Саҳифаҳои сабақомӯз

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

IMRH2233 1Чуноне Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.».

Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки имсол 16-умин солгарди он дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Бунёдкориҳои бузург, ки дар Тоҷикистон тӯли истиқлолият сурат мегиранд, намунаи барҷастаи дар ҳаёт ҷорӣ гардидани ғояи ваҳдати миллӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро арзиши баланди эътибор мешуморанд ва халқро ба ҳифзи он даъват намуда, чунин таъкид месозанд: «Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидаем ва сулҳу субот, ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».

Ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо маҷмуи дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии даврони истиқлолият мебошад, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро ба тараққиёти нави иқтисодӣ роҳ кушод.

Ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ноҳияи сарҳадӣ буда, дар он халқияту миллатҳои гуногун ба сар мебаранд. Бо мақсади боз ҳам қавитар кардани асосҳои ваҳдати ҷомеа ва суботи сиёсӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиии ноҳия барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ чораҳои амалиро татбиқ менамояд.

Аз ин ҷост, ки айёми даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чун дигар манотиқ, рушди босуботи ҷомеа дар асоси таъмини волоияти қонун  ва эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ оид ба фароҳам овардани шароити арзанда ба ташаккули инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои ҳаёти ҷомеа дар асоси татбиқи барномаҳои мушаххаси дорои моҳияти иҷтимоӣ рӯ ба инкишоф овард.

Ноҳия дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ ноил шуд. Аз ҷумла соли ҷорӣ аллакай нақшаи солонаи ҷамъоварии пилла иҷро гардида, кирмакпарварони ноҳия аз 3300 қуттӣ кирмак 163 тонна пилла ҷамъоварӣ намуда, ҳосили баланд ба даст оварданд.

Бахши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен яке аз ташкилотҳои бонуфуз буда, аз соли 1997 инҷониб фаъолият менамояд. Бояд таъкид кард, ки дар ташкил кардани ташкилоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хизмати собиқ директори комбинати орди Нов, директори генералии КАС «Гулистон» Акбар Ҳакимов, собиқ раиси комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия Манзура Назарова, собиқ директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 Абдумаҷид Олимов  басо калон аст. Ташкилоти мазкур дар сафи худ зиёда аз 5135 нафар сокинони гуногунмиллати ноҳияро муттаҳид кардааст, ки онҳо дар 47 ташкилотҳои ибтидоӣ  ҷамъ омадаанд. Фаъолияти ташкилот дар асоси нақшаи мушаххаси корӣ ба роҳ монда шуда, он самтҳои муҳими соҳаро дар бар мегирад.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории неъмати бебаҳо –Ваҳдат саҳми босазо дорад. Аз ноҳияи мо Абдусаттор Абдусамадов собиқ раиси комиҷроияи ноҳия, Ғолибҷон Фозилов собиқ раиси колхози ба номи Сатторов, Абдурашид Ҷабборов собиқ раиси колхози «50-солагии СССР» иштирокчиёни ин иҷлосияи таърихӣ буданд.

Дар ноҳияи Спитамен халқҳои тоҷику ӯзбек, русу қирғиз ва дигар халқияту миллатҳо дӯстона ба сар мебаранд. Вобаста ба шароиту имконияти маҳал гузаронидани вохӯрӣ, шабҳои дӯстӣ, тантанаҳои якҷояи идона, рӯзҳои ягонаи ахбор, ташкили маҳфилҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Ноҳияамон бо ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст. Аз ин рӯ, бо намояндагони ин ҷумҳуриҳо гузаронидани вохӯриҳо дар сатҳи гуногун ба як рукни фаъолияти мо табдил гаштааст. Ҳамкорию равобити вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистону вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, ки торафт густариш меёбад, мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Бо мақсади дар дили насли наврас пайдо намудани ҳисси дӯстию рафоқат дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии  рақамҳои 2, 22, 28, литсейи рақами 1 бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун маҳфили «Шаби дӯстӣ» гузаронида шуд, ки дар он хонандагон оид ба мавзуи сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шеърҳо  қироат намуда, рақсҳои халқу миллатҳои  гуногунро  манзур карданд. Инчунин дар ноҳия барои аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои миллӣ, аҳли дину мазҳаб шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Майдони «Ваҳдат» куллан таъмир ва дар он Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Ҳоло бунёди хиёбони Спитамен идома дорад ва то  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Фаъолони бахши Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистони ноҳия имсол ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ пешвоз гирифта, дар роҳи ободию осудагии халқу мамлакат, суботкорона хизмат менамоянд ва дар атрофи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, обрую эътибори Тоҷикистонро дар назди ҷаҳониён боз ҳам баланд мегардонанд.

М.МАҶИТОВ, раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд