Арзи дил

Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокистар кунад

№38 (3675) 11.04.2017

Ҳар кас бо умеду орзуи зиёд ба дунё меояд. Оила барпо карда, фарзанд ба воя мерасонад. Орзуи падару модар низ ин аст, ки фарзандони худро солиму бардам ва хушбахт ба камол расонад. Мутаассифона, зиндагӣ қонунҳои нонавишта  ва мушкилиҳои худро дорад. Баъзан, ғайриинтизори кас, ҳодисаҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки зиндагии инсонро дигар мекунанд. Зиндагӣ мушкилтарин имтиҳонест, ки ба он тоб овардан ниҳоят мушкил ва гоҳҳо тоқатфарсост. Аммо чӣ кунем, ки ҳаёт чунин сохта шудааст. Дуруст, ки ҳаёт мубориза аст ва барои баромадан аз сахтиҳо талош бояд кард, чунки ноил гаштан ба муваффақиятҳо ё рӯҳафтодаю ноумед гардидани мо ба тақдири минбаъдаи аъзои оила вобастагии калон дорад.

Камина аз ҷумлаи он шахсоне ҳастам, ки солиёни зиёд аз бемории ду писарчаам ранҷ мекашам. Беҳуда нагуфтаанд, ки мард мард асту аз хона берун  саргарми кору ташвишҳои рӯзгор овора мегардад. Аз ин рӯ, баъзан ба хотири фарзандони маъюбам ба ғам хӯрдан вақт ҳам намеёбам. Аммо сад таҳсин ба модари фарзандонам, ки дар миёни чор девори хона, бо ду гулписари маъюбаш, ки бо ҳазорон умеду ҳавас ба дунё оварда буд, мондааст.

Мо панҷ фарзандро ба камол расонидем, ки шукри Худо се нафараш солиму бардаманд. Як духтарам ҳаёти мустақилона  дошта, фарзандони солим дорад. Зиёдулло  ва Идибек ҳам аз модар маъюб ба дунё наомадаанд. Онҳо, ки имрӯз яке 17 ва дигаре 19 — солаанд, ҳафт сол пеш ба бемории фалаҷи миён гирифтор шуданд. То беморӣ чун кӯдакони дигар давутоз  мекарданд. Ба мактаб рафта меомаданд. Дар ин муддат дари беморхонаҳоро кӯфтем, вале беҳбудие  нашуд. Ҳоло ҳамчун маъюби гурӯҳи ду 130 сомонӣ нафақа мегиранд. Ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, қуввату ғайратамро ба он равона кардам, ки онҳо дилшикастаю рӯҳафтода нагашта, аз илму дониш бебаҳра намонанд. Барои таҳсили фарзандон дар хона шароити заруриро муҳайё  сохтам.

Банда, ки ронандаи трактор шуда, дар яке аз қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ кор мекунам, маоши ночиз мегирам. Бар замми ин, на ҳама вақт кор ҳаст. Моҳҳои зиёде бекор мемонам ва музде дастрас карда наметавонам. Вазъияти молиам рӯз то рӯз бад гардида истодааст. Ҳоло сухан танҳо дар бораи нигоҳубини фарзандони маъюбам меравад. Дар бораи шифоёбиашон бошад, мутахассисони соҳа дилпурам сохтанд, ки 70-80 фоиз имконияти сиҳат шуданашон вуҷуд дорад. Мутаассифона, маблағи табобат дар ҳаҷми шаш ҳазор доллари ИМА –ро надорам. Хулоса, дар ҳоли ноҳинҷоре қарор дорам. Намедонам, барои ёрӣ ба куҷо муроҷиат намоям. Суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни муроҷиат ба табақаи ниёзманд «Ман шуморо танҳо, хору зор шудан намемонам», — гуфта буданд, ба ёд оварда, худро таскин медиҳам. Дар дил умеде пайдо мегардад, ки шояд дар дунё одамони нек, ки муҳтоҷону афтодаҳоро дар роҳ намепартоянд, вуҷуд дошта бошанд. Вале аз чӣ бошад, ки дар маҳалҳо роҳбарон тибқи гуфтаҳои Сарвари давлат амал намекунанд ва дарди дили мо, бечораҳоро гӯш кардан намехоҳанд.

Охир, мо ҳам узви ҳамин ҷомеа, давлату сарзамин ҳастем. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои ёрӣ, ба куҷо муроҷиат кунем ва пеши кӣ равем, то андаке ҳам бошад, мушкиламон сабуктар гардад.

Дар урфият мегӯянд: «қарздиҳанда мард нест, балки қарзгиранда мард аст». Ин ба он маънист, ки ёрӣ талабидан аз касе ниҳоят кори мушкил аст. Аммо чӣ кунам, ки дар ҳамин ҳолат қарор гирифтаам. Дар сурати доштани шароиту имконият ҳаргиз ба ҷое муроҷиат намекардам. Бинобар ин, ба ман маслиҳату ёрии одамони нек чун обу ҳаво зарур аст. Шояд бо маслиҳат ва дахолати инсонҳои нек беҳбудиҳое низ дар ҳаёти аҳли оилаи мо ба вуқӯъ пайванданд ва ҳаётамон бо кумаки онҳо дигар шавад.

 Малла МАЛЛАЕВ,

сокини деҳаи Оби Шифои деҳоти

«Чоргултеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ