Мусоидат ба дастрасии иттилооти экологӣ

№143 (3289) 29.11.2014

«Мавқеъ ва мусоидати толибилмон ва ҷавонон дар дастрасии аҳолӣ ба иттилооти экологӣ»- чунин буд мавзӯи асосии мизи мудаввар,  ки дар маҷлисгоҳи Ассотсиатсияи «Милал Интер» баргузор гардид. Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Маркази Орхусии Хоруғ дар ҳамдастӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон буданд. Дар доираи омодагӣ ба мизи мудаввар байни гурӯҳҳои «Нозирони сабз» оид ба саҳмгузории онҳо дар таъмини тозагии мактабҳо ва мусоидат ба дастрасии аҳолӣ ба иттилооти экологӣ озмун гузаронида шуд. Ҳайати комиссия натиҷаҳои озмунро мавриди санҷиш қарор дода, ғолибонро муайян намуданд.

Мизи мудавварро роҳбари Маркази Орхусии шаҳри Хоруғ Боймамад  Алибахшов ҳусни оғоз бахшид. Вай зикр кард, ки се сол боз Маркази Орхусии шаҳри Хоруғ фаъолият дорад. Мақсади асосии ташкил намудани чунин марказ дар он буд, ки имрӯз дар тамоми дунё мушкилот оид ба  ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим вуҷуд доранд. Солҳои охир обшавии пиряхҳо, хушкшавии обанборҳо ва биёбоншавии заминҳои корам ба назар мерасад. Вазифаи асосии марказ  дастрасии аҳолӣ ба иттилооти экологӣ мебошад.

Роҳбари Барномаи ҳифзи муҳити зисти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон Пол Хикӣ зикр намуд, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо бисёр муфид аст.

- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо табиати зебо, кӯҳҳои сарбафалаккашида, оби тоза ва канданиҳои фоиданок машҳури дунё мебошад, — иброз дошт ӯ.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»