Тақдими аробачаҳои маъюбӣ

№52 (3037) 29.04.2013

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ( Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Ба 27 нафар ашхоси имконияташон маҳдуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аробачаҳои маъюбӣ тақдим гардид. Зикр бояд кард, ки барои таъмини ашхоси имконияташон маҳдуд бо аробачаҳо ҷамъ 17 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст, ки 12 ҳазор сомонии он аз ҳисоби буҷети ноҳия ва 5 ҳазор сомонии дигараш  аз ҳисоби сарпарастон маблағгузорӣ шудааст.

Аробачаҳои маъюбӣ истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой буда, аз дорухонаҳои шаҳри Хуҷанд харидорӣ шудаанд. Алҳол дар ноҳия шумораи шахсони имконияташон маҳдуд беш аз 1000 нафарро ташкил медиҳад.