сиёсати давлат дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад». Бешубҳа, ба ҳаёт татбиқ намудани супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои оянда ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад. Барои амалӣ гаштани ин вазифаҳои муҳим дар кишварамон ҳама шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштан ва муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар қонунҳо принсипҳои башардӯстӣ ва фаъолияту зиндагии озодонаи инсон махсус дарҷ гардидааст. Дар ин замина Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд:  «Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд». Бо ибрози ин нукта Президенти кишвар, аз ҷумла дар назди кормандони мақомоти қонунгузор ва ҳифзи ҳуқуқ вазифа гузошт, ки барои волоияти қонун ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саъю кӯшиши ҷиддӣ намоянд.

Дар ин робита масъалаи мубрами рӯз, яъне мубориза бар зидди коррупсияро Сарвари давлат махсус таъкид кард, зеро « …коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад». Ин нуктаро ба асос гирифта, мақомоти  прокуратура кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми донишу ғайрати хешро равона созад.

Бурҳон Кенҷаев — корманди собиқадори соҳаи тандурустӣ: -Боиси хушҳолӣ ва сарфарозист, ки кишвари азизи мо сол то сол рушду нумуъ меёбад. Табиист, ки солимии аҳли ҷомеа ба фаъолияти самараноки ҳар як фард ва саҳмгузории вай дар пешрафти соҳаҳои гуногун таъсири муфид мегузорад. Бинобар ин, ғамхорӣ барои ҳифзи сиҳатии мардум барои ҳар як давлат омили муҳим маҳсуб меёбад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид намуд, ин соҳа таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад ва бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома хоҳад дод.

Ман беш аз 40 сол аст дар соҳаи тандурустӣ фаъолият карда, таҷрибаи зиёде андӯхтам ва мушоҳида мекунам, ки солҳои истиқлолияти кишвар дар  ин соҳаи ҳаётан муҳим дигаргуниҳои зиёд ба амал омад. Муассисаҳои замонавии тандурустӣ, дармонгоҳу беморхонаҳо бунёд ёфтаву бо таҷҳизоти навтарин таъмин гардиданд. Бо дастгирии Давлат ва Ҳукумат фаъолияти тибби хусусӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамаи ин ба ман низ имкон дод, ки бо вуҷуди ба нафақа баромадан, фаъолияти хешро баҳри ҳифзи сиҳатии мардум идома диҳам. Дар ин робита, ҳамроҳ бо чанд нафар мутахассисони варзида, дармонгоҳи хусусии табобатӣ таъсис дода, барои илоҷи дардҳои мардум кӯшиш ба харҷ медиҳем. Ин ҳама ба шарофати оромиву тинҷӣ ва ниятҳои неки созандагиву бунёдкории Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Нурулло Ҳасанов — сармуҳаррири рӯзномаи «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод: — Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон ба ман аз ҳама ҷиҳат  писанд омад. Чаро? Барои он ки дар он андешаронии амиқу дақиқ оид ба тамоми соҳаву мавзуъҳои зиндагии имрӯза  таҷассум ёфтааст. Пеш аз ҳама мехоҳам он нуктаро  зикр намоям, ки  оид ба туризм дар ин ҳуҷҷати  сарнавиштсоз чунин пешниҳоду дастури ҷолибе баён ёфтааст. « Омӯзиши таҷрибаи давлатҳои дигар нишон  медиҳад, ки рушди  туризм ҳамчун яке аз  сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррас мегузорад».

Дар ин раванд мехостам, ки Муъминободи биҳиштосои мо низ ба яке аз  марказҳои сайру саёҳат табдил гардад. Ин ноҳия табиати  фусункору ҳайратангез, Чилдухтарони афсонавӣ, мазори  орифон Саид Ҳасан Шоҳи Хомӯш, Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста, шоир Файзи Шохандозӣ, олим Соҳиб Табаров, 25 номгуйи ёдгориҳои таърихӣ, беш аз 550 адад  чашмаи сарду зулол, мавзеъҳои дилфиреби Ҷавзодара, Чашмаи гул, Заргарон, Лангар, Кӯл ва ғайраро дорост. Боварӣ дорам, ки бо  дастгирии Президенти муҳтарам Муъминобод чун маркази туризми ҷаҳонӣ  эътироф хоҳад гашт. Он гоҳ на танҳо ноҳия аз  дотатсияи давлатӣ хоҳад баромад, балки он метавонад буҷети  ҷумҳуриро ғанӣ созад ва ба болоравии сатҳи  зиндагии мардум мусоидат намояд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»