Асрор Булбулов: Кӯр асои худро як бор гум мекунад

№101 (3086) 08.08.2013

- Ман ҳамчун раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаш сол мешавад, ки узви ҳамин ҳизб ҳастам. Ҳабдаҳ сол ҳамин ҳизбро бидуни узвият дастгирӣ кардам ва аз соли 2012 инҷониб раиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар ВМКБ ҳастам. Имрӯз ман мехоҳам бигӯям, ки ҳамин ҳизб ба мардум манфиате надорад ва ман рӯйирост мегӯям: имрӯз дар Бадахшон тибқи рӯйхате, ки дар ин ҷо ҳаст, гӯё мо 2700 нафар аъзои ҲНИТ бошем, дар дигар ҷо навиштагӣ, ки дар рӯйхати бадахшониҳо 3000 аъзо ҳаст. Ман мехоҳам ба Раёсати олии ҲНИТ, ба кулли мардуми Тоҷикистон ҳамин суханҳоро расонам. Аз номи худам ман рӯйрост гуфта метавонам, ки чанд сол пеш ҳамин масъаларо мо муҳокима карда будем, гуфтем, ки ба ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ ҳамин суханҳоро расонем, лекин ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ фурсате наёфтанд, ки як бор моро хабар гиранд, чунки мо ин таклифро чандин бор карда будем, вале агар ӯ ба Бадахшон меомад, мо гирди миз менишастему ин масъаларо рӯйрост ба Муҳиддин Кабирӣ мефаҳмондем, чунки сухани бардурӯғ ба мо фоида надорад, барои Муҳиддин Кабирӣ ҳам фоидае надорад, агар дурӯғ бошад, пас аз он чӣ фоида?

Имрӯз ман мехоҳам ба кулли тоҷикистониён расонам, ки ҲНИТ дар Бадахшон се ҳазор аъзо надорад, боз такрор мекунам, ки ин суханҳои ман нестанд, ин суханҳои дигар бародарон ҳастанд, ки инро ҳақиқатан дар Бадахшон медонанд. Боз таъкид мекунам, ки мо наҳзатиҳои бадахшониро ҳаматарафа халқ, хусусан халқи шаҳри Хоруғ хуш намепазирад, аз ман талаб доранд, ки ман ин фаъолиятро қатъ намоям, воқеан, ҲНИТ дар Бадахшон даркор нест. Дар он рӯйхат навишта буданд, ки ман 252 нафар аъзо дорам, дар шаҳри Хоруғ ман ин миқдор аъзо надорам. Ва ман гуфта метавонам, ки ҳатто муовини худро дидагӣ нестам. Ман дар ҳизб ҳамагӣ панҷ нафар аъзо дорам, ман фақат панҷ одамро мешиносам. Дигар аз номи раисони бахши ноҳиявии Шуғнону Рӯшон гуфта метавонам, ки онҳо ба ин суханони ман розӣ ҳастанд. Ин на фақат суханони ман буданд, мо якҷоя ҳал кардем, ки ҳаминро бояд мо ба Раёсати олии ҲНИТ ва кулли мардум расонем. Мо дурӯғгӯиро намехоҳем, ростиро мехоҳем. Ва дигар чизе ки мехоҳам дар ин ҷо зикр намоям, он раисони пешинае, ки пеш аз мо фаъолият доштанд, масалан, дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва дигар минтақаҳои Бадахшон, онҳо аз ин рӯйхат фоида бурданд, пулу мол гирифтанд ва мардумро фиреб карда, ба ҳизб кашиданд. Ҳастанд одамоне, ки имрӯз намедонанд, ки онҳо дар рӯйхати мо вуҷуд доранд. Ҳастанд заноне, ки дар ин рӯйхат вуҷуд доранд, лекин хабардор нестанд. Раёсат танҳо дар он даврае ба Бадахшон меомад, ки ягон чорабинии сиёсӣ буд. Моро ҳеҷ кас дастгирӣ накард. Чунин иброз медорам, ки ман занонро аз ин рӯйхати бардурӯғ тоза менамоям ва он шахсоне, ки намедонанд, ки дар ҳизб аъзо ҳастанд, ариза надоранд, ҳуҷҷати расмӣ надоранд, мо онҳоро хориҷ менамоем. Он давраҳое буданд, масалан, солҳои 1991-1992, ки ин одамонро бо маводи озуқа, ба мисли орду шакар ва дигар мавод, ба ҳар фиребу фанд ба ҳизб дохил намуданд, то ҳоло онҳо дар рӯйхат ҳастанд ва намедонанд, ки онҳоро чӣ хел фиреб дода, ба ҳизб овардаанд. Масалан, одамоне ҳастанд, ки суратҳояшонро ёфта, дар варақаи шахсӣ часпонда буданд. Мо чандин бор ҳамон хел варақаҳоро дида, онҳоро хат зада будем. Чизи дигареро гуфтан мехоҳам, ки худ қазоват кунед, аз давраи соли 1996, ки дар Бадахшон ин ҳизб фаъолият дорад, талаби халқи Бадахшон буд, ки мо ин фаъолиятро дар Бадахшон қатъ кунем, чунки ман дар куҷое нашинам, бародарони ман, шумо медонед, ки ҳар рӯз бо ман ҷанҷол доштанд, ки Асрор, ҳамин корро бас кун, ин ҳизб ҳизби мо нест, ин ҳизб бар зарари мо аст. Агар ҳизб бар зарари шумо бошад, ман фаъолиятро қатъ мекунам ва ин ҳизбро дар Бадахшон дурӯғ мешуморам. Ман бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки алҳол дар ҳудуди ВМКБ на бештар аз 38 нафар аъзои боқимондаи ҲНИТ вуҷуд дорад. Боқимонда 1927 нафар, ки ба наздикӣ ахбор дода будем, 2700 нафар дурӯғ, 3000 нафар дурӯғ аст, ман инро тасдиқ карда метавонам, ин ҳама дурӯғ аст. Дар охир мехоҳам ба муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ муроҷиат намоям. Бародар Муҳиддин Кабирӣ, аз ин дурӯғу изофанависӣ не барои мо фоидаву не барои Бадахшону не барои кулли Тоҷикистон. Кӯр асои худро як бор гум мекунад, на ҳама вақт. Инҳо одамоне буданд, ки бо ин дурӯғу фиребгарӣ ба мисли солҳои 1991-1992 мардумро гумроҳ мекунанд. Дар ёд дорем, ки ин ҳама дурӯғу мухолифатҳо мардумро ба ҷангу хунрезӣ кашид, ман чунин ҳолатро дигар намехоҳам, бас аст.

Ҳамватанони азиз, мо ба ҳамин хотир расман эълон менамоем, ки бояд фаъолияти ҲНИТ- ро дар Бадахшон қатъ намоем! Ин ҳизб дар саросари ҷумҳурӣ даркор нест.

АМИТ «Ховар»