Ҷашни шоира таҷлил гардид

№47 (3032) 16.04.2013

ИСТАРАВШАН. ( Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар тарабхонаи «Шабчароғ» 70- солагии зодрӯзи шоираи ширинкалом Раънои Сафарзод таҷлил гардид. Маҳфилро раиси бахши истаравшании Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Н. Бобоxон кушода, чунин қадршиносии адибонро маҳз аз дастгирию пуштибонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан донист. Раиси шаҳри Истаравшан И. Абдуллоев хизматҳои шоистаи омӯзгорӣ ва дастовардҳои соҳибҷашнро дар эҷоди шеъру достонҳо махсус таъкид карда, изҳори хурсандӣ намуд, ки дар Истаравшани бостонӣ шумораи чунин эҷодкорон сол то сол меафзояд.

Соҳибҷашнро бо ин санаи муборак шоирон С. Султон, С. Осимӣ, М. Ҳошимзода, Э. Соҳибназар, Ш. Иброҳим ва дигарон табрик намуда, аз эҷодиёташ шеърҳо қироат карданд.