Нақшаи даъвати тирамоҳӣ иҷро гардид

№137 (3122) 29.10.2013

Дар мавсими тирамоҳии даъват ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилояти Суғд  ноҳияи Ҷаббор Расулов аввалин шуда, нақшаи даъватро ба иҷро расонид. Даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбии шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба адои хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд. Бино ба иттилои Комиссириати ҳарбии вилояти Суғд,  аз оғози даъват то имрӯз беш аз ҳазор нафар баҳри адои хизмат ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷануби кишвар фиристода шудаанд.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»