Неругоҳи Қайроққум таҷдиду таъмир мешавад

№83 (3229) 30.07.2014

IMG_4284

Бисту панҷуми июли соли 2014 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд созишномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид, ки тибқи он бо харҷи қариб 76 миллион доллари амрикоӣ Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» навсозӣ карда мешавад.

Ба созишнома аз ҷониби Тоҷикистон вазири молия Абдусалом Қурбонов ва раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Рустам Раҳматзода ва аз ҷониби Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд директори ин бонк доир ба энергетика ва захираҳои табиии Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия хонум Аида Ситдикова имзо гузоштанд.

Чунонки зикр гардид, бо имзои ин созишнома татбиқи бузургтарин лоиҳаи Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд дар Тоҷикистон оғоз меёбад. Зимни навсозӣ дар Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ду агрегати нав насб карда мешавад, ки ҳам иқтидор ва ҳам эътимоднокию бехатарияшон аз агрегатҳои пешин беҳтар аст. Иқтидори неругоҳ бо агрегатҳои нав аз 126 ба 142 мегаватт расонида мешавад. Тибқи ин лоиҳа, ҳамчунин таҷҳизоти зиёди дигари неругоҳ нав карда шуда, сарбанди бетонии он ҳам мустаҳкам мегардад, то ки неругоҳи бузургтарини воқеъ дар вилояти Суғд солҳои зиёд боз ба мардум хизмат кунад.

Татбиқи босамари ин лоиҳа, ки то соли 2018 бояд ба анҷом расад, қадами муҳими дигар дар роҳи расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон хоҳад буд.

Аз 76 миллион доллари амрикоӣ, ки барои татбиқи ин лоиҳа ҷудо мегардад, 50 миллионаш қарзи имтиёзии Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд, 10 миллион қарзи дарозмуддати Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, 11 миллион гранти ҳамин барнома ва 4,7 миллион кумакҳои техникии дигар шарикони рушди Тоҷикистон мебошад.

Хотиррасон бояд намуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи қариб 200 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Бонки Аврупоии Навсозӣ ва Рушд 14 лоиҳа мавриди татбиқ қарор дорад, ки қариб 100 миллиони ин маблағҳо грант мебошад.