Қасрҳо ва иншооти нави фарҳанг бунёд мешаванд

№101 (3086) 08.08.2013

ВМКБ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Тибқи  иттилоои сардори шуъбаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳиддин Пайшанбиев имрӯзҳо сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон идома дорад. Қасри фарҳанги деҳоти «Қурбоншоҳ Гадолиев» — и ноҳияи Роштқалъа то ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор мегирад. Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони   шаш иншооти фарҳангии дигар ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра озмуни театрҳои халқӣ таҳти унвонҳои «Ҷомеа алайҳи нашъамандӣ», Фестивали байналмилалии «Боми ҷаҳон», «Даргилик», барномаи «Шоми ҷавонӣ» гузаронида шуданд.

М. Пайшанбиев ҳамчунин зикр кард, ки сарфи назар  аз кӯшишу кӯмакҳои ҳамасолаи раиси вилояту раисони шаҳру ноҳияҳо имрӯз 30 фоизи муассисаҳои фарҳангӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.