Як даст садо надорад

№14 (4120) 30.01.2020

Чаро баъзе роҳбарони вазорату идораҳо ҳикмати ин зарбулмасалро дарк намекунанд?

Дар саросари кишвар бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориҳо идома доранд.

Аз ҷумла, дар ноҳияи дурдасти Лахш ин раванд хеле хуб ҷараён гирифтааст. Сокинони он барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат содиқона заҳмат мекашанд.  Ба муносибати истиқболи арзандаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 136 иншооти нақшавӣ 40 — тои он дар соли 2018 ва 50 адад дар соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Хуршед Икромов иттилоъ дод, ки бо мақсади иҷрои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» «Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 — 2020» қабул гардид. Ин ҳуҷҷат татбиқи  136 лоиҳаи афзалиятнокро дар бар мегирад, ки аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва кишоварзӣ пешниҳод шудааст.

Маблағи умумии лоиҳаҳо 82,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он ба соҳаи иқтисодиёт 17,5 миллион сомонӣ, иҷтимоиёт 32,7 миллион сомонӣ, ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода 1,0 миллион сомонӣ, бунёди инфрасохтор 30,2 миллион сомонӣ рост меояд. Мутаассифона, иҷрои барнома ба маблағи 7 миллиону 866,3 ҳазор сомонӣ ё 9,6 фоиз таъмин гаштаасту халос… Ҳол он ки тибқи дурнамо дар соли 2019 бояд 112 лоиҳаи иҷтимоию иқтисодӣ амалӣ мегардид.

Лозим ба ёдоварист, ки барномаи зикршуда дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст. Боиси нигаронист, ки амалисозии лоиҳаҳои пешбинишудаи барномаи мазкур аз тарафи вазоратҳои кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол дастгирӣ наёфтааст.

Чунончи, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маблағгузории сохтмони бинои нотамоми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №9 дар деҳаи Ҷиргатол, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия, ташкил намудани лабораторияҳои фаннӣ дар панҷ мактаб, бинои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 7, 13 ва 56, коллеҷи омӯзгорӣ мувофиқи мақсад нест. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъмири бинои таълимии литсеи касбӣ – техникӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятиро кашол медиҳанд. Вазорати фарҳанг сохтмони қасри фарҳангро дар маркази шаҳраки Ваҳдат, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири роҳи автомобилгарди деҳаи Сугат ба масофаи 10 километр, роҳи автомобилгарди деҳаи Қашот, Қарасой, Оқсой ба масофаи 11 километр, барқарор сохтани корхонаи истеҳсоли асфалт бо иқтидори 350 тонна дар як шабонарӯз дар деҳаи Домбрачиро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридаанд.

Агар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазорату кумитаҳои зикршуда дастгирӣ менамуданд, корҳои ободонӣ рӯз то рӯз рушд ёфта, дигаргуниҳои зиёд рӯи кор меомаданд. 

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»