Мактаби санъати бачагона

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Қӯрғонтеппа бунёди бинои нави мактаби санъати бачагона идома дорад. Мактаби мазкур сеошёна буда, дар асоси талаботи ҳозиразамони меъморӣ бунёд мегардад ва аз 23 утоқи таълимию фаннӣ иборат аст. Дар бунёди кохи нави ҳунар бинокорони ҶДММ «Собирсамт» саҳм мегузоранд. Айни замон дар ин иншоот беш аз 30 нафар сохтмончиён машғули заҳматанд. Дар назар аст, ки таълимгоҳи санъату ҳунар дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 22- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирад. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини мактабро бо воситаҳои ҳозиразамони таълимӣ ба уҳда гирифтааст.