Шояд мутасаддиён бехабар бошанд?

№47 (3032) 16.04.2013

Якчанд рӯз дар хонаи бародарам, воқеъ дар деҳаи Кундошаҳри деҳоти «Чилдухтарон» меҳмон будаму аз наздик ба ҳаёти сокинони ин деҳаи хушманзара ошно гаштам. Аз симои мардуми он эҳсос кардам, ки ҳеҷ гоҳ фаро расидани шабро намехоҳанд, гарчанде рӯзона аз кори зиёд хаста шуда бошанд ҳам. Баробари фаро расидани шаб, чун ҳама ҷойро торикӣ фаро мегирад, худро дар зулмот мебинӣ. Зеристгоҳи барқие, ки дар ин деҳа мавҷуд аст, иқтидораш танҳо барои 10-15 хоҷагӣ пешбинӣ шудааст ва аз замони шӯравӣ мерос мондаву ба ақидаи сокинони ин маҳал чанд сол боз рӯйи таъмирро надидааст. Ин деҳа 30 хоҷагӣ дошта, бар замми он боз як осиёби барқӣ ба мардум хизмат мерасонад. Хатҳои барқ аз зеристгоҳи барқӣ ба хонаҳо аз байни дарахтон кашида шудаанд. Равшании барқ ба ҳаддест, ки шабҳо хонандагони мактаб дар тайёр намудани дарсҳояшон мушкилӣ мекашанд. Худи ман ҳар қадар талош кардам, бо айнак ягон саҳифаи рӯзномаро хонда натавонистам. Умуман, масъалаи таъминоти барқ дар ин деҳа хеле ҳам ташвишовар аст. Наход ин ҳолат идораи барқтаъминкунии ноҳияро ба ташвиш намеоварда бошад? Чуноне аз гуфтаҳои сокинони маҳал маълум гашт, аз «устокалон»-ҳои шабакаи барқ танҳо нозирон барои ҷамъоварии пули пардохти барқ гоҳ- гоҳе меоянду халос.

Ин хоси танҳо деҳаи Кундошаҳр не, балки хоси бисёр деҳаҳои ноҳияи зебоманзару биҳиштосои дар рӯз зебою дар бегоҳӣ торикистони Муъминобод мебошад. Шояд аз ин ҳолат мутасаддиёни ШСХК «Барқи Тоҷик» бехабар бошанд?

 

Рустам САФАРОВ,

ноҳияи Муъминобод