Мӯъмин Қаноат — вассофи корномаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ

№68 (3369) 15.05.2015

Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корномаҳои халқи шӯравӣ ва фиристодагони Тоҷикистон дар ин набард мавзӯи ҳамешагии достонсарои забардасти тоҷик устод Мӯъмин Қаноат мебошад.

Аз тарафи устод достонҳои машҳури «Сурӯши Сталинград», «Мавҷҳои Днепр», «Китобҳои захмин», «Ситораи Исмат», монологи «Гули Бодом», шеъри «Хоби қаҳрамон»  офарида шудаанд, ки бо ин навиштаҳои худ замони шӯравӣ тавонист қадру манзалати адабиёти тоҷикро баландтар бардорад. Махсусан достони «Сурӯши Сталинград»-и устод замони шӯравӣ бисёр машҳур гашт. Ин достони хамосӣ, ки рӯҳияи мустаҳками ватанпарастӣ дорад ва ба гуфти аъзо-корреспонденти  собиқ АФ ИҶШС, муҳаққиқи шинохта Ломидзе достони эпикӣ — психологӣ буда, дар тарбияи ватанпарастии ҷавонони шӯравӣ нақши муҳиме гузоштааст. Хушбахтона, бо номи ин шоҳкории эпикӣ — психологӣ ҳамасола озмуни достонсароёни «Сурӯши Сталинград» байни мактабиёни шаҳри Волгоград гузаронида мешавад.

Дар асоси ин достон аз тарафи роҳбари Академияи русӣ — итолиёвӣ бастакор Алла Ферони мусиқии «Сурӯши Сталинград» офарида шуд, ки тамошобинони хушзавқи русу итолиёвиро ба худ ҷалб намудааст.

Асарҳои устод Мӯъмин Қаноат ҳамчунин дар доираи хонандагони Беларус ва Украина низ ҳаводорони худро доранд. Дар ин достонҳо ва дигар навиштаҳои худ устод бо як маҳорати том қаҳрамонии фарзандони миллати тоҷик, аз қабили Саидқул Турдиев, Аҳмад Эргашев, Саидаҳмад Каримов, Исмат Шарифов, Тӯйчӣ Эрйигитов ва  дигаронро нишон додааст. Устод Мӯъмин Қаноат, пеш аз ҳама, ба мадракҳои таърихӣ, аз он ҷумла Бойгонии марказии Вазорати мудофиаи ИҶШС, бойгонии  комиссариатҳои ҳарбии  шаҳру ноҳияҳо, қаҳрамонони бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ шинос шудааст. Устод барои эҷоди  достонҳои худ зиёд заҳмат кашида, ба  ин шаҳри каҳрамон чанд  бор сафар карда, мавзеи ҷанг, аз ҷумла хонаи машҳури  Павловро дидааст. Аз байни муҳофизони Сталинград рафиқон пайдо карда, дар сохтмони маҷмааи ёдгории «Қӯрғони  Мамай»-и машҳур бо сохтмончиёни он ҳамкории бевосита намудааст. Дар шаҳри  қаҳрамони Сталинград  ӯро бо фармондеҳи мудофиаи Сталинград, ду карат  Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, маршал Чуйков ва дигар  қаҳрамонони набарди машҳури Сталинград- генералҳо Родимсев, Лелющенко ва Шумилов шинос намуданд. Шиносҳои волгоградияш ба Чуйкови машҳур  дар  бораи навиштани достони  қаҳрамонӣ оид ба ин набард  аз  тарафи  ин шоири тоҷик  иттилоъ доданд. Маршал Чуйков ба  чеҳраи хеле ҷавони  шоири тоҷик назар андӯхта, изҳор намудааст, ки «шубҳа мекунад, охир ӯ хеле ҷавон аст, дар бораи ҷанг чиро медонад?!».

Мӯъмин Қаноат порае аз достони худ  «Мавҷҳои  Днепр»-ро бо номи  «Мавҷҳои бародарӣ», ки ҳамон  вақт дар тарҷумаи Ярослав Смеляков дар Москва чоп шуда буд, бо русӣ қироат намуд. Маршалро аз таъсири шеъри шоири тоҷик ҳиссиёти ҳаяҷоноваре фаро гирифт ва изҳор дошт: «Ба ман, писарам, метавонӣ такя кунӣ!»

… Ҳамроҳ бо маршал Чуйков Мӯъмин Қаноат тамоми шаҳри соҳили  Волгаро тай кард ва бо чашмони худ ҷойҳои набарди  бузургтарину таърихии  ҷаҳонро дид.

Ин достон саҳифа ба саҳифа таърих аст ва бесабаб нест, ки он мавриди муҳокимаи Котиботи Раёсати Иттифоқи нависандагони ИҶШС бо ширкати фармондеҳони Қувваҳои Мусаллаҳи Олии ИҶШС сурат гирифт. Тибқи иттилои нависандагони советӣ дар чунин  пояи баланд хеле боз асари адабӣ мавриди муҳокима қарор нагирифта буд.

Ин ҷо беихтиёр навиштаи устод аз  ин достон ба ёди кас меояд:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд.

Як шеъри самимӣ ва дилчасп метавонад дилҳоро мусаххар кунад. Ҳамин тавр ҳам буд. «Як шеъру як достон (шеъри «Бародарам» ва достони «Мавҷҳои Днепр») маро дар тамоми Иттифоқи Советӣ машҳур кард», — менигорад устод Мӯъмин Қаноат.

Устод ҳақ аст. Соли 1967 ӯ ҳамроҳи Ҷаббор Расулов дар ҷашни 50 -солагии Украинаи советӣ иштирок намуда буд. Суханронӣ ва шеърхонии ӯ дар вохӯрӣ бо коргарони калонтарин корхонаи ҳарбии шӯравӣ дар шаҳри Киев — корхонаи «Арсенал» воқеан ҳам хотирмон буд. Мардуми зиёде ба эҳтироми шоири тоҷик аз ҷой бархоста, то дер кафкӯбӣ карда буданд. Баъдан дар маҷлиси тантанавӣ бо ширкати роҳбари аввали СССР  Л. И. Брежнев  дар ин шаҳр устод аз ашъори худ хонда, ҳамаро ба ваҷд оварда буд.

Достони «Китобҳои захмин» бошад, аз диди кӯдаконаи шоир дар деҳи худ замони ҷанг маншаъ мегирад. Он давра, аниқтараш соли 1942, ҳайати намояндагии Тоҷикистон ба фронт рафта, барои сарбозон туҳфаҳои халқи тоҷикро пешкаш намуда буд. Дар бозгашт китобҳои дар Ленинград барои мактабҳои Тоҷикистон чопгаштаро чун дастовези ин шаҳри дар муҳосира қарордошта оварда буданд. Як қисмати ин китобҳо то деҳаи шоир ва деҳаҳои кӯҳистони дурдасти тоҷик низ расида буданд. Табиист, ки бар асари бомбаборонҳои пай дар пайи  ҳавопаймоҳои душман қисмате аз ин китобҳо дарида ва сӯрох гашта буданд. Муаллимаашон, ҷавонзани зеборо, ки шавҳараш Карам дар фронти Ленинград буд, дидани «Китобҳои захмин» ба риққат меовард. Табиист, ки ин манзара ва оқибатҳои дар фронт гумном гаштани омӯзгорашон Карам, хати сиёҳи ӯ ва баъди чанде бо ғами ҷонсӯз фавтидани муаллимаашон дар рӯҳияи як мактаббачаи 10 — сола, шоири номвар устод Мӯъмин Қаноат сахт таъсиргузор буд ва оянда боиси эҷоди достони маъруфе бо номи «Китобҳои захмин» гардид.

Шоир ба ёд меорад, ки ҳангоми эҷоди достони «Сурӯши Сталинград», дар Волгоград, гоҳе баъди ба мушкилӣ дучор омадан сари эҷоди достон ба Қӯрғони Мамай, назди оромгоҳи шаҳидон рафта, дар оромии шаб яккаву танҳо бо андешаи худ мемондааст. Натиҷаи чунин заҳмат ва ангезаҳои бадеӣ боиси офариниши достони мазкур дар сатҳи олӣ гардид. Аъзо — корреспонденти собиқ АФ ИҶШС Ломидзе навиштааст: «Дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр асарҳое меофаранд, ки ҳам аз ҷиҳати жанр, ҳам аз ҷиҳати тобишҳои маънавию  эҳсосӣ басо гуногун мебошанд. Достони Мӯъмин Қаноат «Сурӯши Сталинград» аз лиҳози хусусиятҳои бадеияш фавқулода аст». Ё худ дар ҷойи дигар зимни таҳқиқи достон ин мунаққиди советӣ менигорад: «Метавон бо ҷуръат изҳор кард, ки чунин навъи достонро то Мӯъмин Қаноат ягон суханвари дигар эҷод накардааст!». Оре, ин суханон ҳақанду рост. Устод дар офаридани достонҳои эпикӣ-психологӣ асосгузори жанри нави достонсароӣ дар ИҶШС маҳсуб меёфт ва шукӯҳи назми достонҳои тоҷик замони шӯравӣ низ аз ҳамин ҷост. Хулоса, шоир давоми умри пурбаракати худ тавонист, ки достон ва ашъори баландмазмуне оид ба ин давраи фоҷиабори таърихи инсоният, ки саропо хуну ашк, каҳрамонӣ ва меҳанпарастӣ буд, офарад.

Воқеан достонҳои хамосии шоири мо бо маънии баланд, мантиқ ва фалсафа, сарчашмаҳои зиндаи таърихӣ ва бахусус кӯтоҳбаёнӣ ва амиқгӯйӣ дар офариниши ашъори ҷанг назир надоранд.

Ин достонҳо бояд барои тарбияи ватандӯстии ҷавонони мо ҳама  вақт дар сархати аввал бошанд.

Варқаи ЗАЙНИДДИН, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Қӯрғонтеппа