Истироҳати бофароғат оғоз шуд

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

КОНИБОДОМ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Осоишгоҳи «Парасту»,  ки дар назди шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом фаъолият мекунад, дар даври дуюм боз 100 нафар мактабиёнро аз оилаҳои ятиму бепарастор, камбизоат, ҳамчунин фарзандони кормандони пешқадами соҳа ба оғӯш гирифт. Барои пурмазмун гузаштани истироҳату фароғати мактабиён 18 нафар омӯзгорони бомаҳорат вобаста гардида, ҳамарӯза дар осоишгоҳ баргузории маҳфилҳои варзишӣ, мусиқӣ ва ғайра ба эътибор гирифта шудааст.