ВМКБ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ иҷро шуд

№137 (3617) 05.11.2016

PHOT0361.JPGНақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар 20 рӯз иҷро шуд. Аввалин шуда, ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аз иҷрои нақша мужда доданд. Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Мурғоб ва Рӯшон низ дар даҳрӯзаи аввал аз иҷрои нақша хабар доданд.

Масъулини комиссариати ҳарбии вилоят изҳор доштанд, ки дар даъвати тирамоҳии имсола теъдоди ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ афзуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар 30 рӯзи сипаришудаи даъвати тирамоҳӣ шумораи наваскарон дар ҷумҳурӣ 91 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ин нишондиҳанда ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 фоиз, вилоятҳои Суғд — 94, Хатлон -96, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  — 81 ва дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 81 фоиз рост меояд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»