Сарфаю сариштакорӣ заминаи некуаҳволист

№66 (3051) 03.06.2013

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаш сол гузашт. Қабули қонуни мазкур, ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, амри воқеӣ ва зарурии талаботи имрӯзаи ҷомеа буда, дар таърихи қонунгузории кишвар ва берун  аз он бемислу хотирмон ва моҳиятан  миллӣ  мебошад. Асос ва заминаи онро арзишҳои миллӣ ва диние ташкил медиҳад, ки садсолаҳо дар байни мардум ташаккул ёфтаанд. Доир ба ин масъала Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон минҷумла зикр намуда буд: «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу тадбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои  зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Давоми шаш соли пас аз қабули қонуни зикршуда дар ҳаёти  сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва зиндагии мардуми кишвари азизамон  — Тоҷикистон  дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.

Агар натиҷаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар ноҳияи Айнӣ таҳлил кунем, мебинем, ки то чӣ андоза дар ҳаёти рӯзмарраи мардум дигаргуниҳо ба амал омадаанд.

Имрӯз дар ноҳия ҳашт комиссияи доимоамалкунанда дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва  123 комиссияи ҷамъиятӣ дар деҳаҳои ҳудуди  ноҳия амал мекунанд. Фаъолияти ҳамаи онҳо ба тарғибу ташвиқи қонуни зикршуда, назорати иҷрои онҳо, ба низоми  муайян даровардани тӯю маъракаҳо ва маросимҳои дафну азодорӣ равона шудааст.

Дар ин самт фаъолияти комиссияҳои доимии деҳотҳои Айнӣ, Урметан, Дар-Дар, шаҳраки Зарафшон назаррас аст. Дар муқоиса ба солҳои пеш, дар ҳама деҳот тӯю маърака  ва маросимҳои азодорӣ ба низом даромадаанд. То қабули ин қонун дар аксарияти деҳот тӯю маъракаҳо то як ҳафта давом мекард.

Қонун бо мақсади ҳифзи манфиатҳои иқтисодии шаҳрвандон ҳама расму оинҳои зарароварро манъ мекунад. Ҳоло тӯю маъракаҳо ва маросимҳои азодорӣ  бо риояи қонун  ва тавсияномаи комиссияҳои доимӣ мегузаранд. Соли гузашта  аз шумораи умумии тӯйҳои хатнасур ва домодию арусӣ (924 адад) ҳамагӣ 129 тӯй бо зиёфат ва даъвати ҳунармандон  гузаштаасту халос. Боқимонда маъракаҳо бо додани як таом дар доираи талаботи қонун барпо шудаанд.

Албатта, дар ин самт норасойиҳо, аз қабили нодида гирифтан ва рӯйпӯшкунии қонуншиканиҳо, бесалоҳиятӣ ва бемасъулиятии  баъзе раисони комиссияҳои доимӣ, сармутахассисҳо, раисони кумитаҳои маҳал, сари вақт хабар надодан ё пешгирӣ накардани қонуншиканӣ ҷой дорад.

Дар Ҷамоати деҳоти Урметан бо ташаббус ва тавсияҳои комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, имомони масҷидҳои панҷвақта ва масҷиди ҷомеи  деҳоти Урметан мардум ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рағбати бештар зоҳир менамоянд. Масалан, баъди суханронӣ ва тавсияҳои сармутахассиси ҷамоат Шукуҳӣ Закотов, имомхатиби ноҳия Э.Эшмухаммедов, имомхатиби масҷиди ҷомеъ М. Назаров мардуми гузари Лангари деҳа иқдом зоҳир намуданд, ки минбаъд маъракаи чилро бе додани таом  гузаронида, дар маросими чили шахси фавтидаи то 40-сола маърака барпо карда нашавад. Маросими азодорӣ дар деҳаи Урметан қаблан то 40 рӯз давом мекард. Ҳоло ин маросим  аз 3 то 7 рӯз, яъне як ҳафта, давом мекунад. Ин ташаббус  дар дигар маҳаллу  гузарҳои  деҳоти Урметан ва дигар деҳаҳои ноҳия дастгирӣ ёфт. Суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон нишон медиҳад, ки мардум аллакай ба моҳияти асосии қонун сарфаҳм рафта, маъракаҳояшонро  камхарҷ мегузаронанд.

Тӯю  маърака, маросимҳои дафну азодорӣ, фотиҳа барои фавтида ва гузаштагон омилҳои муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ ва динӣ буда, садҳо  сол аз насл ба насл гузашта меояд.

Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ якҷо бо сармутахассисони ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳот 11 семинари дастурдиҳӣ  оид ба ҳуҷҷатгузорӣ, 75 вохӯрию мулоқот бо сармутахассисон, раисони комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, имомҳои масҷидҳо ва дигар шахсони алоҳида гузаронида шуда, 90 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии  шаҳрвандон мавриди баррасӣ ва чораҷӯйӣ қарор дода шуд. Дар ин давра пешниҳоди суди ноҳия оид ба қонунвайронкунӣ дар деҳаи Испағни деҳоти Рарз муҳокима ва чораҷӯйӣ карда, пеши роҳи шаш қонуншиканӣ  гирифта шуд.

Дар танзим ва ба низом даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо имомҳои масҷидҳои  панҷвақта, ки худ аъзои комиссияҳои ҷамъиятии деҳаҳояшон мебошанд, саҳми худро мегузоранд. Ҳоло дар ноҳия 35 масҷиди панҷвақта ва як масҷиди ҷомеъ амал мекунад, ки  шумораи намозгузорон дар онҳо вобаста ба фаслҳои сол тақрибан 850 нафар ва дар рӯзҳои ҷумъа 2200 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин самт Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айни якҷоя бо сармутахассисони бахши дин, раисони ҷамоатҳо бештар аз уламоҳои дин, ҳуқуқшиносон, шахсиятҳои маъруфи ноҳия ва берун аз он истифода  мебарад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши оид ба корҳои дин ташкили чунин чорабиниҳоро дар дигар деҳоти ноҳия минбаъд низ идома медиҳад. Фақат бо ҳамин васила мо метавонем пеши роҳи ҳар гуна рӯйдод ва ҳодисаҳои номатлубро гирем.

Бахши оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолияти худро бо ҳамин рӯҳия идома медиҳад ва ба амалишавии сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат бо сарварии Ҷаноби Олӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода саҳми шоиста мегузорад.

Муртазо САФАРОВ,

мудири бахш оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ