Замини бекорхобида обёрӣ мешавад

№67 (4173) 06.06.2020

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ обёрии замин бомаром ҷараён дорад.

Бо супориши раиси вилоят Ёдгор Файзов барои обёрӣ намудани замини бекорхобидаи деҳаи Сижд техникаи зарурӣ ҷудо гардид.

Рӯзҳои наздик, пас аз васлкунии қубурҳои обгузар ба деҳа об омада, 60 гектар замини бекорхобида мавриди истифода қарор мегирад.

М. ИМОМНАЗАР, «Садои мардум»