Вохӯрӣ бо ҳайати Хадамоти марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирони ИА

№25-26 (4287-4288) 25.02.2021

18 феврали соли равон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи Хадамоти марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирони Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, директори Раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Полша Анджей Якубшек, мудири бахш оид ба бозпасгардонӣ Лоте Лавиня ван дер Маде ва масъули аршади тамос оид ба бозпасгардонӣ Эдита Скибинска дар шаҳри Душанбе мулоқот намуд.

Зимни он масъалаҳои суръат бахшидан ба раванди бозпас гардонидани шаҳрвандони тоҷик ба Ватан, ки дар давлатҳои Аврупо ғайриқонунӣ сукунат ихтиёр карда, ба ҷомеаи аврупоӣ хатар эҷод мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. С. Ятимов таваҷҷуҳи ҳайатро ба фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ собиқ ҲН ҷалб намуда, таъкид сохт, ки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиорҳои дурӯғин, баҳонаҳои бофтаю беасос, инчунин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар кишварҳои аврупоӣ соҳиби мақоми паноҳандагӣ шуданианд.

Инчунин, ба шарикон дар бораи ҷиноятҳои содиркарда ва амали харобсози баъзе аз фаъолони ТТЭ собиқ ҲН, ки ба содир намудани хиёнат ба Ватани аҷдодӣ дар паи гирифтани иҷозати иқомат дар кишварҳои ғарбӣ ҳастанд, маълумоти муфассал ва далелҳои ҳуҷҷатӣ пешниҳод гардид. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ, марказ ва воситаҳои роҳандозии фаъолияти ҷинояткоронаи чунин ашхос бо далелҳои муътамад ба масъулини Полша ва Иттиҳоди Аврупо расонида шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории муштаракро дар самти ошкор, дастгир ва ба Тоҷикистон истирдод намудани унсурҳои ҷиноятӣ, инчунин, пешгирии воридшавии ғайриқонунӣ ба Аврупо тавсеа мебахшанд. Доир ба масъала «Харитаи роҳ» таҳия ва шахсони масъул муайян карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар Иттиҳоди Аврупо барои бозпас гардонидани муҳоҷирон бо таъини намояндаи махсус дар самти Осиёи Марказӣ зерсохтори алоҳида таъсис ёфт.

Ҳайати меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ пазируфта шуда, масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд.

«Садои мардум»